Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:57

Ҳама розӣ? Розӣ! Ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси Миллӣ “ором” гузашт

12 июн 2013, 10:11

Ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ки бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми июн баргузор шуд, бидуни баҳси зиёде поён ёфт.

Аммо аъзои Маҷлиси Миллӣ талош карданд, бештар дар бораи тағйиру иловаҳо ба “қонуни муқовимат ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” суҳбат кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, ҳадаф аз баргузории ин ҷаласаро низ “пурзӯр намудани корҳо сари ин масъала” донист. Вай гуфт, ҳоло Тоҷикистон алайҳи терроризм муборизаи беамон мебарад ва ба ин амалаш идома хоҳад дод.

Бахтиёр Худоёров, раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва узви Маҷлиси Миллӣ, гуфт, аз ҳисоби вазорату идораҳои давлатӣ дар робита ба пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм як комиссияи махсус таъсис меёбад.

Дар ин ҷаласа, ки онро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, раҳбарӣ мекард, ҳамчунин тарҳи қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, “тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон”, “иловаҳо ба қонун “Дар бораи нотариати давлатӣ” қабул карда шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!