Бахшҳо

Банкоматҳои корношоям дар Душанбе ва саргардониҳои муштариён

Дорандагони кортҳои бонкӣ дар Тоҷикистон то санаи 1-уми июли соли ҷорӣ ба 67 ҳазору 126 нафар расидааст, ки аз ин шумора 63 ҳазору 645 нафари онро нафақахӯрон ташкил мекунанд.


Дар ин бора «Озодагон» раиси раёсати бонки давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, дар баробари пардохти нафақа, пардохти маоши кормандони буҷавӣ низ дар доираи лоиҳаи маош ба воситаи кортҳои пластикӣ амалӣ шуда истодааст. Муштариён бо кортҳои худ аз банокоматҳо ва нуқтаҳои пардохти пули нақд(пост-терминалҳо) маблағи худро мегиранд. Ба андешаи масъулини «Амонатбонк» ин механизми нави пардохти маблағ пеш аз ҳама шаффофиятро дар дастрасии нафақапулӣ таъмин мекунад. То имрӯз аз ҷониби «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе ва манотиқи ҷумҳурӣ 40 банкомат ва 74 адад нуқтаи пардохти пули нақд насб карда шудааст.
Аз рӯи маълумоти Бонки Миллӣ бошад, теъдоди банкоматҳое, ки на танҳо ба кормандони буҷавӣ ва нафақахӯрон, балки ба авсари шаҳрвандон хизмат мерасонад, дар қаламрави Тоҷикистон ба 200 адад расидааст. Аммо беш аз 70 дарсади банкоматҳо дар Душанбе ва қисми андаке дар вилояти Суғду Хатлон ва дигар манотиқ аст. Ҳоло дар Тоҷикистон 8 бонк истифодаи кортҳои пластикиро ба роҳ мондааст, ки дар миёни онҳо «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк», « Тоҷиксодиротбонк» ва «Эсхата» дар бозори кортҳои пластикӣ бештар фаъол мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, мушкил кори банкоматҳо унвон мешавад, ки дар сатҳи паст қарор дорад. Бархе аз истифодабарандагони корти пластикӣ мегӯянд, ки аз «Тоҷиксодиротбонк» корти пластикӣ гирифтаанд ва ҳангоми гирифтани  маош доим ба проблема рӯ ба рӯ мешавад. Ба гуфтаи онҳо, дар аввал кори банкоматҳо хуб буд, лекин дар чанд моҳи ахир аз филиалҳо пул гирифтан ғайримумкин гаштааст ва танҳо аз бинои марказии «Тоҷиксодиротбонк» гирифтани маблағ имкон дораду бас.  {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)