Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:54

Мусобиқа барои поси хотири яке аз асосгузорони футболи тоҷик

11 июн 2013, 10:11

Бо мақсади тарғиби футбол миёни наврасону ҷавонон ва бахшида ба гиромидошти мураббии шоистаи Тоҷикистон, Арнолд Михайлович Тер-Казарян-яке аз асосгузорони футбол дар Тоҷикистон, аз 18-ум то 22-юми июни соли ҷорӣ, дар ноҳияи Нуробод мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол миёни наврасони солҳои таваллуди 1998-1999 баргузор мегардад.

Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба “Озодагон” гуфтанд, ки дар мусобиқа ширкати дастаҳои ВМКБ, вилояти Суғд, Хатлон 1, Хатлон 2, шаҳри Душанбе, водии Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ дар назар аст.

Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур нахустин маротиба дар минтақа доир мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!