Бахшҳо

Аз раисиҷумҳури нави Эрон чиро интизор бошем?

Рашид Ғанӣ Абдулло

1.
Мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар остонаи интихоботи навбатии мақоми раёсати кишвари хеш қарор дорад. Шакке нест, ки интихоботи мақоми раёсати ҷумҳур барои Эрону эрониён аз аҳамияти ҷиддӣ бархурдор мебошад. Воқеъияти низоми сиёсии Эрони имрӯза чунин аст, ки маҳз раиси ҷумҳур ба ҳайси сарвари султаи иҷроия, ки аз салоҳиятҳои зиёди дастурӣ ва имконоти муносиби феълӣ бархурдор мебошад, кори ҳаррӯзаро вобаста ба таъмини рушди ҳаматарфаи кишвар раҳбарӣ мекунад. Биноан, дар рафти райъдиҳӣ эрониён шахсеро бар мақоми раёсати ҷумҳурӣ интихоб мекунанд, ки тайи чаҳор соли минбаъда дар таъйин намудани мазмуну муҳтаво ва табиати сиёсати дохиливу хориҷии кишвар нақши бориз мебозаду, мутаносибан, басо аз паҳлуҳои будубоши эшонро бевосита таъсиргузор мешавад.

Ҳамчунин, дар чаҳорчуби низоми сиёсии Эрон раиси ҷумҳури кишвар танҳо бар шохаи иҷроияи султа нуфуз дораду бас. Шохаҳои дигари султа - қонунгузориву қазо, ба куллӣ аз мақомоти иҷроия ҷудо мебошанду муносибати онҳо усулан пуррақобатанд. Ҳамин рақобат аст, ки дар Эрон султаи иҷроия ва сарвари он – раиси ҷумҳур, музтаранд, ки ҳамеша дар ҳолати омодабош бошанду ҷиддан бо кори таъмини рушди кишвар ва ҳаллу фасл намуданаи мушкилоти зиёдеро, ки ҳамеша ин равандро мувоқибанд, машғул шаванд. Аз тарафи дигар, азбаски рақобат байни шохаҳои султа дар Эрон амри ҳам воқеъӣ ва ҳам ногузир аст, шаҳрвандони кишвар, дар навбати худ, масъулияти хеле сангинро бар дӯш доранд. Онҳо бояд раиси ҷумҳуруреро интихоб кунад, ки на танҳо аз тавони истодагарӣ дар тасмимгироҳои хеш ва татбиқи амалии онҳо, балки аз дарёфти тафоҳум бо парлумону қазо низ бархурдор бошад, чун таъмини субботу истиқрои кишвар ба дараҷаи зиёд аз бархурдор будани ӯ аз ҳамин гуна қобилият вобаста аст.

2.
Дар тақрибан чоряк асри ахир иҷрои вазифаи душвори сарварии раёсати Ҷумҳур дар Эрон бар дӯши Алиакбари Ҳошими Рафсанҷонӣ, (1989-1997), Сайидмуҳаммади Хотамӣ (1997-2005) ва Маҳмуди Аҳмадинажод (2005- то дар моҳи августи соли ҷорӣ ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ кардани раисиҷумҳури тозаинтихоб) уфтода буд. Ҳар кадоми онҳо ба мақоми раёсати ҷумҳур барои ду муҳлати пайдарҳам интихоб шуда буд (Қонунии асосии Ҷумхурии Исломии Эрон намегузорад, ки як шахс беш аз ду муҳлати пайдарҳам ифои вазифаи раиси ҷумҳурро кунад) ва сарварии ҳар кадоми онҳо марҳаллаи мустақиле гашта буд дар рушди кишвар.

Ҳар ду муҳлати ба ҳайси раиси ҷумҳур ифои вазифа кардани Алиакбари Ҳошими Рафсанҷонӣ ба давраи барои Эрон хеле мураккаб рост омада буд. Ҷанги 8-сола бо Ироқи Саддом Ҳусайн, ки дар Эрон онро Дифоъи муқаддас мегӯянд, ба тозагӣ анҷом ёфта буду кишвар дар пешорӯи зарурати гузариш аз аёми разму набард ба давраи бозсозии баъдиҷангӣ қарор дошт. Ҳалли муваффақонаи маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таъмин намудани чунин гузариш бидуни хотима бахшидан ба ҳолати фавқулодаи даврони ҷанг ва шурӯъи тарҳрезиву гузарондани ислоҳоту дигаргунсозиҳои шомил ва душвору муракаб имкон надошт.

Дар солҳои пешин ҳаёти кишвар ва амали иқтисоди миллиро талаботу заруратҳои замони ҷанг муайян мекарданд. Аз ҷумла, шароити ҷанг тамаркузи ҳар чӣ бештари захираву имконоти гуногун ва идоракунии иқтисоди миллиро дар дасти давлат зарурати ногузир гардонд. Табиист, ки чунин расидагӣ ба рушди фаъолияти соҳибкории худи мардум ва боло бурдани сатҳу шароити маъишии ӯ таъсири на чандон хуб дошт. То он даме, ки ҷанг ҷараён дошт, мардум ба душвориҳову маҳдудиятҳо дар таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, иқисодӣ, сиёсӣ ва ғ.ҳ. худ тоқат мекард. Вале баъд аз хотима ёфтани ҷанг вақти зиёд нагузашта буд, ки барои султадорон возеҳ гашт - расидагиҳову маҳдудсозиҳои пешин, ки дар аёми ҷанг зарур буданд, дигар ба кор намеоянду аз онҳо бояд даст кашид.

Раиси ҷумҳур Алиакбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ва ҳаммаслаконаш, ба сурати умум, аз ҳалли мушкилоте, ки худи зиндагӣ матраҳ карда буд, хуб баромаданд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки раиси ҷумҳур соҳибкори шинохтаи кишвар буд ва биноан, хуб медонист, ки барои муҳайё намудани шароити барои гузариш аз усули пешини корбарӣ ба усулҳои наву муваффақтар чӣ сиёсатҳои шомил ва кадомин чораҳои мушаххас бояд андешид ва мавриди татбиқ қарор дод, то рушди иқтисодӣ миллӣ такони тоза гирад. Ҳамин буд, ки дар дар як муддати нисбатан кӯтоҳ фаъолияти иқтисодӣ дар кишвар ба маҷрои маъмулӣ ва умдатан, мабнӣ ба усулҳои бозаргонӣ баргародонда шуд, ки ин амр дар фароҳам сохтани шароити мусоиди сиёсӣ, ҳукуқӣ, идорадорӣ ва равонӣ барои аз қайду бандҳои нолозим раҳо намудани ташаббуси соҳибкории мардум ва бадин васила низ, таъмин намудани пешравии минбаъдаи иқтисоди миллии кишвар нақши калидӣ бозид.

Дар тӯли ҳашт соли сарварии хеш Эронро ба ҳайси раиси ҷумҳури он Алиакбар Ҳошими Рафсанҷонӣ ҳамроҳ бо ёрони сиёсату иқтисодфаҳми худ тавонист асосҳои лозимаро барои иқтисоди замонавии бисёрсоҳа ва қобили таъмин намудани эҳтиёҷоту дархостҳои асосии кишвару мардумро гузорад. Гуфтан бамаврид аст, ки маҳз бозсозӣ ва пешрафти баъдиҷангии иқтисоди миллӣ дар аҳди раёсати ӯ асоси матине гашт барои рушди сареъ ва шомили соҳаи маориф ва илму фарҳанги миллии Эрон. Ба шарофати сиёсати хуб тадбиршуда ва дар амал пайваста татбиқ намудани он дар кишвар раванди таъсису созмондиҳии шабакаи густурдаи марказу муасиссаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотие, ки ба меъёрҳои олитарини байналмилалӣ ҷавобгӯянду расидани Эронро ба сатҳи давлатҳои дар ин ҷода пешрафта ва ноил шудананашро ба истиқлоли илмиву фанноварӣ имконпазир мегардонад, шурӯъ ёфт.

Бо ин ҳама, дар охирҳои аҳди сарварии Алиакбар Ҳошими Рафсанҷонӣ мақоми раёсати ҷумҳуриро беш аз пеш равшантар мегашт, ки дар кишвар шаклгирии воқеъияти нав дар ҷараён аст. Дар марҳалаи пешин, ки бо вожгун шудани низоми шоҳаншоҳӣ ва бунёди ҷумҳурии исломӣ ибтидо ёфта буд, масъалаҳои вобаста ба эъмори бинои давлату давлатдории нави исломии Эрон, ҳимояти он дар набардҳои хунини ҷанги таҳмилӣ, касб намудани давлату давлатдории навини Эрон қобилияти амал карданро бидуни такя ба рақизаҳои сиёсӣ-низомии беруна, тавре амр дар аҳди шоҳи ахирӣ буд, аз байн бурдани таъсиру нуфузи бегонагон, ки худи эмин мондани ҷавҳари ҳуввияти мардуми Эронро, ки дар тули чаҳордаҳ қарни ахир ташккул ёфта буд, таҳдид мекард, ҳалли худро меёфтанд. Ҳамакнун бошад, масъалаҳои вобаста ба пайдо кардани ҷавобҳои муносиб ба таҳаддиёти наву тоза беш аз пеш аз аҳамияти хоса бархурдор мешуданд.

3.
Дар нимаи дуввуми солҳои 90-уми қарни гузашта насли нави шаҳрвандони Эрон ба арсаи ҳаёт қадам гузоштанд. Рушду ба воярасӣ ва ташаккулёбии шахсияти ин шаҳрвандон ба даврони пас аз пирузии инқилоби исломӣ, хотима ёфтани ҷанг бо Ироқ ва болоравии иктисоди баъдиҷангӣ рост омада буд. Ҷавонони Эрони нимаи дуввуми солҳои 90-ум, ба табиати ҳол, аз волидайн ва бародару хоҳарони бузургсолтари худ, яъне аз онҳое, ки инқилоб кардану давлати исломӣ сохтанд ва онро дар рафти Дифоъи муқаддас ҳимоят карданд, то андозае дигар буданд, чун таҷрибаи бевосита ва бардоштҳои онҳо аз зиндагӣ ва воқеъияти муҳити сиёсиву иҷтимоӣ аз ҳамин гуна таҷрибаи пешомодагонашон фарқ мекард.

Барои насли нави эрониён расидан ба сатҳи зиндагие, ки ба сатҳи рушди феълии кишвар муносиб бошад, эътироф кардани насли калонсолон диди онҳоро роҷеъ ба он, ки самти рушди минбаъдаи кишвар ва худи инқилоби исломӣ чӣ навъу гуна бошад, ҳамчунин эҳсоси худи онҳо роҷеъ ба зарурати гузарондани ислоҳоте, ки аз ҷумла, воқеъияти сисёсии мавҷудаи кшварро бояд ба сатҳи рушди иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ғ.ҳ. Эрон мутобиқ созанд, басо муҳим гаштанд.

Ҳамзамон дар ҳамин давра тоифа ё худ синфи миёнаҳолон ба марҳалаи сифатан нави рушди худ расид. Онҳо беш аз пеш мақоми табақаи пешбар, бархурдор аз таълими хуби замонавӣ ва бартар аз дигарон ва аз лиҳози сиёсӣ хеле фаъоли ҷомеъаи Эрон соҳиб мешуданд. Дархостҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ба дараҷаи зиёд шабеҳи дархостҳои насли ҷавонон буданд.

Онҳоеро, ки дар ҷомеъа аз дархостҳо, дидгоҳову мавқеъгириҳои ин ду гурӯҳ ё тоифаи калони шаҳрвандон намояндагӣ мекарданд, ислоҳотгароён ё ислоҳотталабон мегуфтагӣ шуданд. Ба иттифоқи орои ислоҳотгароён ва тарафдорони онҳо манфиатҳои эшонро дар сатҳи олии сиёсӣ беҳтару пурратар аз дигарон Сайидмуҳаммади Хотамӣ метавонист ифода кунад. Биноан, ислоҳотгароён ва ҳамроҳ бо онҳо қисмати бештари ҷомеъаи Эрон дар интихоботи мақоми раёсати ҷумҳур дар солҳои 1997-2001 барои ҳамин марди сиёсат овоз доданд.

Раиси ҷумҳур Сайидмуҳаммади Хотами мутмаин буд, ки манфиатҳои олии инқилоби исломӣ зарурати бартараф кардани узлати Эрон ва воридшавии густурдаи онро ба ҷомеъи байналмилалӣ дар асоси гуфтугӯву тавофуқоти баробарҳуқуқӣ тарафайн такқозо мекунанд. ӯ ҷомеъаи байналмилилиро, ба вижа қисмати ғарбии онро, барои гузариш аз аъмоли мабнӣ ба ақидаҳои бархӯрди тамаддунҳо, ба қадамгузориҳо ва амалкардҳо, ки такя ба ақидаи комилан муқобил – гуфтугӯи фарҳангҳо, даъват кард.

Даъвати раиси ҷумҳури Эронро қисми аъзами ҷомеъаи байналмилалӣ хуб пазируфт. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид соли 2001-ро «Соли гуфтугӯи фарҳангҳо» эълон карда шуд. Мутассифона, бахши ғарбии ҷомеъаи байналмилалӣ даъвати раиси ҷумҳур Сайидмуҳаммади Хотамиро нашунинид, ё, дурусттараш, шунидан нахост. Гузашта аз он, тавре аз рафти минбаъдаи умур равшан гашт, даъвати сарвари давлати Эронро ба дигаргун сохтани табиати муносибатҳоро дар олам, ба ваҷҳи умум, ва муносибатҳои Эрону Ғарбро, ба ваҷҳи хусус, дар кишварҳои бохтар ҳамагӣ заъфи эрониён ва кӯшиши эшон бадин васила сабуктар гардондани таҳримҳои бар Эрон фарзшуда донистанду фишори худро алайҳи кишвар дучанду сечанд гардонданд. Маҳз аз ҳамин давра ба баъд ғарбитаборон аз баррасиҳои ҳаставии Эрон қазия ва баҳонаи иловагӣ барои фарз намудани таҳримҳои боз ҳам бештар сохтанд. Қарори Эронро роҷеъ ба ихтиёран боздоштани корҳо дар баъзе самтҳои барномаи ҳаставии худ бохтариён самарии бевоситаи таҳримҳои хеш донистанд ва фишорҳои худро то ба дараҷаи таҳдиди истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Эрон афзоиш доданд.

4.
Шиддатгароии кишварҳои Ғарб нисбат ба Эрон ду паёмадро ба бор овард. Нахуст, фишори ғарбиён заиф гаштани мавқеъи онҳоеро дар кишвар, ки умеди ба роҳ мондани муносибатҳои баробарҳуқуқро бо Ғарб доштанд, боис шуд. Пасон, дар пасманзари лашкаркашии ғарбитаборон алайҳи Афғонистону Ироқ ва боло рафтани шиддатгароии давлатҳои бохтарзамин нисбат ба Эрон, зарурати пайдо кардани ҷавоби муносибу мутаносибро ба ҳамаи ин фишоровариҳо масъалаи мубраму доғи рӯз гардонд. Усулан, зарурати объективии ба сари қудрати дар кишвар омадани сиёсатмадороне, ки тавони бо бадхоҳони Эрон бо лаҳни шадиди гуфтугӯ карданро доранд, пайдо шуд. Ин зарурат, балки эҳтиёҷи воқеъӣ дар рафти интихоботи соли 2005 ба сари қудрат дар кишвар омадани раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинаҷод ва тими ӯро боис шуд.

Сиёсати ба фишорҳои пуршиддат бо шиддат ҳаммонанд ҷавоб додани раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинаҷод ба Эрон имконият дод, ки дар рӯёрӯӣ бо ҷомеъаи Ғарб истодагарӣ кунад. Қисми таркибии ин рӯёрӯиро таваҷҷӯҳ ба пеш бурдани саноати худӣ ва қавии дифоъӣ, бо кӯшишу талошҳои худи сохтани низомҳои гуногуни силоҳҳои пешрафта ташкил кард. Ҳамзамон, амалӣ гардондаи чунини як сиёсат ва тарҳу лоиҳаҳои вобаста ба он рушди илмҳои дақиқу табиатшиносиро дар кишвар ва тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва техникии дорои кафолати сатҳи ҷаҳониро дархост мекард. Ба шарофати зери роҳбарии Маҳмуди Аҳмадинаҷод амалӣ гардондани тарҳҳои сершумор дар ин росто Эрон дар самти баррасиҳои ҳаставӣ, кайҳоншиносӣ, нанотехнологияҳо, сохтани манзумаҳои гуногуни мушакӣ, ва ғайраву ҳоказо ба пешравиҳои хеле ҷиддӣ ва назаррас ноил гашт. Ҳамаи ин пешравиҳову дастовардҳо заминаи қазоӣ гаштанд барои таҳвил ёфтани Эрон ба як нерӯи тавонои минтақавие, ки тавони таъсиргузориро ба рафти умур дар паҳнои атроф дорад, ба давлате, ки нерӯҳои гуногун, аз ҷумла абарқудратҳо, музтаранд, ки райъ ва манфиатҳои онро ба назари эътибор гиранд.

Маҳмуди Аҳмадинаҷод ва ҳаммаслаконаш тавонистанд аз ӯҳдаи боз як кори ҷиддӣ баромаданд – гузарондани силсилаи ислоҳотро дар ҳамаи бахшҳои иқтисоди кишвар дар асосҳои бозаргонӣ, ки шароити боз ҳам хубтарро барои рушди соҳибкорӣ ва сабуктар гардондани фишори хароҷоти бирзиёдро ба будҷаи давлат таъмин намуданд.

5.
Аём мегузараду бо гузашти он ҷаҳон низ дигаргун мешавад. Ба ин дигаргуниҳо сари вақт мутобиқ шудан лозим аст. Имрӯз Эрон бори дигар дар қиболи зарурати бартараф намудани узлатеро, ки бегонагон бар вай таҳмил мекунанд ва ворид шудан ба ҷаҳоне, ки хилофан ба чанд соли пешин дигар яккақутб намебошад, меистад. Ҳамзамон, иқтидори сиёсӣ-низомии дар аҳди раёсати Маҳмуд Аҳмадинаҷод ба маротиб афзудаи Эрон, ки такя дорад ба тавони касбкардаи Эрон дар бахшҳои иқтисод ва илму фановарӣ хелеҳоро дар олам, хоса ҳамсоягони дар каронаи бохтари халиҷи Форс бударо, ки ба давлатҳои зиёди мусалмон таъсир доранду аз таъйиди ҳаматарафаи ғарбитаборон низ бархурдоранд, ба ташвиш овардааст.

Ҳамин ташвиш ҳам онҳоро ва ҳам муттафиқони ғарбитаборашонро водор месозад, ки аз паси ҷустуҷӯи роҳҳову усулҳои нави фишорварӣ бар Эрон шаванд. Ҳамин аст, ки таъмини намудани амнияти кишвар ва таҳвил додани ташвишу тарсҳои дигарон ба ба хоҳиши онҳо ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҷиддиву судманди сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-фановарӣ ва ғ.ҳ. бо Эрон масъалаи доғи рӯз роҳбарияти ин кишвар гаштааст.

Боястӣ ба як нуктаи дигар низ ишора кард. Имрӯз дар Эрон гузариши хеле муҳим аз будубош ба ҳайси як ҷомеъаи суннатӣ ба будубош ба ҳайси ҷомеъаи ҳадиси замонавӣ ба назар мерасад. Ин гузаришро дигаргуниҳову тағйироти дар расидагиҳои мардум нисбат ба умури гуногун, дар равоншиносии онҳо, дар урфу одат ва рафтори ҳаррӯза, гузариш аз фарҳанги мабнӣ ба назм ба фарҳанги мабнӣ ба наср, мувоқиб аст. Усулан ин ҳамон марҳалае дар рушди кишвар аст, ки Аврупои Ғарбӣ дар қарнҳои 18-19, Аврупои Шарқӣ баъд аз нимаи дуввуми қарни 19, Русия аз солҳои 30-40-уми қарни 19 ба баъд, аз сар гузаронда буданд. Чунин гузаришро дар Эрон дар шакли густурда маҳз инқилоби исломӣ оғоз бахшид. Вале паёмадҳои ин гузариш, ба вижа дар Теҳрон ва шаҳрҳои калони дигари Эрон, чунинанд, ки онҳоро аввалан, нодида гирифтан ва сониян, таъомул бо онҳо дар асоси расидагиҳои хоси ҷомеъаи пешини суннатӣ нашояд, чун дар ҳолати акс кишварро нооромиҳову адами субот таҳдид мекунанд.

Ҷомеъи имрӯзаи Эрон на танҳо аз онҳое иборат аст, ки хатти машӣ кунунии Маҳмуди Аҳмадинаҷод ва роҳу усули татбиқи амалии онро фаъолона дастгирӣ мекунанд. Мухолифини хаттӣ маши раиси ҷумҳури кунунии Эрон на танҳо кам нестанд, балки қисмати назарраси ҷомеъаро, ба вижа дар шаҳрҳои бузурги кишвар, тавре руйдодҳои тобистони соли 2009 нишон доданд, ташкил мекунанад. Ин мухолифон баробари тарафдорони раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинаҷод шаҳрвандони Эрон мебошанд ва эҳтиёҷ ба эътибору аҳамият гузоштани султа ба дархостҳои онҳо низ доранд. Биноан, боз як масъалаи доғи рӯз ба равандҳои гуногуни умумиэроние, ки ҳадаф аз онҳо ба сатҳи кишварҳои пешрафта ба ҳайси як узви баробар ва комили ҳамин ҷомеъаи давлатҳои пешқадам ворид шудани Эрон ҷалб кардани тавоноӣ ва билқувваи хеле зиёди айниву зеҳнии мухолифони хатти маши раиси ҷумҳури кунунӣ мебошад. Ба ҳар ҳоле идомаи муқовимати ҳамдигарии тарафдорону мухолифони хатти маши Маҳмуди Аҳмадинаҷод метавонад эҷод шудани шароити мусоидро барои фаъолияти тахрибкории нерӯҳои зиддиэронии хориҷӣ, ки ба ҳеч ваҷҳ пешравии Эрон ва рушди ҳаматарафаи онро манфиатдор нестанд, боис гардад.

6.
Дар як-якуним соли ахир зиддиятҳо байни раиси ҷумҳур ва роҳбарияти шохаҳои қонунгузориву қазои Эрон ба дараҷае расид, ки эшон ошкорову аланан дар ду тарафи сангарҳои сиёсӣ шуданду ба муттаҳамкунии якдигар дар ҳамаи норасоиҳову саҳлангориҳои феъливу ваҳмӣ пардохтанд. Моҳи октябри соли гузашта раҳбари инқилоби исломӣ Сайидалии Хоманаиро лозим омад, ки ба доругири роҳбарони баландмақом мудохала кунаду таъкид намояд, ки идомаи ихтилофоти ошкорову алании онҳо дар пешорӯи марҳалаи интихоботи қарибулвуқӯъи мақоми раёсати ҷумҳур метавонад ваҳдат, оромиву суботи кишвару ҷомеъаро халалдор созад.

Ҳамоно баъд аз мудохалаи раҳбари инқилоби исломӣ, ки ҳамчун як навъ ишора ба шуруъи баҳс дар атрофии он, ки раиси нави ҷумҳур ва сиёсатҳояш чӣ гуна бояд бошанд, талаққӣ гашт. Аз ҳамон вақт то ба имрӯз ин баҳсу андешарониҳо идома доранд. Дар рафти онҳо муайян гашт, ки ҷомеъа мехоҳад раиси ҷумҳури оянда аз тавони дарёфти ҳалли муносиб ба ду масъалаи асосӣ ва ба ҳам зич алоқаманд - мушкилоти иқтисодӣ ва мушкилоти робитаи кишвар бо олами беруна, бархурдор бошад. Ҷомеъа хоҳони чунини раиси ҷумҳур аст, ки дар шароити мавҷуда тавонад манфиатҳои бунёдии умумимиллии Эронро дар соҳаҳои гуногун, ба шумули азбаркунии технологияҳои баҳрабардорӣ аз нерӯи ҳаставӣ барои мақсадҳои осоишта, ҷиддану шадидан ҳимоят кунаду дар ин асно аз роҳу усулҳое истифода барад, ки ҳам амнияти кишвар таъмин гардад ва ҳам муносибати Эрон бо олами беруна на танҳо аз будаш бештар зарар набинанд, балки беҳтар гарданд.

Дар баҳсу андешарониҳо дар ВАУ-и Эрон ҳоло тирамоҳи соли гузашта таъкид шуда буд – расидан ба ҳадафҳои умумимилли ба ҳеч ваҷҳ маънои онро надорад, ки дар ин асно бояд тамоми олами берунаро бар зидди худ басиҷ намуд. Ба ибораи дигар имрӯз Эрон ба раиси ҷумҳуре эҳтиёҷманд аст, ки тавонад гуфтугӯи пурсамари умумиллиро дар дохили кишвар ва ҳамин гуна гуфтугӯи пурсамарро бо давлатҳои дигар ба роҳ монад.

Дар яке аз суҳбатҳои ахири худ тавассути симо номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ Эрон, собиқ вазири корҳои хориҷаи он ва мушовири кунунии раҳбари инқилоби исломӣ оид ба масоили хориҷӣ Алиакбари Вилоятӣ ошкоро исрор дошт, ки бидуни беҳбуди бахшидан ба муносибатҳои Эрон бо олами беруна таъмин намудади ҳалли мушкилоти иқтисодии кишвар усулан амрест имконнопазир. Беҳуда ҳам нест, ки мунозараи саввум ва охирини номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳур, ки ба масъалаҳои сиёсати хориҷии кишвар бахшида шуда буд, нисбат ба ду мунозари пешини бахшида ба масоили дигар ба маротиб «гармтар» гузашт.

7.

Интихоботи сарвари нави султаи иҷроия дар Эрон барои ҷумҳурии мо низ аз аҳамияти зиёд бархурдор аст. Воқеъияти амр чунин аст, ки тақрибан дар даҳ соли ахир Эрон, ба мисли Русия, кишваре гашт, ки ҳама гуна руйдоди ҷиддӣ дар он, чӣ расад ба чунин як ҳодисаи муҳим, ба мисли иваз шудани сарвари султаи иҷроия, барои раванди рушди давлати мо бетаъсир намемонад. Кофист ёдовар шавем, ки имрӯз Эрон ягона кишваре мебошад, ки дар амалӣ гардондани тарҳҳои стратегии Тоҷикистон дар ростои бино намудани НОБ-ҳои пуриқтидор на дар сухан, балки саҳмгузор аст. Эрон НОБ-и Сангтӯда-2-ро бино мекунад ва аз ваъдаи хеш барои мусоидат намудан дар амалӣ гардондани тарҳҳои дигари ҳаммонанд, аз ҷумла дар рӯди Зарафшон, нагаштааст, тавре шарикони стратегии қадима ва ба тозагӣ пайдокардаи Тоҷикистон карданд. Ҳамчунин боястӣ ёдовар шуд, ки дар соли 2010, ҳангоме ягона баромад тавассути роҳи оҳан аз Тоҷикистони марказиву ҷанубиву ба олами беруна аз ҷониби кишвари ҳамсоя ба муддати тӯлонӣ баста шуда буд, ҷумҳурӣ барои дарёфти мусоидат дар ҳал намудани мушкилаи эҷодшуда ба ҷомеъаи байналмилалӣ муроҷиат карду даре намонд, ки накӯфта бошад. Вале ягона кишваре, ки кори амалан муфидро барои Тоҷикистон дар ин масъала анҷом дод, маҳз Эрон буд.

Аз бозе ки Тоҷикистон соҳибихтиёр гашт, робитаҳои он бо ҳамаи руасои ҷумҳури Эрон ҳасана буданд. Ин анъанаро бояд давом дод, хоса аз он лиҳоз, ки ба гумон аст ягон давлати дигар дар ҳамин вақту соат ба ҷумҳуриамон дар амалӣ гардондани тарҳҳои стратегияш дар соҳаи баҳрабардорӣ аз имконоти нерӯи обӣ мусоидат мекарда бошад.

Ҳамзамон, бояд ишора кард, ки аз имконоти ҳамкории дутарафа ҷониби Тоҷикистон, ба вижа дар соҳаи таълим, илму фанооварӣ ва иқтисод ба дараҷаи бояду шояд истифода намебарад. Мо, аз чӣ бошад, ҳоло ҳам аввал ба тарафҳои гуногуни дигар мутаваҷҷеҳ мешавем ва танҳо сипас, баъд аз он ки аз ин таваҷҷӯҳ ба дигарон тиҳидаст мондем, бо дермонии зиёд рӯ ба Эрон мегардонем.

Ба эътиқоди ин ҷониб барои он ки муносибатҳо байни ду кишвар самаранок гарданд, ҳар ду тараф бояд навгониҳоро ба кори муассисаҳои зидахли худ ва ҳамаи сохторҳои марбути онҳо ворид карда шаванд, аз ҷумла дар кори намояндагиҳои хеш дар қаламрави якдигар. Мутассифона то ба ҳол ҳамон низоми корбарии ин муассисаҳову сохторҳо, ки бисту чанд сол пеш ба роҳ монда шуда буд, алҳол дар ҳамон чаҳорчӯби пешин идома меёбад. Имрӯз заруроти таъмини рушди ҳаматарафаи ҷумҳурӣ тақозо мекунад, ки ин муассисаҳо бештар мутаваҷҷеҳи ба роҳ мондани робитаҳо байни муассисаҳои илмии табиташиносӣ, улуми дақик, донишгоҳҳои технологӣ ва амсоли онҳо монда шаванд. Чаро Тоҷикистону Эрон наметавониста бошанд лоиҳаҳои ҳамкории барои ҳар ду тараф муфидро дар соҳаҳои улуми дақиқ ва табиатшиносӣ - физика, химия, риёзиёт, соҳаи нармфазорсозӣ, бахшҳои гуногуни биология, лар соҳаи тарҳрезӣ намудани сохтани роҳҳо, кандани нақбҳо, бино намудани неругоҳҳо ва ғайраву ҳоказо ба роҳ монанд? Имконоти ба роҳ андохтани чунини ҳамкориҳо хеле зиёданд, аз онҳо танҳо истифода бурдан лозим аст.
Мӯҳр
Mahdi
Ба назари банда маколаи навиштаи ин бародари гироми мисли кори илми менамояд. Хубтар мебуд кутох ва пурмазмун менавиштанд. Аз хонданаш халоват набурдам, ранге, ки вактам хайф шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)