Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:13

ВКД: Симдуздон дар Кӯлоб боздошт ва ба маҳкама кашида шуданд

15 июл 2011, 10:31

Дар шаҳри Кӯлоб вилояти Хатлон 300 метр  кабелҳои телефонии ширкати «Тоҷиктелеком»-ро ғорат карданд.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар ин бора чанде қабл шикояти хаттии сардори филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» ирсол гардида буд.    Ба гуфтаи ӯ, моҳи июни соли 2011, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ  дар деҳаи  Бештигирмони ҷамоати  Зарбдор,  аз симчӯбҳои дар назди роҳи калони мошингузарбуда, 300 метр  кабелҳои телефониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Арзиши ноқилҳои рабудашуда дар маҷмӯъ 8.700 сомониро ташкил медод.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ  шаҳрвандон Султоншо Шералиев, истиқоматкунандаи  деҳаи  Тугараки ноҳияи Восеъ ва Дилшод Хоҷаев, сокини деҳаи  Куҳнашаҳри Кӯлоб боздошт гардиданд. Бино ба иттилои манбаъ, ин ду муҷрим дар моҳи майи гузашта низ як чунин ҷиноят содир карда, кабелҳои телефониро дар кӯчаи Содиқови шаҳри Кӯлоб, ки маблағи 10 ҳазор сомониро ташкил медод, дуздида  ба савдо задаанд. Айни замон тафтиши парвандаи ҷиноии онҳо дар мақомоти милисаи минтақа идома дорад.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!