Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:06

Писарчаи 5-сола дар Душанбе рабуда шудааст

10 июн 2013, 14:46

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, зуҳри 9-уми июн дар кӯчаи Испечак-2 –и шаҳри Душанбе марди ношиносе кӯдаки 5-соларо рабуда, ба тарафи номаълум бурдааст.

Вазорати умури дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки ба шӯъбаи рақами 2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Тошев Абдуҷабор Умарович соли таваллудаш 1977, сокини кӯчаи Испечак-2, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 09.06.с.2013, тахминан соати 12:30-дақиқа писари ноболиғаш Абдуҷаббор Муҳаммадҷон соли таваллудаш 2008, аз хонаи истиқоматиашон баромада, бедарак гум шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ва ҳамсӯҳбат шудан бо сокинони маҳаллӣ муайян карда шуд, ки марди ношинос ноболиғ Абдуҷаббор Муҳаммадҷонро ба тарафи номаълум бурдааст.

Вазорат мегӯяд, барои ёфтани ноболиғ аз ҷониби кормандони милитсия тамоми чораҳо андешида шуда, ҷустуҷӯ идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • факир

  • 11 июн 2013 08:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"""Ба иттилои ин ниҳод дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ва ҳамсӯҳбат шудан бо сокинони маҳаллӣ муайян карда шуд, ки марди ношинос ноболиғ Абдуҷаббор Муҳаммадҷонро ба тарафи номаълум бурдааст"""".
ОФАРИН кормандони ВКД Шумо хатто тавонистед муайян намоед, ки ноболигро ба тарафи номаълум бурдаанд. Ин хизмати бузурги таърихии Шуморо халку Ватан хеч гох фаромуш намекунад. ОФАРИН ба аклу заковат, матонат ва дарачаи касбияти Шумо.
Посух додан
  • Хаким

  • 11 июн 2013 09:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Даравда сох=торхои кудратира САНГ назанен. Кудакча ЁФТ ШУД!!!!! Зиндаву саломат. Гунахкор дастгир шуд!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!