Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)

12 июн 2013, 12:57

Созмони ҷаҳонии кор (СҶК) дар робита ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо кори кӯдак, ки ҳамасола 12-уми июн таҷлил мегардад, гузориши тозаи худро нашр кард.

Бино гузориши ин созмон, беш аз 10 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон дар шароити ғуломдорӣ дар манзилҳои шахсӣ ба фаъолият машғуланд. Пажуҳишгарон мегӯянд, 71 дарсади кӯдакони мазкурро духтарон ташкил медиҳанд ва 6,5 миллиони онҳо аз синни 5-солагӣ ба кор шурӯъ мекунанд.

СҶК дар гузориши худ, «Решакан намудани меҳнати кӯдак дар шароити хонавода», овардааст, ин кӯдакон одатан дар манзилҳои шахсони саввум ва ё корфармо кор карда, бештар бо рӯбучин, обкашонӣ, дарзмол кардани либосҳо, омода кардани ғизо, нигоҳбунии пиронсолон, тифлон ва боғ машғуланд.

Констанс Томас, раҳбари барномаи байналмилалии СҶК оид ба решакан намудани меҳнати кӯдак, мегӯяд, "аксари онҳо ба хушунати физикӣ, равонӣ ва ҷинсӣ гирифтор шуда, корфармоён бештар онҳоро аз чашми мардум дур нигоҳ медоранд, то комилан аз лиҳози равонӣ онҳо вобаста ба корфармои худ бошанд."

Тасвири кори кӯдакон дар Тоҷикистон:


Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)

Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)

Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)

Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)

Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)

Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)

Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)

Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)

Миллионҳо кӯдаки рӯи дунё хидматгоранд (АКС)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чамшед

  • 12 июн 2013 13:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вой бар чони хамин кудакони бечора.............
Посух додан
  • УСТУВОР

  • 12 июн 2013 14:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НА БАРОДАР ВОЙ БАР ХОЛИ МАНУ ТУВУ ИН МИЛЛАТУ ИН КИШВАРУ САРАНДАРКОРОНИ ИН ДАВЛАТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гирям аз он ки ту танхоиву ман танхотар Ватанам о Ватанам о Ватанам
Посух додан
  • фарзона

  • 12 июн 2013 16:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар хато накунам мувафики конун "Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд" кудакон то синни 16-солаги кор набояд кунанд ва ба дарс фаро гирифта шаванд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
салом аксҳои дилхарош, зананда, обкунанда, бедоркунанда, дардовар, андуҳовар, андешаовар ва......... албатта барои ононки виҷдони инсонӣ дошата фарзанди мардумро барояш шаъни инсонӣ қоиланд.
куҷоянд ононки аз озодӣ, рифоҳ, тарбият, ҳуқуқ, мусалмонӣ, ва ... ҷор мезананд ва гушамонро кар кардаанд? . оё як бор он ҷипсавороҳояшонро дар ҷои инҳо фикр кардаанд? оё як бор ин аксҳоро дидаанд? оё оё оё...
хулоса дилам дард дораду марҳам надорам..
ноларо ҳарчанд мехоҳамки пинҳон даркашам, сина мегуядки ман танг омадам фарёд кун. уффффффффффффффф аз .....Чамшед,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин тасвирхоро созмонхои гайридавлати,ки аз Соросу порос маблаг мегиранд,баъди кофе-брейк барои напамят гуфта мегиранду баъд Точикистона гунахгор мегуянд.Инсофатон сузад.
Посух додан
  • тоҷир

  • 14 июн 2013 20:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инсофи ту бари зиёи сузад илохо бо хамин хулосабарорихоят форос ба кори худаш машгул аст ин аксхо ба онҳо чи дахл дорад. Маълум, ки ту хам як лагандбардори шояд зиёи хам набоши.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!