Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:05

Ҳизби наҳзат хостори мулоқоти рӯбарӯ бо Бозор Собир шуд

11 июн 2013, 11:47

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ният доранд, Бозор Собирро ба маҳфили “Адабиёт ва андеша”-и ин ҳизб, ки бештар бо ҳузури чеҳраҳои маъруф баргузор мегардад, даъват намоянд. Бозор Собир, шоири тоҷик, баъд аз тақрибан 19 соли ғурбат рӯзи 27-уми майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Душанбе бозгашт ва ҳоло дар пойтахт иқомат дорад.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ, ба “Озодагон” гуфт, тасмими мулоқоти рӯбарӯ бо Бозор Собир дар маҳфили “Адабиёт ва андеша” бадоҳатан гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, “дар ҷавоб ба саволи баъзе бародарон Муҳиддин Кабирӣ гуфтаанд, баргузории як маҳфил бо ҳузури Бозор Собир дар ҲНИТ мушкиле надорад. Вале ин Бозор Собир аст, ки оё хоҳиши ширкат дар ин маҳфилро дорад, ё не.”

Сайфуллоҳзода мегӯяд, “ҳоло дар ин маврид ягон кори расмӣ сурат нагирифтааст. Вале умедворем, чун раиси ҲНИТ ин тасмимро гирифтааст, маҳфил дар рӯзҳои наздик баргузор мегардад.” Мусоҳиби мо афзуд, оқои Кабирӣ дар як маҳфили дигар бо Бозор Собир сӯҳбате анҷом додааст, ки хулосааш ин ҳафта дар нашрияи “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, чоп хоҳад шуд.

Маҳфили “Адабиёт ва андеша”-и ҲНИТ бештар аз як сол боз фаъол аст. То кунун дар ин маҳфил Барзу Абдурразоқов, коргардони саршиноси тоҷик, Гулрухсори Сафӣ, шоири шинохта ва дигарон иштирок ва ба суоли аъзои ҲНИТ ва ширкатдорони ин маҳфил посух гуфтаанд.

Вале Бозор Собир дар ҳоле ба ин маҳфил даъват мешавад, ки ӯ соли 2010 дар як мусоҳибааш бо ҳафтаномаи “Миллат” гуфта буд, беҳтар аст ин ҳизб баста шавад. Ин пешниҳоди Бозор Собир дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро ба дунбол дошт ва ахиран худи ӯ дар як сӯҳбати дигараш таъкид карда, ки ҳанӯз дар ин фикраш, яъне бастани ҲНИТ, устувор аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • нурали

  • 11 июн 2013 15:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эй Бозор собир шапкара ай сарат гир муйсафед шадай
Посух додан
  • Амонулло

  • 11 июн 2013 15:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар Кабири ин корро кунанд бемухобот 40-45% обрую эътиюори хизб ва худашро аз даст медихад. Бо душмани ман чу дуст бисёр нишаст.....
Ин шоири бузург душмани хизби нахзат асту? Ба гапи мо не, гуфтаи Синои бузургро ба инобат гиред, Синоро хурмат накарда чи тур маҳфили “Адабиёт ва андеша” ташкил мекунед? Лоакл шумоён махалгарои накунед, агар аз Худо тарсед.
Посух додан
  • Dil

  • 11 июн 2013 16:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ne amonulloh nazari tang doshtai . Shoyad dar asri miyona zindagi dori. Xudat az zaboni shoir megui ''Bisyor nishast'' muhidin bisyor nanishastaast ku
Посух додан
  • собит

  • 11 июн 2013 17:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман хамчун як масъули нахзат назарам чунин аст ки аз чунин бандахои нон ва дуруя доими дур бояд буд дар урфият мегуянд АЗ БАЛО ХАЗАР
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Астагфурулло!Ноузанбиллох!Товба,товба.Эъ ин чи тавр мешудааст.Мусулмонхо ба чои он ки аз ин шахрванди Амрикои,ки аз дину оину худои худ ру гардонидааст,хазар созанд,боз уро хамчун мехмон ба худ даъват доранд.Мистер Бозор Собир дар хакикат точикону точикистониёро гулу гусфанд хисоб мекунад.Мардум алхол намедонанд,ки у кист.Шукр кунад ин мистер,ки майдони фурудгохро мардум банд накарданду даъво накарданд,ки ин фарди зидди миллату худову дину хизбу оин.кадамаш ба хоки Точикистон нарасад.Тайёра шояд ба Чин менишаст,ки Бозор Собир бутпарасти кунад.Хайхот!ХНИТ хам бозихои сиёсиро дуст медошта аст.Бозингарони ришдору бериш!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз баҳри худо, ки моликон ҷавр,
Чандин накунанд бар мамолик.
Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд
Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!