Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:57

Ҳабси панҷ мошини Зайд Саидов ва наздикони ӯ

12 июн 2013, 19:29

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон то кунун панҷ мошин ё худрави мансуб ба Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав ва наздикони ӯро ҳабс кардаанд.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, гуфт, аз ин теъдод танҳо як мошин мансуб ба нафари таҳти ҳимояташ буда, 2 адади он ба писарон ва дуи дигар ба бародару бародарзодааш тааллуқ доранд.

Ба қавли ӯ, ин мошинҳо дар моҳи гузашта, ба дунболи боздошти Зайд Саидов, сурат гирифтаанд. Ин вакили мудофеъ афзуд, ӯ аз Оҷонсии мубориза бо коррупсия хостааст, то мошинҳое, ки мансуб ба Зайд Саидов нестанд, аз ҳабс озод намоянд. “Вале то ҳанӯз ба ин муроҷиатам посухе нагирифтаам”,-илова кард ӯ.

Аммо мақомоти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар ин бора ҳарф намезананд.

Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз хориҷа боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Ин боздошти оқои Саидов, ки аз соли 2002 то 2007 вазорати саноати Тоҷикистонро ӯҳда мекард, баъд аз он сурат гирифт, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ эълон кард, Тоҷикистони нав, ҳизби нави сиёсиро асос хоҳад гузошт.

Ҳоло мақомот Зайд Саидовро дар тақаллубкорӣ муттаҳам медонанд ва Оҷонсии зидди фасод алайҳи ӯ парванда боз кардааст. Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси зидди фасод, чанде пештар ба “Озодагон” гуфта буд, санҷиши парвандаи Зайд Саидов дар тӯли ду моҳ баррасӣ ва бояд ба додгоҳ ирсол бишавад. Бино ба хабарҳо, ҳоло Оҷонсӣ ва Кумитаи андоз барои санҷиши корхонаҳои тобеи Зайд Саидов ва наздикони ӯ шурӯъ кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Tadjik

  • 12 июн 2013 23:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед ин Очонсии зидди фасод дар Точикистон барои нафъи миллату Ватан кор намекунанд инхо танхо барои худ маблагхои муайян ба даст меоранд. Биёед аз сардории ин очонси сар карда дар шохидии тамоми мардуми шарифи точик санчиш гузаронем бубинед, ки хамон хонахои бохашамати сардори ин очонси ва мошинахои гаронбахое, ки фарзандони онхо мегарданд аз маоши онхо нест........................боки худашон казоват кунанд .Ман шохиди тафтишоти як гурух кормандони ин очонси гаштам дидем, ки дар як нохияи дурдаст омаданд аммо он камбудихое,ки пайдо карданд ба касе парвандаи чинои накушоданд танхо аз онхо маблагхои муайян гирифта ва гуфтанд, ки хапи мою хапи Шумо

Ман тарфдори ин очонси нестам ва бар зидди хукумати точикистон баромад хам намекунам , амммо дили ман барои мардуми точик месузад .Бигузор аз руи ин очонси ва дигар макомотхои кудратии Точикистон тафтишот гузаронанд бубинед,ки бо маошашон то кучо зиндаги мекунанд
Посух додан
  • Firuz

  • 13 июн 2013 02:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Heshu tabori janobi oli , hudojo shukr zijod shuda raftos , onho moshin yake nadorand darkor shuda memonad ohir !Aknun in hukumati gado huni in mardaka makidanash darkor , vale az duzdivu goratgarii hudashon nazdi mardum sharm namekunand ...
Посух додан
  • ФИРДАВС

  • 13 июн 2013 23:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БАРОИ КОРМАНДОНИ КОРУПЦИЯ МОШИН ДАРКОР БУД,барои хамин мошинора наметиян НОДИДАХО

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!