Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:57

30 000 $ ҷоиза барои пайдо кардани қотилони як оила дар Суғд

13 июн 2013, 18:03

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соҳибкорони Суғд барои нафароне, ки барои ошкор кардани қатли 5 узви хонаводаи як соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусоидат мекунанд, 30 ҳазор доллар подош хоҳанд дод.

Вазорат мегӯяд, ин иқдоми соҳибкорони шимоли кишвар буда, ба вусъати раванди тафтишот нигаронда шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, барои таҳқиқи қатли панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис ёфтааст: “Сардорони Раёсати кофтукоби ҷиноӣ, Раёсати ташхиси криминалистии ВУД ва Раёсати умури дохилӣ дар Суғд барои кушодани ҷинояти мазкур сафарбар шуда, тафтиши ҳодисаи мазкур зери назорати қатъии вазири умури дохилӣ қарор дорад.” Аз рӯи ин ҳодиса Додситонии вилояти Суғд ҳам парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, соати чори субҳи дувуми июни соли ҷорӣ “шахсони номаълум бо яроқи оташфишон мусаллаҳ гашта, бо мақсади роҳзанӣ” ба манзили Аҳмадхӯҷа Бобоев (соли таваллудаш 1973), сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даромада, ӯву ҳамсараш ва се фарзанди кӯчакашонро ба қатл расондаанд.

Ба қавли манбаъ, оқои Бобоев ва ҳамсари 39-солааш -- Ҳаётхон Бобоева соҳибкор будаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, афроди ношинос фарзандони ин хонавода -- Рухшона Бобоева, хонандаи синфи 9, Суҳробҷон Бобоев, хонандаи синфи 8-ро бо истифода аз яроқи оташфишони тамғаи АКМ-5,45-мм ба қатл расонда, Санҷарбеки шашсоларо ба ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намудаанд, ки аз дуди оташ заҳролуд гаштаву ба ҳалокат расидааст.”

Ба иттилои манбаъ, ин афрод “дари сандуқи оҳании дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо шикаста, тахминан ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф намуда, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояташон бо истифодаи бензин хонаи истиқоматии Аҳмадхӯҷа Бобоевро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд."


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мирзо

  • 14 июн 2013 07:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар пул ваъда кардан гиред барои хар куштор, кушторхо зид мешаванду кам не

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!