Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:11

Иброҳим Усмонов дар бораи Зайд Саидов, интихобот ва хатти форсӣ

11 июн 2013, 10:02

Гуфтугӯи Халил Қаюмзод, ҳамкори “Озодагон”, бо собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов.


Озодагон: Устод, чаро Шумо ба гурӯҳи ташаббускорони таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав напайвастед?

Иброҳим Усмонов: “Ақидаи ман, ақидаи марксистӣ аст. Дар ҳоли ҳозир на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли кишварҳои Шӯравии собиқ, марксизм як чизи кӯҳнашуда ё беқурбшуда менамояд. Аммо гумон мекунам, марксизм беш аз ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ба қишри миёнаи ҷомеа ва ба қавле ба халқи меҳнаткаш наздиктар аст. Барои чӣ дар мо ҳанӯз хумори давраи сотсиолистӣ боқӣ мондааст? Барои он ки он чизе, ки дар зарфи чанд сол татбиқи Шӯравии марксистӣ дод, дигар онро дар ягон давлати Шӯравии пешин дар давоми ин бист сол дарёфт накардаанд. Агар дар кадоме аз кишварҳои Шӯравии пешин, хоҳ Тоҷикистон бошад, хоҳ ягон кишвари дигар, тарзи зиндагӣ аз тарзи зиндагии замони Шӯравӣ беҳтар шавад, баъд он вақт гуфтан метавон, ки ин ақида аз ақидаи марксистӣ беҳтар аст. То ҳол ман ба ақидаи марксистӣ мондаам. Феълан аъзои ягон ҳизб нестам. Ман чандин сол аъзои ҳизб будам. Бо сабаби зарурият дар музокироти Сулҳи Тоҷикистон ман аз узвият дар ҳизб (Ҳизби коммунист) даст кашидам. Акнун як шахси худ ба худ ҳастам. Ҳар ақидае, ки аз кадом ҳизбе бармеояду он бо ақидаи ман мувофиқат мекунад, ҳамонашро дастгирӣ мекунам. Ва шарт нест, ки ҳатман ҳизб бошад. Ин метавонад гурӯҳҳои иҷтимоӣ бошад, метавонад ҳукумат ва ё ягон шахси алоҳида бошад. Аммо пайвастан ба ягон ҳизбро зарур намедонам. Дар шароити давлатҳое, ки ба муносибати оилавӣ пойдор ҳастанд, мамлакатҳои мусулмонӣ куллан ҳамин тавр ҳастанд ва баъзе мамлакатҳои ғайримусулмонии Шарқ ҳам ҳамин хусусиятро доранд, дар ин шароит ҳизб ҳалкунанда нест. Ҳалкунанда шахсият аст, фард аст. Дар мамлакатҳои дигар ҳизб пайдо мешаваду шахсиятҳо дар ҳизб, дар дохили ҳизб ба камол мерасанд. Дар мо шахсиятҳо ҳизбро аз паси худ мебаранд, яъне воҳиди асосӣ ҳизб не, шахсият аст. Дар шароити мо ҳизб муайянкунанда нест. Барои ҳамин, ман ба ҳизби Тоҷикистони нав нарафтам. Ҳар ҳизбе, ки барои миллати мо, барои мамлакати мо хизмат кардан мехоҳад, ман ҳам бо он қудрате, ки дорам, дастгирӣ мекунам.”

Озодагон: Бо Зайд Саидов аз наздик ошноӣ доред?

Иброҳим Усмонов: “Агар гӯям, ки аслан ӯро намешиносам, ин саҳв аст. Зайд Саидов дар се давраи аввали музокироти Сулҳи Тоҷикистон, ҳамчун намояндаи мухолифин, дар гуфтушунидҳо иштирок кард. Ӯ як иштирокчии оддӣ ҳам набуд. Дар давраҳои якуму дуюми музокирот, он вақте ки роҳбарияти мухолифин, ҷаноби Тӯраҷонзодаву ҷаноби Ҳимматзода дар маҷлисҳо иштирок намекарданд, ба таври расмӣ Отахон Латифӣ, роҳбари ҳайат буд. Латифӣ бе маслиҳати Зайд Саидов коре намекард. Дар давраи якум, мо панҷ пункти (нукта) як протоколро (созишнома) қабул кардем. Баъд аз танаффус Латифӣ эълон кард, ки мо аз фикри худ бармегардем. Яъне, баъд аз маслиҳат бо Зайд Саидов ин корро карданд. Зайд таъсир дошт, мавқеи худашро дошт. Зайд ҳанӯз дар замони охири Шӯравӣ, дар замони гарбочёвӣ ба тиҷорат машғул буд. Ман медонам, ки вақте Зайд Саидовро ҷониби мухолифин ба ҳайси вазири саноат пешниҳод карданд, ҳукумат бе дудилагӣ қабул кард. Коре, ки дар ҳукумат кард, кори хуб буд ва инро роҳбарони Тоҷикистон ҳам дар вақташ таъкид карда буданд. Ҳоло чӣ ҷиноят ё камбуди иқтисодӣ кардааст, онро намедонам. Чунки он барои ман пӯшида аст. Одамоне, ки ба тиҷорат, сармоядориву сармоягузорӣ шуғл доранд, ба фикрам, бисёртар дучори иштибоҳҳо ва иттиҳомҳо мешаванд. Инро дигар мақомҳои масъул муайян мекунад, зеро онҳо меомӯзанд. Ман умед мекунам, ки Суд (Додгоҳ) ҳақиқатро пайдо мекунад. Ҳақиқате, ки амали воқеиро нишон медиҳад ва боварии мардум ба туфайли он ба ҳукумат зиёдтар мешавад.”

Озодагон: Ҳамчун як намояндаи қишри зиёии кишвар, ки дар чандин вазифаҳои давлатӣ адои хизмат ҳам кардаед, гуфта метавонед, ки ҳукумати мо ҳукумати мардумӣ аст?

Иброҳим Усмонов: “Аз рӯи Сарқонунҳои кишварҳои пасошӯравӣ, ҳамаи ин кишварҳо хусусияти иҷтимоии давлатро эътироф мекунанд. Сарқонуни Тоҷикистон низ истисно нест. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлат, пеш аз ҳама ба манфиати қишри миёнаи ҷомеа нигарондани давлат аст. Аз ин нигоҳ, ҳукумати моро ҳукумати мардумӣ гуфтан мумкин аст. Мисол, 15-20 соли пешро ба ёд меорам. Он вақт тамоми кӯшиш дар он равона шуда буд, ки мардумро аз сари нав сарҷамъ кунем, ба мардум фаҳмонем, ки агар худи онҳо кишвари худашонро обод накунанд, каси дигар намекунад. Ҳукумат гуфт, мо ба манфиати шумо кор мекунем, ҳама якҷоя кор мекунем. Ин, албатта, нишондиҳандаи ҳукумати мардумӣ аст. Имрӯз агар матбуоти дохилиро нигоҳ кунед, интиқоди зиёде аст. Агар ҳукумат қудрати мардумии худашро пурра татбиқ кардан хоҳад, ақалан даҳ дар сади ин интиқодро ба назар мегирад. Ҳеч ягон матбуот, ки дар дохили кишвар бо иҷозати давлат нашр мешавад, бар муқобили давлат ва ҳукумат кор намекунад. Матбуот танҳо мавқеи худашро дар бораи ин ё он масъала изҳор мекунад. Ҳукумат оппозитсия (мухолиф) доштанаш даркор. Мухолифини мусбат, на манфӣ. На мухолифини мусаллаҳ, ки мо пештар доштем. Давлати мардумӣ ба ин чиз бештар такя карданаш даркор ва яке аз нишонаҳои дигари ҳукумати мардумӣ будан он аст, ки мардум дар кишвари худаш нони ҳалолашро пайдо карда хӯрда тавонад. Мутаассифона, мо ҳанӯз ба ин мақсад нарасидаем. Ҳукумат ҳамин корро кардан мехоҳад, аммо ҳоло ба он равонаем. Ҳоло шароите фароҳам оварда нашудааст, ки мардум дар кишвари худаш сарҷамъ шаваду нонашро пайдо карда хӯрад. Ҳукумат барои ёфтани нон ба мардум бояд кумак кунад. Он давлати шӯравӣ буд, ки нон медод. Одамоне буданд, ки як умр кор накарда дар охири умрашон нафақа мегирифтанд. Махсусан, занони хонашини мо. Ҳаштод дар сади хароҷоти кӯдаки томактабию мактабӣ бар дӯши давлат буд. Ҳозир Шумо хонаро аз дигарон мехаред, аз дигарон барои иҷора мегиред. Пеш давлат худаш хонаи иҷораи якумрӣ медод ва бо шарти ба мерос гузоштан ба касоне, ки дар қайди он хона ҳастанд. Яъне, давлат пеш мардумашро мехӯронд. Баъд аз истиқлолият Тоҷикистон ҳам мисли ҳамаи ҷумҳуриҳои дигар роҳи инкишофи ғайрисотсиалистиро пеш гирифт. Ҳукумат бояд барои хӯрдану пӯшидани мардум ёрӣ расонад. Кор ёфта диҳад. Коре, ки маошаш мардумро бо ин чизҳо таъмин кунад. Ман паёми охирини президент ба парлумони кишварро хондам. Баромадҳои дигарашро ҳам дидам. Албатта, ҳукумат мехоҳад, ки мардумӣ бошад, аммо ҳанӯз ин кор татбиқ нашудааст. Ҳоло он шароите пайдо нашудааст, ки онро ҳам ҳукумат хоҳаду ҳам халқ.”

Озодагон: Интихоботи президентии имсола чизеро тағйир хоҳад дод?

Иброҳим Усмонов: “Ман аслан ба шаффоф гузаштани интихоботҳо дар ҳеҷ ягон гӯшаи дунё бовар надорам. На дар Амрико ва на дар Русия ва дилхоҳ ягон кишвари дигар интихобот пурра шаффоф баргузор намешавад. Танҳо мӯҳлати президентӣ дар дигар кишварҳо аз мо фарқ мекунад. Интихоботи имсолаи президентӣ аз рӯи меъёрҳое мегузарад, ки интихоботи охир гузашта буд, зеро дар он асноди ҳуқуқӣ тағйирот дароварда нашуд. Агар иловаҳо ба қонуни интихобот дохил карда мешуданд, он вақт шояд чизе тағйир меёфт. То интихобот ҳанӯз вақт бисёр аст, бинобар ин то ҳол ягон ҳизбе ҳам номзади худашро пешниҳод накардааст. Ман умедворам, ки дар интихобот он номзадҳое пешниҳод мешаванд, ки воқеан дар ҷомеаи Тоҷикистон эътибор дошта бошанд. Барои ҳамин ҳам, дар кишварҳои дигар шахсиятҳое ба рақобати интихобӣ дохил мешаванд, ки онҳоро аллакай ҷомеа мешиносад. Масалан, дар Амрико сенаторҳо, дар бисёр кишварҳои дигар он намояндагони ҳизб, ки дар парлумон ҳадди аққал 20-25 фоиз овоз дошта бошанд. Бе ин чиз мусобиқаи интихоботӣ маъно надорад. Ҳокимият ба шахс қудрат медиҳад. Шахсиятҳо ҳангоми дар вазифае кор кардан кӣ ва чӣ будани худро нишон медиҳанд. Тавре Саъдӣ гуфтааст:

То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.


Ман он интихоботеро, ки ақаллан 50 фоиз ҳақиқат дорад, қабул мекунам. Бигзор дигарон онро навад дар сад ва ё даҳ дар сад донанд.”

Озодагон: Устод, чаро Шумо мухолифи гузаштан ба хатти порсӣ ҳастед?

Иброҳим Усмонов: “Ман зидди донистани хатти арабиасос нестам. Агар ман хатти арабиро намедонистам, рисолаҳои илмиамро ҳимоя карда наметавонистам. Хати кирилиро мо ба забони тоҷикӣ мутобиқ кардем. Овозҳову ҳарфҳои тоҷикиро илова кардем. Русҳо менависанд Россия, аммо мехонанд Рассия. Дар мо ин тавр нест. Мо чӣ тавре, ки менависем, ҳамон тавр мехонем. Дар хатти арабӣ ин корро карда наметавонем, зеро барои навиштани ҳарфҳое, ки дар забони тоҷикӣ овоз надоранд, мо бояд забони арабиро донем. Хат барои ақл зиёд кардан нест, хат барои баёни фикр аст. Чаро барои донистани забони тоҷикӣ мо забони арабиро биомӯзем? Масалан, дар забони арабӣ ҳарфи “с”-ро се намуд талаффуз мекунанд. Дар забони тоҷикӣ танҳо як “с” (се) ҳаст. Ҳаштод дарсади он нафароне, ки мехоҳанд мо ба хати арабӣ гузарем, худашон хуб хондаву навиштан наметавонанд. Ҳар касе ки гузаштаашро донистан ва барои дигарон расонидан мехоҳад, албатта ин хатро бояд донад, омӯзад. Ин вазифааш аст.”

Озодагон: Шумо яке аз бунёдгузорони факултаи рӯзноманигорӣ ҳастед. Чаро ҳоло ягон дарси ихтисосӣ намедиҳед?

Иброҳим Усмонов: “Соли 2011 ба нафақа баромадам ва пурра аз Донишгоҳи миллӣ рафтам, танҳо ним баст дар Донишгоҳи славянӣ дарс медиҳам. Ният дорам, пас аз рухсатиҳои тобистона дар он ҷой ҳам корро қатъ кунам. Агар гӯям, ки корро ҳоло пурра бас кардаам, хато намешавад. Аввалан синну соли ман ба нафақа расидааст, дам гирифтан мехоҳам. Дувум, хушбахтона, мактабҳои олии мо кадрҳои зиёди омӯзгорӣ тарбия кардаанд ва онҳо кори моро идома медиҳанд. Як чизи дигар ҳам ҳаст, одам бояд аз меҳнати худ лаззат барад. Мутаассифона, дар байни довталабони касби журналистикаи имрӯза кам ҷавононеро мебинӣ, ки талоши касбомӯзиашон одамро ҳавасманди ҳамкорӣ кунад. Қатъ кардани кори педагогӣ аз таълими журналистика пурра дур рафтани маро ифода намекунад. Агар дар ягон маҳфиле фикри ман лозим шавад, албатта, рафта иштирок мекунам, зеро ман аввалин доктор ва профессори ин соҳа дар Тоҷикистон ҳастам.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"зеро ман аввалин доктор ва профессори ин соҳа дар Тоҷикистон ҳастам". Устод, чи даркор хамин гап? Шумо доктори илмхои таърих хастед, таърихро бо журналистика чи кор?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
устоди мухтарм андешаронии хуб кардед! Мо такрибан тарафдори 50 фоизи гапхоятон. Аммо дар мавриди ин ки аз донишгох рафтеду донишчуёнро тарк кардед, мо рози не. Хар чои худашро дорад, донишчуён аз шумо бахра гирифтан мехоханд ва инсон бояд то рузи марг бардавом амал кунад, сахмашро то он руз дар чомеа гузорад. Ташаккур устод.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
(Хар шахс чои худашро дорад)
Посух додан
  • УСТУВОР

  • 11 июн 2013 18:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МЕБАХШЕД УСТОД СОЛИ 2000 АЗ ЧОНИБИ ХХДТ БО ТАВРИ ЗУРИ БА КОМУНИСТОН ( СОЛИЧОНОВ) ДАР ДАВРИ ДУВВУМ ВАКИЛИ ХОКИМИ ШУДА БУДЕДКУ ДУРУГ БАРОИ ЧИ АЗ ПРОФЕССОРУ ДОКТОРХО ХАМИН МАРДУМФИРЕБИ БОШАД ПАС ВОЙ БАР ХОЛИ ИН МИЛЛАТ ШОЯД БАЪДИ АЗ МАНСАБХО ПАРИДАН АЗ ХХДТ ХАМ ДАСТ КАШИДАЕД ПАС НАЗДИКШАВИ БА ХНИТ ЧИ МАЪНИ ДОРАД
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шамсиддин,
Шамсиддин устодат хамелен аст, да ягон акидааш устувор наистодааст, мавриди бахра гирифтани ту аз устод, хамин мегуям, ки чунин шахсхо бехтараш да факултет набошанд, мафиябозии ин устодонро да донишгох хуб медони, холон ки Усмонов рохбари кори илмият буд, таърифаш мекуни, мисле ки устодат дар вакти мушовир буданаш хукуматро таъриф мекард...ту худат хеле хуб медони ки ин устодат кори илмие ки ман барои дигарон навиштам бахои 5 гирифту ба ман барои кори илми ба хотири гараз доштанаш бахои 4 гузошт...)))))))))
Посух додан
  • Баходур

  • 12 июн 2013 13:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Усмонов аз донишмандтарин фарди точик аст. Ягон нафаре ёфт намешавад, ки дар пояи И.У. карор гирад, агар бошад мархамат ном баред?! У сиёсатшинос, журналист, таърихдон, филолог ва дипломати бехамто, барчаста ва маъруф. Ба маънои дигар вокеан олиме, ки тамоми илмро медонад. Аз у танхо ва танхо мебояд омухт!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И. Усмонов махалгаро буд, махалгаро мемонад. рости гап у ягон шахси пешрафтаеро аз дигар махалхои Точикистон нагз намебинаду бо ягон сухани пардадор мехохад дар нисбати чунин шахсон бадбиниро ба миён орад (ниг. ба суханони у дар бораи Зайд Саидов).
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хатти арабиасос гузаштан маънии боз хам дуртар кардани кисми калони чомеа аз забони точикию Точикистон мешавад. Фмкр мекунам, бо хамзабонони худ аз Афгонистону Эрон бояд наздиктару муттахидтар шавем ва хати арабиасоси форсиро донистани мо аз ин нигох мухим аст, аммо ин кор бе ругардони аз хатти имруза бояд амали шавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!