Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:39

Дахлнопазирии вакилони маҳаллии тоҷик лағв шуд

13 июн 2013, 10:31

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони маҳаллӣ ва шаҳрию вилоятиро лағв карданд.

Ин тасмим дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи 13-уми июн, ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакилони халқии ВМКБ, вилоятҳо шаҳри Душанбе ва ноҳия" гирифта шуд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, зимни муаррифии тағйирот ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакилони халқии ВМКБ, вилоятҳо шаҳри Душанбе ва ноҳия" изҳор дошт, ки баъзе нуктаҳояш ба Сарқонуни Тоҷикистон мухолифат доштанд. Акнун ба гуфтаи Салимзода, додситони кул, вилоят ва шаҳрӣ ҳақ дорад, нисбати вакилони маҳаллӣ парвандаҳои ҷиноятию маъмурӣ кушоянд ва танҳо додгоҳи олӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ ҳаққи баррасии онҳоро доранд. Ба гуфтаи Салимзода мақомот ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар сурати оғози парванда дар бораи вакилон маълумот ҷамъ оранд ва метавонанд суҳбатҳои телефонияшонро гӯш кунанд.

Вакилони Маҷлиси Намояндагон дар шарҳи ин тасмими худ гуфтанд, вакилони маҳаллӣ дар баъзе ҳолат аз мақоми дахлнопазирияшон сӯистифода мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми май Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар пайи муроҷиати додгоҳ дахлнопазирии узви ин маҷлис Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро, ки як рӯз пештар аз он боздошт шуда буд, лағв кард. Ҳамакнун ба гуфтаи вакилони парлумон, мақомоти додситонӣ ва пулис ҳақ доранд, бидуни дарёфти санаде аз маҷлисҳои маҳаллӣ ва шаҳрию вилоятӣ вакилонро боздошт ва, ҳамин тавр, бозпурсӣ кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хонанда

  • 13 июн 2013 10:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъди ин боз чигуна метавон гуфт, ки қазияи Зайд сиёсӣ нест. охир ба хотири рӯйпӯш кардани қонуншикании худ ин бечораҳо, садҳо шахсони дахлнопазирро аз ин имтиёз маҳрум карданд ку. аз тарафи дигар ин боз ифодагари қудрати Зайд ва ё заъфи мақомоти расмӣ мебошад...........

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!