Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Кумитаи дини Тоҷикистон: “Қаҳрамон”-и навори фаҳшо имомхатиб нест

12 июн 2013, 12:20

Кумитаи умури дини Тоҷикистон мегӯяд, марде, ки дар як навори фаҳшо бо риш акс ёфтаву баъдан дар расонаҳо ҳамчун имомхатиби яке аз деҳаҳои ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ шуд, дар феҳрист ё рӯйхати имомхатибони онҳо қарор надорад.

Як манбаи мо дар Кумитаи дин рӯзи 12-уми июн гуфт, “қаҳрамон”-и навори фаҳшо фориғуттаҳсили донишгоҳҳои Эрон ва Покистон буда, ӯро кумита расман иҷозаи фаъолият надодааст. “Мардуми моро медонед, дидаанд, ки мард аз хориҷ омадаасту риш дорад, як-ду бор дар намоз пешдаро кардаанду халос. Дар асл ӯ имомхатиб набуд”,-афзуд манбаъ.

Дар се соли охир имомхатибон тавассути Кумитаи дини Тоҷикистон интихоб мешаванд. Мақомот сари ҳар шаш моҳ ва ё як сол ин имомхатибонро мавриди санҷиш қарор дода, дониши диниву дунявии онҳоро месанҷанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Шӯрои уламои Маркази исломӣ мегӯянд, эҳтимол баҳси ин навор дар ҷаласаи онҳо, ки қабл аз фарорасии моҳи Рамазон сурат мегирад, баррасӣ хоҳад шуд. Ин навори фаҳшо ҳафтаи гузашта ба шабакаи Фейсбук роҳ ёфта, вокунишҳои зиёдеро ба дунбол дошт.

Дар ин навор дида мешуд, ки марди ришдор бо зане робитаи ҷинсӣ дорад ва ин лаҳзаҳоро тавассути телефон наворбардорӣ мекунад. Зоҳиран зан аз ин сабти навор нороҳат аст ва дар охир ҳам пофишорӣ мекунад, то мард сабташро поён бидиҳад. Ҳарчанд дар пайи шикоятҳои батакрори корбарони Фейсбук навор баъдан аз саҳифаҳои ин шабака ҳазф гардид, аммо баҳси гарми он ҳанӯз хомӯш нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точик

  • 12 июн 2013 12:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро кормандони Кумитаи дин мегуянд ки навари дар навор буда имоми масчид нест? Хол он ки ин нафар ноиби имом- хатиби масчиди марказии дар маркази нохояи Ленин-Рудаки буда, мебошад. Факат имомхои хукумати ба чунин корхо даст мезананд. Зеро хукумат дар интихоби имоми масчид авлавиятро ба нафароне медиханд ки гапгири мансабдорон бошанд на шахси аз Худо метарсидаги. Вакте ки уламохои бо такво в Худо тарсро аз мачидхо пеш кардед, бар хилофи конунхои худатон барвардаги, чунин амалхо дар оянда зиед такрор мешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!