Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:43

Марги пиёдагарди 43-сола дар зери чархи мошини подполковник

11 июн 2013, 09:17

Умар Шарифов, подполковники БДА (ГАИ), дар километри 15-уми роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа бо “Мерседес-Бенз”-аш пиёдагард Хайриддин Ҷалилови 43-соларо пахш кардааст.

Маҳмадшариф Шамсов, масъули дафтари матбуоти Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса шаби нуҳум ба даҳуми июн иттифоқ уфтода, дар пайи он Хайриддин Ҷалилов фавтидааст.

Ба ин савол, ки ҳодиса чигуна рух додааст, оқои Шамсов танҳо гуфт, “подполковники БДА -- Умар Шарифов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст”.

Бино ба иттилои мақомоти БДА, дар тӯли панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди кишвар ҳудуди 501 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 151 нафар ба ҳалокат расида, 547 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • дуогуи Шумо

  • 11 июн 2013 08:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хамааш амри такдир асту боз намедонам, рафик ГАИ дар бало монд. Маданияти шахрдори ва истифодабари аз роххо дар мо дар сатхи нисбатан паст карор дорад, рохгузар дар чои таъйиншуда намегузарад ва ронандахо сурати харакатро дар дохили минтакаи ахолинишин аз меъёр зиёд мекунанд. Боз як бори дигар гуфтаниям, ки Худованди Бузург хам мусофирон ва хам ронандагонро хамеша дар амонаш нигох дорад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!