Бахшҳо
10 июн 2013 11:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Малика ва Сабина Араловаҳоро дар 190 кишвари дунё меҷӯянд

Малика ва Сабина Араловаҳоро дар 190 кишвари дунё меҷӯянд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани Малика ва Сабина Араловаҳо, ки ҳанӯз моҳи март дар Душанбе гум шудаанд, ба пулиси байналмилалӣ ё Интерпол муроҷиат кардааст.

Давлат Назаров, муовини сардори Хадамоти ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати умури дохилӣ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, феълан онҳо маълумот дар бораи Малика ва Сабинаро ба намояндагиҳои пулиси байналмилалӣ ба 190 кишвари дунё фиристодаанд. Ӯ изҳори ташвиш кард, ки бо вуҷуди талошҳои пайваста то имрӯз дар мавриди Малика ва Сабина ҳеч иттилои мусбат дастрас накардаанд.

Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 25-уми март аз назди манзили зисти худ, дар наздикиҳои маркази савдои “Садбарг”-и Душанбе ғайб заданд. Ба ин қазия моҳи апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳам дахл карда, онро аз ҷумлаи ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ кардааст. Ӯ аз сохторҳои қудратии кишвар даъват карда буд, барои пайдо намудани Малика ва Сабина, ду ноболиғи гумшуда дар Душанбе, чораҳои заруриро биандешанд.

Улуғбек Аралов, падари Малика, мегӯяд, бо вуҷуди нокомии мақомот барои пайдо кардани духтараш ҳанӯз умедро аз даст надодааст. Вай гуфт, барои ҷустуҷӯи духтараш тамоми талошашро хоҳад кард.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, шурӯъ аз соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 95 ноболиғ нопадид шудаанд, ки мақомот 81 нафари онҳоро пайдо намудаанд.

Мӯҳр
Интерпол
ин ду кудаки маъсумро аз 189 кишвари дунё не.. аз хамин дохили кишвар бояд чустучу кард ..ки дар 20 соли истиклолият да Душанбе ин кадар дангу гарангу хуношому мугулу .. фиси бинияко ман мани када мегарданду ахли фархангу дониш хоранд ки дар хеч кишвари дунё ин чиза мушохида намекунем... аз таги сангу курсангу кулуху тапак катагану карлуку пачаку мачако ба шахри тоза дурусткардаамон ин кадар рехтандки..сару хисобамон гум шуд.. то иноя хазм мекунем ки бо хамон чандин даха лозим...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)