Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:39

12.755 парвандаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтааст

15 июл 2011, 06:25

Тайи шаш моҳи соли равон 51 парвандаи ҷинояти нисбати 91 нафар ба Суди Олии Тоҷикистон ба ҳайси додгоҳи марҳилаи аввал ворид гардидааст.


Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи Олӣ мегӯяд,  аз ин шумора 40 парванда нисбати 69 нафар баррасӣ гардида,  4 парвандаи дигар  нисбати 12 нафар барои моҳиятан дида баромадан ба суд ҳои поёнӣ ирсол гардид, 4 парвандаи дигар нисбати 6 нафар бинобар дар пайгард қарор доштани муҷримин  дар истеҳсолот боздошта шуда ва 3 парванда нисбати 4 нафар мавриди баррасӣ  қарор доранд. Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда 38 парванда нисбати 65 нафар бо барорвардани ҳукми айбдоркунӣ  баррасӣ  гардид, ки аз ин 65 нафари маҳкумшудагон ба 57 нафарашон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ  ба 7 нафар ҷазои ҷарима ва ба як парванда нисбати як нафар чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ карда шудааст.
-Дар марҳилаҳои гуногуни судӣ 12 755 парвандаҳои гражданӣ , ҷиноятӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва дархосту пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, гуфт  Нусратулло Абдуллоев.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!