Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:10

"Талаби 150 000 сомонӣ аз сӯи Аскар Ҳаким даъвои хушку холист"

12 июн 2013, 16:40

Иноят Иноятов, вакили мудофеи нашрияи “Самак”, даъвои шоир, Аскар Ҳакимро барои рӯёнидани 150 ҳазор сомонӣ аз ин нашрияро беасос донист.

Иноятов рӯзи 12 –уми июн ба “Озодагон” гуфт, “даъвои шоир Аскар Ҳаким барои маҳдуд кардани озодии сухан нигаронида шудааст. Мақолаи “Зиёиёни бе мушкили тоҷик” мақолаи таҳлилӣ-танқидӣ буда, дар он ягон иттилооти бардурӯғ ва пастзанандаи шаъну шараф вуҷуд надорад ва нашри он ба даъвогар ягон намуд зарари маънавӣ нарасондааст.”

Вакили мудофеи “Самак” афзуд , пагоҳ 13-уми июн ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, ваҷҳҳои беасос будани даъвои Аскар Хакимро ироа хоҳанд кард.

Аскар Ҳаким, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 6 -уми июн аз болои нашрияи “Самак” ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикоят бурда, 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намудааст. Ба гуфти Аскар Ҳаким ин нашрия матлабе, бо унвони “Зиёиёни бемушкили тоҷик”-ро 21-уми марти соли 2013 чоп карда, ба таҳқиру туҳмат ва паст задани шаъну шарафи ӯ роҳ додааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иноят Иноятов, чанд сол нону намаки Шурои ВАО, грантхои Сорос ва дигар созмонхои марбути журналистиро обу лой карди, хатто 4 мох дар Киев аз хисоби бурсияи медиёи курси хукук хонди. Аммо дар бахси додгохии "ИмрузNews" бо ширкати Точирон "чашм пушида" ба руи ахдофхои чавхари туф карда, барои 10-20 танга аз ширкати бензинфуруш химоя карди.
Акнун боз аз ВАО пуштибони карда, ман туро хеч нафахмидам
Посух додан
  • Точикбача

  • 12 июн 2013 22:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Аскар Хаким магар бо чашми хирад бингари факат порахури дар авч аст барои инки пул надоред. вакте ки мо пул дорем обруйи мул дорем .зог хам бошем овози булбул дорем .
Посух додан
  • озод

  • 13 июн 2013 08:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
о мардак хукукшинос аст , касе ки мурочиат кард химоя мекунад.. чура дар хусуси ширкати бензинфуруши худат як дурустар фикр кун ..кадом точик мурдафуруш шудааст.. инсоф хам даркор ..ман чура дар сад сол аз кафои вай ширкати бензинфур намераваму хакикат аз хама болост..
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маъзарат мехохам аммо ман фикр мекунам, ки обруи Аскар Хаким худ 150 хазор сомон арзиш дорад ё не

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!