Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Ёдбуди “Есенин”-и бадахшӣ дар Маркази исмоилияи Душанбе (САДО)

13 июн 2013, 15:56

Рӯзи якшанбеи 16-уми июн дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ёдбуди шоир ва сарояндаи машҳури Бадахшон, Лидуш Ҳабиб баргузор мегардад, ки дӯстон ва ҳаводоронашро гирди ҳам меорад.

Шоир Лидуш Ҳабиб, ки номи аслиаш Алидоншо Шораҳматуллоев мебошад, 2-юми майи соли 1963 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст ва аз овони донишҷӯӣ бо хониши шеърҳояш (САДО) тариқи гитара маъруф гардида ва дар берун аз вилоят низ ҳаводорони зиёдро пайдо кардааст. Ҳаводоронаш мегӯянд, гарчанде Лидуш Ҳабиб танҳо бо забони шуғнонӣ, яке аз забонҳои помирӣ суруд мехонд, барои донандагони забонҳои дигар низ дарки эҷодиёти ӯ мушкилие намеорад. Ӯ 22-юми июли соли 2002 аз олам гузаштааст.

Давлат Худоназаров, коргардони шинохтаи тоҷик ва коршиноси умури фарҳанг дар ёди Лидуш Ҳабиб мегӯяд, хизматаш барои зинда нигоҳ доштани забонҳои помирӣ аз ҷумла шуғнонӣ баробари хизмати Пушкину Есенин барои забони русӣ ва хидмати Лоиқ Шералӣ барои забони тоҷикист.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Забони Шугнони не, балки лахчаи Шугнони. Помир забон не балки лахча дорад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ШУГНОНИ ИН ЗАБОН АСТ НА ЛАХЧА ЛАХЧАИ КУЛОБИ МЕШАВАД ЛАХЧАИ ХУЧАНДИ ЛАХЧАИ АШТИ Е МАСТЧОХИ АММО ШУГНОНИ ИН ЗАБОН АСТ ШУМО ПАГОХ МОРО БА ЗАБОНАМОН ГАП ЗАДАН НАМЕМОНЕД ЧИ ПЕШ АЗ НАВИСТАН ФИКР КУНЕД АВАЛ БАД НАВИСЕД ....

ЧИ БА ФИКРИ МОРО ЧОП НАМЕКУНЕД НОМАТОН ОЗОДАГОН НЕ ЯГОН ИВГОГАР Е МОНОПОЛИЯ МОНЕД ДУРУСТАР МЕШАВАД

ОЗОДИ ЧИ БА ФИКР МОРО НАШР НАМЕКУНЕД АКАЛАН НОМАТОНА ДИГАР КУНЕД Е ШУМО ХАМ БЕ ИЧОЗАТИ АМНИЯТ НАШР НАМЕКУНЕД АЧАБ ЗАМОНЕ ШУДАСТ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точик  аз Бадахшон,
Shumo hanuzam bekhabar. Zaboni Shughnoniro kaiho boz hamchu zabon meshinosand shumo onro hamchu lahja medoned. Yakbor bo chashmhoi kushoda naghz nigoh kun jahona na in ki kur kurona.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустони азиз!вакте ки матолиберо дар расонахои ахбори умум пахш кунем, аввал каме андеша намоем. Лидушро ба Пушкину Есенину Лоик баробар каодан як муболигаи игрокомезеест,ки афкори умумро ба иштибох меандозад. Сарфи назар аз он ки ки инро гуфта бошад, ин гап ба хеч меъёр рост намеояд.Як мачмуаи хурди Лидуш "Дарёта тизд" ба дарди зинда нигох доштани забони шугнони намехурад.
Посух додан
  • ачаб

  • 25 июн 2013 16:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ачаб мардумем мо Охир Лидуш дар шери шугнизабон Есенин аст барои хамзабонони худ Пушкин аст чаро бадатон меояд. аз хакикате ки вокеъият дорад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!