Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:44

Муроҷиати муфтии Тоҷикистон ба сокинони Файзобод

13 июн 2013, 14:43

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони ноҳияи Файзобод хостааст, ки нагузоранд, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои исломии сиёсӣ пайванданд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода манзур аз ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии исломиро шарҳ надода, вале афзудааст, “дини ислом марбути ҳеҷ як созмону ҳаракат нест ва набояд ба манфиати гуруҳе ҳам истифода бишавад.”

Ин ҳарфҳо дар ҷараёни мулоқоти муфтии Тоҷикистон бо масъулони ҳукумат, шуъбаи умури дохилӣ, имомхатибони масоҷиди ҷомеъву панҷвақта ва ҷавонону занони Файзобод садо додааст. Як манбаъ ба “Озодагон” гуфт, мулоқот рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Меҳробод сурат гирифта, дар он раиси Шӯрои уламоро Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи дин, низ ҳамроҳӣ мекард.

Ба қавли манбаъ, дар ин мулоқот як сокини Файзобод дар бораи таълими дини ислом дар мактабҳои миёнаи кишвар аз Ҷумъахон Ғиёсов суол кардааст. Муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфта, ки барои таълими асосҳои дини ислом дар мактабҳои миёна китоби махсусе омодаи чоп аст ва базудӣ таълими он дар мактабҳо ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ду сол қабл мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон таълими фанни Маърифати исломро дар мактабҳо манъ карданд. Мақомот гуфтанд, ин китоб камбудҳои ҷиддӣ дорад, ки бояд таҳриру бозбинӣ шуда, дигарбора рӯи чоп ояд.


Дар акс: Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точикбача

  • 13 июн 2013 15:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муфти дарбор фордо рузи киёмат чи чавоб медихи?бо ин фатвохои бесару нугат масчидхоро басти мардум худаш медонад ба ки бовар кунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин аз бозиҳои пасипардагии пешазинтимода хоботии ҳукумат аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
муфтихой хак гуя овозша махкам кардан ба мисли эшони нуриддинчон хочи мирзо домулло абдурахим ва хамин сайд муккарам масчиди эшони нуриддинчона махкам кард ки дар ин масчид 15 хазор одам намоз мехонд ва хозир 15 хазор одам аз намоз монд!ин барой он ин гапа гуфтааст зодгохи мухиддини кабири райси хизби назхати ислом дар хамончо хаст
Посух додан
  • mardi roh

  • 13 июн 2013 18:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom
inki olimi darbori shudi pas boyad ki qonunhoi ilihiro zeri po kuni chunin ast voqeiyat pas har ki darbori shud bidonad ki khudash khudashro dar indunyo va okhirat khor karda ast.
misol:
olimero shoh meguyad ki biyo khidmati mo kun u meguyad ki man dar khidmati dinam na dar khidmati kas......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо рахмат кунад муфти Амонулохро нав ба кадраш расидем.
Посух додан
  • Камол

  • 14 июн 2013 15:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мебахшед,муфти хеч кадоми шуморо ба зинокори,шаробнуши ё бенамози даъват накардааст,ки фардо рузи киёмат чи чавоб медихи мегуед. У факат гуфтааст, аз террорист шудан худори кунед. Ё дар мавриди дигар хеч яке аз муфтихои Точикистон ба Шумо барин одамон маъкул нест,чунки онхо шуморо ба сулху субот даъват мекунанд ва шумо инро намехохед. Ба шумо муфте,маъкул ки одамонро ба чиход даъват кунад ба монанди оне ки Турачонзода даъват мекард дар солхои навдум.... Наход дар Куръоне ки Шумо мехонед аккалан як далел дар мавриди чи неъмате будани СУЛХ пайдо нашавад. То ба кай аз бовархои динии мардум истифода бурда дар дин торики меореду одамонро дар мукобили хам мегузоред....?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!