Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:34

Дар як рӯз 264 000 тоҷик дар “Одноклассники” мечарханд

14 июн 2013, 11:20

Масъулони шабакаи иҷтимоии “Одноклассники”, ки ҳоло дар Душанбе қарор доранд, гуфтанд, танҳо дар як рӯз беш аз 260 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба шабакаи онҳо медароянд. Ин иттилоъро Мария Лапук, сухангӯи “Одноклассники”, рӯзи 14-уми июн дар сӯҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” баён дошт.

Ин дар ҳолест, ки вариант ё шакли тоҷикии ин шабакаи иҷтимоии русӣ рӯзи ҷумъаи 14-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и Душанбе муаррифӣ гардид. Барои нахустин бор аст, ки як шабакаи иҷтимоии русӣ варианти тоҷикии худро фаъол мекунад.

Мария Лапук, сухангӯи “Одноклассники” гуфт, то кунун интерфейси шабакаи иҷтимоии онҳо ба забонҳои англисӣ, украинӣ, қазоқӣ қирғизӣ ва узбакис ҳам тарҷумаву фаъол шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон се миллион нафар ба Интернет дастрасӣ доранд, ки аксари онҳо худро дар шабакаҳои иҷтимоии маъруфе, назири Фейсбук, Мой Мир, Однокласскники ва Твиттер номнавис карда, бо ҳам табодули аксу назар мекунанд.

Як сол пеш аз ин, “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ваъда дода буд, барои гирди ҳам овардани ҷавонони кишвар шабакаи иҷтимоии тоҷикиро таъсис медиҳад. Аммо бо гузашти як сол ин созмон эълом дошт, ки аз таъсиси чунин шабака даст бардоштааст.

Дар акс: Мария Лапук, сухангӯи шабакаи иҷтимоии “Одноклассники”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Низоми

  • 13 июн 2013 18:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз нигоҳи имконоти дар ихтиёр доштаи иқтисоди ва тавонои фанни қаноти ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон “Созандагони Ватан”ро фикр намекунам,ки ишколе дошта бошанд.Он чизе,ки боиси даст бардоштанашон шудааст,ғолибан аъзо ва иштироки фаъоли ҷавононе,ки назари мухолиф доранд мебошад.Эҳтимол меравад аз ҳамин омил бим доранд,ки нашавад барои тайиди назарҳояшон аксуламал бештар корида шавад ва инъикоси манфи диҳад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хотиратон расондани хастам ки шабакаи дигаре бо номи "ВКОНТАКТЕ"
бо точики вучуд дорад.Аммо аз сабаби надонистан ва ё истифода накардан дар ТЧ кам одамон инро медонанд.
ин хам кори хуб ки бо точики одноклассники пайдо шуд ки одамон бемалол истифода намоянд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз чи сабаб созандагони ватан шабакаи ичтимоии точикро таъсис надодард
Посух додан
  • Оли

  • 15 июн 2013 20:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хушҳолем шудем рости гап аз ин хабар

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!