Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:34

"Рақсу сурудхонии Э.Раҳмон ба худаш маъқул нашудаанд"

11 июн 2013, 14:40

Аксар расонаҳои хориҷӣ дар ду ҳафтаи охир дастнорас будани Ютуб (YouTube) дар Тоҷикистонро ба нашри навори тӯи писари раисиҷумҳур -- Рустами Эмомалӣ рабт додаанд. Дар ин навори видеоӣ, ки нимаи дувуми моҳи майи соли ҷорӣ аз тариқи телевизиони “К+” (Қазоқистон) пахш шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар тӯи писараш рақс ва як тарона иҷро кардааст.

Сайти “Mail online news” матолиберо зери унвони “Навори манъшудаи Эмомалӣ Раҳмон” ва “300 000 тамошобини навори сурудхонии президенти Тоҷикистон” нашр намудааст. Ин торнамо менависад, “ягон нафар намехоҳад, ки камбудҳояшро дигарон бидонанд. Аз ин рӯ, вақте навори видеои рақс ва сурудхонии президенти Тоҷикистон дар тӯи писараш дар YouTube паҳн гардид, мақомот ҷилави ин корро ба даст гирифта, дастрасӣ ба шабакаро қатъ карданд.”

Ба навиштаи “Mail online news”, ҳоло аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон, 2 миллиони онҳо ба интернет дастрасӣ доранд. “Акси тамоми лаҳзаҳои рақсу сурудхонии президент аз рӯи навор гирифта шуда, бо шарҳҳо дар сайтҳо гузошта шудааст”,-навиштааст “Mail online news”.

Сarbonated.tv ҳам ягона баҳона ё сабаби баста шудани Ютуб дар Тоҷикистонро пахши навори тӯи писари Эмомалӣ Раҳмон донистааст. “Қаблан чанд бор ин шабака аз ҷониби мақомоти тоҷик баста шуда ва боз гардид буд. Дар бештари кишварҳо шабакаҳои иҷтимоиро баъд аз пахши наворҳои ифротӣ ва экстримистӣ мебанданд, аммо дар Тоҷикистон ин шакли дигар дорад”,-таъкид шудааст дар матлаб.

NewsIndex.biz мақолаеро бо номи “Тоҷикистон баъд аз тамошобини зиёд пайдо кардани видеои рақси президент YouTube-ро дастнорас кард” нашр кардааст. Дар ин матлаб тӯи писари президент Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҷузъиёташ шарҳ дода шуда ва дар зери он навори тӯй ҳам гузошта шудааст.

Eurasianet.org дар ин маврид матлаберо навишта, гуфтааст, “комилан мушаххас нест, ки чӣ қадар истифодабарандагони интернети Тоҷикистон навори видеои президентро тамошо намуда бошанд, лекин дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳое назири YouTube, ба мардум нороҳатӣ меорад.”

Ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, тӯи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2007 сабт шуда, танҳо 18-уми майи соли ҷорӣ тавассути Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари Ҷунбиши сиёсии "Ватандор", дар “K+” пахш гардид. Дар пайи пахши ин навор дастрасӣ ба сайти телевизиони “К+” ҳам қатъ шуда, то ҳанӯз масдуд аст. Расонаҳои хориҷӣ менависанд, ба худи Эмомалӣ Раҳмон рақсу сурудхониҳояш маъқул нашудаанд ва ин аст, ки мақомот масдудсозиҳоро пеша кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран овозаи ба шавҳар баромадани духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Заррина ба писари Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯи забонҳо омад. Бархе аз хабаргузориҳо низ навиштанд, ки гӯиё ин базми арӯсӣ дар Пуғус (Варзоб) рӯзҳои истироҳати гузашта сурат гирифтааст. Вале ин ин хабар расман тасдиқ нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • донишчу аз ИМА

  • 12 июн 2013 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардуми мо ачиб аст худашон худашона маскара мекунанд. президент одам нест магар? У низ писар калон кардаст бамонанди дагарон албатта иноро касе намефахмад ки баъди 7 духтар ягона писараш хаст....писари калони аввалин туи писараш... умеду шавку орзую хавасхои падару модар танхо дар писар аст,дустон инро шумо ба сиёсат дахолат накунед. мараг шумо туи накарда буден ва падаратон дар туи шумо нараксида буд? ё писаратонро туи накарда буден? чи шумо барои писаратон келин оварданро орзу надоред? в.г
мардак дорад мекунад дасташ имруз мерасад барои бачаш мекунад кори дигарон чи албата медонам ки конуни расму оин аст "барои оилахои камбизоат" бар додагони худо ситеза макун аммо додагони худо бо дороиашон азхуднараванд.
ин суханхое ки ман гуфтам бовар кунед ин пуштигири аз чаноб не шумо худатон фикр кунед акл кати о кадом падар дар туи фарзанд раксу сурур намекунад? ваи Дододжона гуи акл надора ваи худаш ки шармандааст мехохад моро низ шарманда кунад.
Ман ба наздики маколахои таасуротии сафарии журналистонро ба амрико хондам дар ончо гуфтаги хаст ба хамон штате ки онхо карор доштан Обама ташриф овард ва онхо бегони дарак ёфтанд ки президент омадасту рафтаст магар ин одоби шахрдории онхо нест? ва боз менависанд ки зимни вохури бо журналистони ким кадом рузномае гуфтаанд, ки хабари мухим он аст, кадом дастаи футбол ё ганбол бо кучо бози мекунад инро мардум хеле интихор мекашанд, магар ин солими нест?
одам азодам ранг мегирад....
Посух додан
  • Точик

  • 12 июн 2013 12:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кандаша хурад Чаноби оли хама барои туйи фарзанд чикоро мекунанд магар дар туйи худ ракс кардан мумкин нест гуянда номахкул кардаст халолат бод раис чумхур
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар асл вақтхушӣ ва суруд зондан на ҳама вақт мазмуму бад будааст, ҳатто рақс агар дар ҳарими хусуӣ ва омехта бо марду зан набошад.. Ва хушвақтию суруд гоҳе муҷиби нишоту беҳбудӣ ҳам мешавад.. Аммо чизи мазмум ва бад фоҳиш шудан ва таъсири манфӣ ва бад боқи гузоштани аз онҳо мебошад, ки қадаҳбардории бардавом дар ҳузури омма, ва суруду сухан кардан дар ҳолатҳои мастӣ ва бо шеваҳои ба роҳбаруну сарварон бегона, метавонад ба он мисол шавад..
Нуширавон яке аз подшоҳон ва ба одилӣ шуҳрат ёфтааст, ҳангоми бо ҷамъи сарбозону дарбориёнаш ба шикор баромадан, барои хурдани сайдҳои худ намак зарурат мешавад.. Ба дастгоҳи худ маблағе дода аз деҳаи наздик ба онҳо овардани намакро талаб мекунад.. Аз дарбориён пешнҳоеде мешавад, ки ин деҳа ҷузъи мамлакати ҷаноби олӣ буда, аз худи шумо ба шумор меравад, шоҳро зарурат нест, ки барои намак, ки он ҳам арзиши баландро надорад пул бидиҳад..
Шоҳ ин пешниҳодро сахт рад карда мегуяд: "Агар шоҳ барои намак ба раъияти худ пул надиҳад, мансабдорони мамлакати ӯ мурғу чорвоҳои мардумро дар сих кабоб карда мехуранд"..
Дар воқеъ шерозаҳои зарини таърих илова бар таъсири бад гузоштани ин гуна рафторҳо аз тараи роҳбарону ҳокимон болои мардум, ҳама гуна рафтору кирдори онҳоро дар худ ҳифз мекунанд ..
Посух додан
  • Донишчу аз Панчакент

  • 19 июн 2013 16:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тавре ки Шумо баромад кардед хостед ба мардум нишон дихед, ки чи тавр рохбари давлат дар туйи писараш хурсанди мекунад магар ин гунох аст, кадом падару модар дар туйи фарзандаш шодиву хурсанди намекунад, ё сарвари давлат хаќќи истирохатро надорад, хаќќи хурсанди карданро надорад, иштибох мекунед Сарвари давлатамон на танхо дар туйи писараш балки харрўз хурсандиву шоди кунад кам аст, чунки вакте, ки ба сари кудрат омад дар Точикистон ягон нафас хам ороми набуд мардум дар давлатхои бегона номи гурезаро гирифта буданд вале Ў шабу рўз аз бахри хама чизи дунё гузашта бањри сулху субот дар Точикистони азизамон хизмат кард бо ваъдањои худ сазовор истод, хама мардуми Точикро ба ватан баргардонд Тољикони тамоми чахонро муттахид гардонд, имрўз Ў натанхо президенти Точикистон аст балки тамоми мардуми Тољикзабони дунё Эмомали Рањмонро президенти худ мешуморанд, агар мо мардуми Точик мехнатхои сарвари давлатамонро надонем бовар кунед насли оянда моро намебахшад.

Чи ин кадар аз мухочир будан шикоят мекунед,шарм кунед хамин марде ки ин шеърро хондаст худ мухочир аст , ин огои эрони ба кадри давлату миллати мо мерасаду Шумо ки точик хастен ба мисли занакои лаби об гайбат мекунед.Шукрона кардан даркор касе ки намехохад мархамат наравад мухочир нашавад бо дили соф мехнат кунад дар ватани худ хам ризкашро меёбад.Барои мардо айб аст ин кадар лоф задан.Хунар омузед касб омузед аз Худо ризки худро талаб кунед аз он , ки гвайбат карда ба гапои кадом як мухолиф дода мешавед.Айб аст як бор андеша кунед охир бо як нафар Хитоихоро мисол овардаст намебини ки Хитоихо чандин сол аст ки гарму сардии хаворо нигох накарда дар Точикистон мухочирану бо азобу укубат барои мо кух мекананд, дар тунелхо кор мекунанд.Хар кас дар кучое ки ризки худро ёбад мархамат.Хамин кадараш бас аст ки мо дар хонадонамон садои тую сурро мешунавем, на ин ки чангу чанчолро нафаси озод дорем ин кофист!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • basir

  • 20 июн 2013 22:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом дустон! КИ АЗ ТАРИКИ ТЕЛЕВИЗЕНИ РУССИЯ " шайтон поездро" тамошо кард? ва чи андеша нисбати ин хукумати азиз доред?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба касе лозим буд тамошо кард.аз тарики сомонаи ютуб ё канали к+.ютуб кшоен аблахо!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Eurasianet.org дар ин маврид матлаберо навишта, гуфтааст, “комилан мушаххас нест, ки чӣ қадар истифодабарандагони интернети Тоҷикистон навори видеои президентро тамошо намуда бошанд, лекин дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳое назири YouTube, ба мардум нороҳатӣ меорад.”

Ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, тӯи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2007 сабт шуда, танҳо 18-уми майи соли ҷорӣ тавассути Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари Ҷунбиши сиёсии "Ватандор", дар “K+” пахш гардид. Дар пайи пахши ин навор дастрасӣ ба сайти телевизиони “К+” ҳам қатъ шуда, то ҳанӯз масдуд аст. Расонаҳои хориҷӣ менависанд, ба худи Эмомалӣ Раҳмон рақсу сурудхониҳояш маъқул нашудаанд ва ин аст, ки мақомот масдудсозиҳоро пеша кардаанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!