Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:45

“Агар Бузаки ҷингалапоро ҳам рӯи саҳна орам, маро зидди президент мегӯянд”

13 июн 2013, 09:51

Рӯзи 20-уми июн дар Бишкек, маркази Қирғизистон, намоиши коргардони саршиноси тоҷик, Барзу Абдураззоқов, аз рӯи асари “Қиёмат”-и Чингиз Айтматов баргузор хоҳад шуд. Хабарнигорони “Озодагон” дар ин бора бо Барзу Абдураззоқов гуфтугӯе доштанд, ки хулосаи он пешкаш мешавад.

Озодагон:
Барои чӣ маҳз асари “Қиёмат”? Айтматов асарҳои зиёди дигаре дорад...

Барзу Абдураззоқов: “Ин кори дасти ман набуд. Хоҳиши худи қирғизҳо буд, ки ин асарро рӯи саҳна биорам. Имсол Қирғизистон аз 85-солагии Чингиз Айтматов таҷлил мекунад. Моҳи сентябр дар ин ҷо як фестивали махсус бахшида ба солрӯзи Чингиз Айтматов баргузор хоҳад шуд ва ин намоиш низ барои ҳамон рӯз аст. Аммо ман дер ё зуд бе ин ҳам ҳатман ба Айтматов рӯй меовардам. Барои он ки Айтматов ин Айтматов аст ва ман навиштаҳои ӯро хеле дӯст медорам. Ҳар як намоиши театрӣ ин як тақдир аст. Гумон намекардам, ки маҳз ҳамин асари Айтматовро рӯи саҳна меоварам. Айтматов дар зиндагии ман нақши бузурге дорад.”

Озодагон: Ҷолиб аст, ки ин романро Айтматов ба забони русӣ навишта буд, вале вақте он ба забони қирғизӣ тарҷума шуд, номаш каме тағйир ёфт: “Қиёмат”, яъне рӯзи маҳшар...

Барзу Абдураззоқов: “Айтматов дар роман ташвишҳои худашро нишон додааст. Ӯ дар роман маъсалаи нобудшавии ҷаҳон ва нестшавии идеалҳоро бардоштааст. Ва ин эҳсоси ӯ бо эҳсоси ман наздиканд, ки ҷаҳон дар остонаи нобудӣ қарор дорад. Ман мебинам, ки имрӯзҳо на танҳо шар (бадӣ) бар некӣ (хайр) пирӯз шуда истодааст, балки мардум ҳама рӯй ба бадӣ меоваранд.”

Озодагон: Вазъи театрро дар Қирғизистон чӣ гуна дарёфтед?

Барзу Абдураззоқов:
“На танҳо Қирғизистон, балки дар Узбакистон ва Тоҷикистон ҳам вазъи театр нороҳаткунанда аст. Мо талантҳоро (истеъдодҳо) намепарварем. Муҳим нест, ки миллати ту кадом аст, муҳим сифати кори туст. Мо бояд аз ҳамдигар биомӯзем, аз тоҷиқ, аз рус, аз яҳудӣ. Аммо дар Русия вазъи театр беҳтар аст, чун дар он ҷо истеъдодҳоро мепарваранд. Театр ҳадду канор надорад. Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) чунин ҳадисе доранд, ки агарчӣ илм дар Чин бошад, бираву аз онҷо бигир. Театр ин ҷаҳонбинист, ин дониш аст. Имрӯз театр обрӯяшро гум кардааст. Дар ин вазъ, ки қарор дорад, наметавонад мардумро ба худ ҷалб созад. Театр ин идеология аст. Дар мо идеологҳо нестанд. Театр ҷои мардуми “девона” аст, аммо чунин афрод нестанд. Дарҳои ҳамаи театрҳои Тоҷикистон имрӯз барои ман баста шудаанд. Агар имрӯз афсонаи “Бузаки ҷингилапой”-ро рӯи саҳна биоварам, ҳатман маро бар зидди президент Раҳмон будан айбдор мекунанд. Одамони солимақл ин корро намекунанд, ин кори беақлон аст, ки чунин фикр мекунанд. Ман худтаърифкуниро намеписандам, аммо дар Осиёи Марказӣ обрӯ ва манзалати худро дорам. Дардовар аст, ки наметавонам дониш ва малакаи худро ба мардуми Тоҷикистон бубахшам.”

Сӯҳбати Марат Мамадшоев ва Мирлан Киизбоев


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Алӣ

  • 13 июн 2013 10:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имрузҳо ваъият на танҳо дар соҳаи театр, балки дар ҳамаи вазорату кумитаву корхонаҳои давлатӣ даҳшат. бемасъулиятӣ, маҳалгароии руирост ва дилшикастагиву яъсу навмедӣ рӯҳияи мардумро фаро гирифтааст. Ҳамин сиёсат аст, ки ҳазорҳо кадрҳои тоҷик дар мусофирӣ интеллекти худро барои пешрафтӣ кишварҳои бегона равона мекунанд. Агар ин раванд боздошта нашавад чанде пас аз миллат чизе боқӣ намемонад..
Посух додан
  • ALI

  • 13 июн 2013 16:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Давлат Худоназаров, Бахтиер Худоназаров, Валерий Ахадов, Толиб Шахиди, Табрез Шахиди, Далер Назаров, Парвиз Назаров, Ситора Назарова, Самад Мансуров и многие другие наши представители исскуство, которым не нашлось здесь место и теперь они успешно работают в других странах. Видимо культуру не нужна современному Таджикистану
Посух додан
  • Хусрав

  • 20 июн 2013 14:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
[right][/right]Имруз театор ба ки лозим аст!Дивиди чои хама намоишхоро гирифтааст.Хубаш санъаткорон худро гам надода аз сахнаи театор ба кино гузаранд.Чунки афсонаи бузаки чингилапоро кудакон гуш намекунанд дар чое,ки филми тасвирии бо номи Шрек машхур аст онро эътироф мекунанд.Аз хамин лихоз банда кори кормандони театорро паст задани нестаму пешниход дорам театорро ба мулти ё видео-театор табдил диханд бехтар мешавад.Дар саддаи нав олимон кашфиётхои зиёд намуданд,ки хатто як кудак дар як лахза медавонад хам филми тасвир тамошо кунад хам филмхои кудаконаро дар лахзаи муайяни дида бошад.Аз ин лихоз санъаткорони мухтарам хафа нашаваед дигар бузаки чингилапо ба ягон пояш кудаконро дарёб намекунад.Кудакон алакаи аз афсона пештар фикр мекардаги шудаанд.
Посух додан
  • Ahmad

  • 2 ноябр 2013 16:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои давлатмардони мо Барзy Худоназарy дигар рушанфикрон кордонон лозим нестанд. Инҳо шахсро на барои истедод ва салоҳият балки аз кадом маҳал ва чигyна лаганбардор бyдани он ба мансабдорон баҳо медиҳанд. Дар назди инҳо шарy ботил он ашхосе ҳастанд ки бо истедодy бо салоҳият ҳастанд ва метавонанд коре арзандаро барои миллати Тоҷик пешкаш намоянд. Ба Русҳо Худоиназар ва ба Қирғизҳо Барзy зарyр бошад ба мансабдорони мо мадоҳонy лаганбардорон аз ҳар ҷоy макаоне бошанд. Мо миллати зиндакyшy мурдапарварем. Фикр мекунам имрузҳо миллат ба рушанфикрон руҳониён озодандешон далерy ҷасyр зарyрат дорад ки тасмимҳои хyд калаванда набошандy ба хyд етимод дошта бошандy дар расидан ба аҳдофи худ ҷонфидоиҳои беназирро пеша кунанд. Фарҳангиёнy руҳониёни ва yмyман озодандешони мо тарсyанд ва тарсy бофарҳанд кордон ва бо истедод ҳам ки бошад коре амалиро анҷом дода наметавонад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!