Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

70%-пулҳои дар муомилот буда берун аз бонкҳо дар гардишанд

15 июл 2011, 09:33

«Амонатбонк» барои нафақахӯрон ва кормандони буҷавӣ истифодаи кортро ба роҳ мондааст.


Вале дар аксари ноҳияҳо банкомат нест ва ҳангоми аз банкоматҳои дигар бонкҳо истифода кардан аз гӯшаи нафақа ва маоши одамон фоизи муайяни моҳона ситонида мешавад, ки ин бар зарари нафақахӯрон ва кормандони буҷавӣ аст. Аз сӯи дигар бо дар назардошти он ки бештари аҳолии ҷумҳуриро мардуми деҳот ташкил менамоянд ва дар деҳот банкомат нест, барои мардум мушкили гирифтани моҳона тариқи кортҳои пластикӣ ҳалношуда боқӣ мемонад.
Баҳром Шарипов, як коршиноси умури бонк мегӯяд, пардохти маош ва нафақа тариқи кортҳои пластикӣ ин раванди муосир ва пешрафта аст ва ба танзим даровардани гардиши пул бо ин усул истифодаи оқилона ва иқдоми зарурист. «Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 70-фоизи пулҳои дар муомилот буда, берун аз бонк, аз даст ба даст гардишанд, ки аз доираи танзими Бонки Миллии Тоҷикистон берун рафта, дар рушди иқтисодиёт таъсири манфӣ дорад. Ба хусус сатҳи афзоиши таваррум зиёд мешавад, ки боиси коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ ва паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Истифодаи кортҳои пластикӣ на фақат барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон пешбинӣ шудааст, балки соҳиби ин корт дар вақти ба худаш мувофиқ, ҳам рӯзи корӣ ва ҳам рӯзҳои истироҳат, бе дахолати кормандони бонк метавонад пулашро гирад ва маҳсулоти мавриди ниёзашро аз мағозаҳои дорои посттерминалҳо харад», иброз дошт Шарипов
Ин дар ҳолест, ки ба қавли Гулнора Ҳасанова, барои пурра таъмин кардани ҷумҳурӣ бо банкоматҳо маблағи ҳангуфт лозим аст ва инчунин дар навоҳии дурдаст норасоии барқ ва аз кор баромадани дастгоҳҳо аз проблемаҳоест, ки ба рушди ин механизм монеа эҷод мекунад. Вале ӯ мегӯяд, ки шумораи истифодабарандагони кортҳои пластикӣ рӯ ба афзоиш аст ва то охири сол дар нақша ҳаст, ки ба 100 ҳазор нафари дигар корти бонкӣ дода шавад. Аммо ин ҳоло дар баробари шумораи умумии нафақахӯрон хеле ночиз аст, зеро теъдоди нафақахурон ба 564 ҳазор нафар расидааст.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!