Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:19

ТАЛКО истифодаи ангиштро ду баробар зиёд кардааст

10 июн 2013, 11:14

Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 101,2 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбати соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.

Ба иттилои ин ниҳод айни замон дар ҷумҳурӣ 162 адад корхонаи саноатӣ бо истифода аз ангишт фаъолият намуда истодаанд ва аз ҷумла калонтарин корхонаи саноатии кишвар, баъди қатъи интиқоли гази убакӣ истифодаи ангиштсангро зиёд кардааст: “То имрӯз аз тарафи КВД “Ширкати Алюминии Тоҷик” аз кони ангишти “Фон-Яғноб” ба миқдори 40 ҳаз. тонна ва бо назардошти соли 2012 60 ҳаз. тн. ангишт кашонида шудааст.”

Вазорати энергетика мегӯяд, дар панҷ моҳ 75 ҳазору 587 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шудааст ва аз он ҷумла аҳолӣ 14 ҳазору 400 тонна, муассисаҳои буҷавӣ 757 тонна харидорӣ намудаанд.

Мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо то имрӯз 1904 адад нуқтаҳои фурӯши ангишт бо захираи 35 ҳазору 298 тонна мавриди истифода қарор доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!