Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:04

Номаи Зуҳуров: 600 000 тоҷик ҷабри корхонаҳои Узбакистонро мекашанд

10 июн 2013, 14:25

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар посух ба иддаои мақомоти Узбакистон дар мавриди зиёни Талко (корхонаи алюминиюми тоҷик) гуфтааст, сокинони навоҳии шимоли Тоҷикистон ҳам ним қарн боз ҷабри корхонаҳои саноатии Узбакистонро мекашанд.

Ба қавли ӯ, “корхонаҳои бузурги металлургӣ, заводҳои сементбарорӣ, шабакаҳои барқу гармидиҳии дар ноҳияҳои Бекобод ва Олмалиқи Узбакистон ҷойгиршуда дар давоми ним аср боз ҳавои атмосфера ва захираҳои оби ноҳияҳои шимоли Тоҷикистонро олуда месозанд.”

Оқои Зуҳуров ин ҳамаро дар номае, ки рӯзи даҳуми июн ба унвонии ҳамтои узбакаш Дилором Тошмуҳаммадова ирсол кардааст, баён доштааст. Ҳафтаи гузашта мақомоти Узбакистон дар ҳамоише дар Латвия зиёни корхонаи алюминиюми тоҷик ба навоҳии наздимарзии Узбакистонро дар панҷ соли охир беш аз 400 миллион доллар баршумурданд. Ҳамчунин, ҳукумати Узбакистон бо ирсоли як нома ба Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, гуфт, Талко ҷони садҳо ҳазор сокини навоҳи наздимарзии Узбакистон ба хатар рӯбарӯ кардааст.

Аммо Шукурон Зуҳуров ин ҳамаро ҷуз як даъвои хушку холӣ чизе беш надонистааст. Чун ба гуфтаи ӯ, “арзёбии илман асоснокшудаи таъсири экологии корхонаҳои саноатӣ ба муҳити зист, саломатӣ, генофонди аҳолии таҳҷоӣ, низоми экологии минтақа, мушоҳидаҳои бисёрсола бо истифодаи таҷҳизоти махсус ва ҷалби мутахассисони баландихтисосро талаб мекунад.”

Ҳамчунин ба қавли раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, “дар пайдоиши ин ё он касалӣ ва бад шудани вазъи саломатӣ дар ин ё он мавзеъ инчунин омилҳои дигар ба мисли камбизоатии оила ва бадтар шудани таркиби ғизо, истифодаи зиёди маҳсулоти воридотие, ки дар таркибашон маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта зиёданд, мушкилоти дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ғайра таъсир мерасонанд.”

Ҷаноби Зуҳуров дар идомаи номааш гуфта, ки агар Тошканду Душанбе ба айбдоркунии тарафайн гузаранд, онҳо низ метавонанд “далелҳои илман асоснок ва исботшудаи вайрон шудани вазъи экологиро дар ҳудудҳои наздисарҳадии шимоли Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои Узбекистон” пешниҳод намоянд. Дар ҳоле ки ба таъкиди ӯ, коршиносон зарари расонидаи онҳоро то ба садҳо миллион доллар ҳисоб кардаанд.

“Вале муҳимтар аз ҳама зарари расонида ба саломатии аҳолӣ аст, ки дар ин ҳудуд зери таъсири ин омилҳо зиёда аз 600 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Зафаробод зиндагӣ мекунанд”,-гуфтааст Шукурҷон Зуҳуров. Аммо ба қавли раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, бо баёни даъвои ҷонибҳо масъалаҳои экологӣ ҳалли худро намеёбанд. Ва ин аст, ки ӯ пешниҳод намудааст, то барои ҳалли мушкилот “роҳҳои муштараки онро тариқи гуфтушуниди конструктивӣ паси мизи гуфтушунид ба роҳ монем”.

“Мо метавонем ингуна гуфтугӯро дар доираи намояндагони парламентҳои кишварҳоямон ба роҳ монем. Бо мақсади арзёбии ҳақиқии вазъи экологии ҳудудҳои баҳсноки ҳарду ҷониб пешниҳод менамоем, ки гурӯҳи байнипарлумонии ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои экологӣ бо ҷалби коршиносони мустақили байналхалқӣ таъсис диҳем. Ин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки дар ниҳояти кор кишварҳои мо нуқтаи назари ягона ва оқилонаву одилонаро баҳри таъмини ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самарабахши табиат рӯи кор оранд”,-афзудааст ӯ.

Дар охир ба номаи Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, “Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2013” ва “Маълумотнома «Оид ба вазъи экологӣ ва чораҳои амалишаванда баҳри муҳофизати муҳити атроф дар минтақаи КВД «Талко» замима шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!