Бахшҳо

Вокуниши ҳукумат ба нома дар мавриди Зайд Саидов

Ҳукумати шаҳри Душанбе ба мактуби кушоди зиёиён ва намояндагони ҷомеи шаҳрвандӣ барои дахолати президенти Тоҷикистон ба қазияи Зайд Саидов, ки ахиран сомонаи “Озодагон” нашр кард, вокуниш нишон додааст.

Фирӯз Улмасов, раҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, дар номае ба унвонии идораи хабаргузории “Озодагон” навиштааст: “Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар робита ба баёнияи гуруҳе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар оид ба қазияи Зайд Саидов ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сомонаи «Озодагон» 5 июни соли 2013 интишор шудааст ва дар он аз ҷумла гуфта мешавад, «…лағви дахлонапазирияшро ҳамчун вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе бо санаи хеле пештар тартиб доданд… дар… лағви ваколатҳои вакилияш чандин бандҳои қонунгузории кишвар ва ҳатто Қонуни асосӣ поймол карда шудаанд.», ба хотири пешгирӣ аз махлутшавии фазои иттилоотӣ дар ин хусус тазаккур медиҳад, ки дар доираи муқаррароти моддаи 12-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» - «Тартиби даъвати иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ», ки қабули қарорро оиди даъвати иҷлосия дар ҳолатҳои зарурӣ фавран пешбинӣ намудааст, 20 майи соли 2013 бо Қарори дахлдори хеш иҷлосияи фаврии чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорумро даъват ва иттилои баргузории онро тариқи расонаҳои хабарӣ дастраси омма гардонида, соати 15-и ҳамон рӯз доир намуд, ки тамоми амалҳо бидуни тақаллубкорӣ бо риояи салоҳиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ сурат гирифт.”

Дар идомаи мактуби шаҳрдорӣ омадааст, ки “Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъкид медорад, ки дар иртибот ба истифодаи озодии баён ба сӯистеъмол ва паҳни ахбори бардурӯғ роҳ надода, бо таҳрифи воқеият андешаи носолимро ба тафаккури ҷомеа таҳмил насозед, зеро чунин амалкард тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ посухталаб мебошад.”

Ёдрас мекунем, ки қаблан хабаргузории “Озодагон” айнан номаи кушоди рӯшанфикрон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба номи президент Эмомалӣ Раҳмонро нашр кард, ки ҳудуди 80 нафар намояндагони касбу кори гуногун, аз қабили адибону рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносону соҳибкорон ва коршиносон, аз ҷумла Умед Бобохонов, Темур Варқӣ, Марат Мамадшоев, Мирзои Салимпур, Парвина Ҳамидова, Улфатхонум Мамадшоева, Парвина Ибодова, Амалхонум Гаҷиева, Далер Ғуфронов, Раҷаби Мирзо, Бахтиёр Аминӣ, Олег Панфилов, Лола Олимова, Орзу Исоев, Рамзия Мирзобекова, Иршод Сулаймонӣ, Константин Бондаренко, Нозим Эшонқулов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Галина Юнусова, Алӣ Мастов, Асомиддин Атоев ва дигарон онро имзо кардаанд.

Инак, матни комили номаи гуруҳе аз рӯшанфикрон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба президент Эмомалӣ Раҳмон, ки "Озодагон" нашр карда буд
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)