Бахшҳо
10 июн 2013 18:04Тоҷикистон / Сиёсат

Чаро маросими ифтитоҳи чархаи дувуми “Сангтӯда 2” баргузор нашуд?

Қарор буд, чархаи дувуми нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шавад. Аммо ин маросим ба таъхир гузошта шуд. Нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” бо сармояи Тоҷикистону Эрон бунёд ёфта, 12,5 сол дар ихтиёри Теҳрон ва сипас ба ихтиёри Душанбе вогузор хоҳад шуд. “Озодагон” аз соҳибназарону масъулин пурсид, ки чаро ифтитоҳи чархаи дувуми “Сангтӯда 2” ба таъхир меуфтад?



Азизмат Имомов, вакили Маҷлиси Намояндагон:

“Ба назари ман, сабаби расман ба истифода надодани нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” шояд маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳур дар Эрон бошад. Чунки қаблан эълон шуда буд, ки нерӯгоҳи мазкур бояд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, бояд сурат бигирад. Акнун, ки маъракаи сиёсии Эрон пеш омад, шояд то баргузории он ифтитоҳи нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” ба таъхир афтад.”

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи Барқи тоҷик:

“Нахуст бояд гуфт, ки ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон нест. Мутобиқи шартномаи «Сангтӯда 2» то 12,5 соли дигар дар ихтиёри Эрон буда, баъдан моли Тоҷикистон хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки Душанбеву Теҳрон дар бахши энержӣ ҳамкории хуб доранд. Новобаста аз қарзи «Барқи тоҷик» назди Эрон, ҳамкориҳои мо идома дорад. Дар асл барқ худ ҳамин хел хусусият дорад, ки аввал интиқол дода мешавад, баъд маблағ ҷамъоварӣ мешавад.

Ғуломиддин Сайфиддинов, таҳлилигари масоили энержӣ:

“Мушкили сари вақт расман ба истифода надодани “Сангтӯда 2” ин қарзи ширкати “Барқи тоҷик” назди эрониҳо мебошад. Дар сурате ки маблағ набошад, кор ҳам идома намеёбад. Ин кор даст намедиҳад, чунки қарзи “Барқи тоҷик” 15 ва ё 16 миллион доларро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз Афғонистон ҳатман маблағ мегиранд, аммо он ба кисаи кӣ меравад, мо намедонем. Мушкили аслии сари вақт расман ифтитоҳ нашудани “Сангтӯда-2” ин ба мувофиқа нарасидани масъулини тоҷик мебошад. Мо бояд аз “Барқи тоҷик” талаб кунем, ки ин қадар пул ба куҷо рафтааст?”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)