Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:03

Эҳтимоли хокбориш дар Тоҷикистон

13 июн 2013, 12:44

Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҷангу ғубор ба амал омада, пастшавии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур нест.

Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе, 13-уми июн ба “Озодагон” гуфт то 17-уми июн дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво тағйир ёфта, дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар водиҳо бошад бо вуҷуди тағйир ёфтани дамои ҳаво боришот ниҳоят кам дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои 13-14-уми июн раъду барқ ба вуҷуд омада боронҳои кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нест. Дар минтақаҳои кӯҳӣ бошад то 17-уми июн раъдубарқ ба вуҷуд омада, боронҳои кӯтоҳмудат дар назар аст.

Ба қавли манбаъ, то рӯзҳои 17-уми июн шиддат гирифтани шамол аз самти ғарб то 15-20 метр дар сония дар назар аст ва дар натиҷаи шиддат гирифтани шамол эҳтимолияти хестани чангу ғубор дар минтақаҳои ҷанубӣ ва ноҳияҳои тобеи марказ аз эҳтимол дур нест. Дар натиҷаи дохил шудани ҳавои каму беш сард ва хестани чангу ғубор эҳтимолияти каме пастшавии ҳаво низ дар назар аст.

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки гарчанде рӯзҳои пеш ҳарорати ҳаво то 40-43 дараҷа гарм буд, рӯзҳои наздик дамои ҳаво дар минтақаҳои ҷанубии вилояти Хатлон ба 39 дараҷа мерасад. Рӯзҳои пеш ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд то 28 дараҷа гарм буд ва рӯзҳои наздик бошад ҳарорат то 23-24 дараҷа паст хоҳад шуд. Дар водиҳои вилояти Суғд то имрӯз ҳарорати ҳаво то 40-41 дараҷа гарм буд ва рӯзҳои наздик 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар минтақаҳои вилояти Хатлон низ ҳарорати ҳаво аз 40-41 дараҷа ба 34-35 дараҷа мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво аз 37 дараҷа ба 30-31 дараҷа мерасад. Дар минтақаҳои ғарбии ВМКБ гарчанде, ки ҳарорати ҳаво то 30 дараҷа гарм буд рӯзҳои наздик ба ба 27 дараҷа мерасад. Дар қисмати шарқии вилоят бошад ҳарорати ҳаво то 24 дараҷа гарм буд ва рӯзҳои наздик ба 18-19 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе бошад, то рӯзи 17-уми июн ҳавои тағйирёбанда дар назар гирифта шуда ҳарорат то 34-35 градусро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!