Бахшҳо
11 июн 2013 10:51Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Сокинони Самарқандак роҳи Шӯроб-Ворухро бастаанд

Ҳудуди ду ҳазор сокини деҳаи Самарқандаки вилояти Бодканд (Қирғизистон) рӯзи даҳуми июн ба нишони эътироз аз он ки сокинони Тоҷикистон заминҳои баҳсноки наздимарзиро аз худ намудаанд, гирдиҳам омаданд.

Бино ба иттилои ҳукумати Бодканд, эътирозгарон аз он норизоӣ кардаанд, ки тоҷикон гӯиё дар заминҳои баҳсноки наздимарзӣ хона сохтава дарахт шинондаанд. Ба қавли манбаъ, дар посух ба ин амали тоҷикон эътирозгарон роҳи Шӯроб-Ворухро бастаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои масъулини қирғиз аз тарафи Тоҷикистон низ ҳудуди 500 нафар ҷамъ шуда будаанд, вале кормандони пулис, ки саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, аз даргирӣ ҷилавгирӣ намудаанд.

Инчунин, ба ҷои ҳодиса вакили парлумони қирғиз, Омурбек Текебаев ҳозир шуда, дар суҳбат бо гирдомадагон ваъда додааст, ки ҳамаи талаботашонро ба роҳбарияти кишварашон мерасонад.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.

Вале ахиран раиси устони Суғд -- Қоҳир Расулзода аз маҳалҳои баҳсноки марзӣ боздид карда ва гуфт, як ваҷаб марзи кишварро ба бегонагон намедиҳанд. Аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, агар баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз рӯи асноде, ки дар замони Шӯравӣ вуҷуд дошт, сурат бигирад, эҳтимол тоҷикон қисме аз заминҳояшонро аз даст бидиҳанд. Иддаое, ки мақомот дар ҳоли ҳозир рад мекунанд.


Мӯҳр
Озодагон барои чи хавои гап мезанед?Ки будааст,он сохибназарон?Шарм доред аз ин хел хавои гап заданатон!Баръакс 50 хазор гектар замини Точикистонро Киргизхо гасб карда соли 1989 харитае кашиданду хостанд аз худ кунанд,вале хушбахтона парламенти солхои 90-и Точикистон ба он имзо нагузоштааст!Аз руи харитахои солхои 1924,1936 бошад УМУМАН киргизхо дар ин махалхо зиндаги надоштанд!Дар ин 4 дехаи Точикистону,4 дехаи киргиз,ки бо хам мисли шахмат сархад аломатгузори нашудааст 100 хазор точик ва танхо 24 хазор киргиз зиндаги мекунад!Хатто як кишлокчае,ки ВОРУХРИ 32 хазор ахоли дорро гуиё анклав мекунад хануз соли 1980 сохта шуда хамаги 1500 ахоли дорад!!!!Ворух бошад таърихи хазор сола дорад ва чандин кофтуковхои археологи дар ончо нишонаи одамони пеш аз милодро хатто ёфтаанд!Тамоми куххову дарахое,ки холо киргизхо худсарона аз худ КАРДАНД.ХАМА БО Забони точики ном доранду,хатто як кулла ё як кух номи киргизи надорад!Хохиш мекардам ДИГАР САФСАТА нагуеду хакикатро нависед.Ва аз номи ким кадом сохибназарони киргизи инчо сафсата нахонед.Агар Хуччатхо лозим бошад биёед ба кумитаи замини ИСфара ин хама хуччатхо хастанд ва ман мислим шумо аз хаво гап намезанам!Ххиш меунам чоп кунед.а ба суоли ман чавоб дихед.

Суханони пур мазмун канд занед акаи Умар сад дар сад ба суханони шумо розиам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)