Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:37

Як хонавода дар Ваҳдат шабро дар истгоҳ рӯз кардааст

14 июн 2013, 10:32

Мақомоти ноҳияи Ваҳдат рӯзи 13-уми июн, баъд аз нисфирӯзӣ манзили сокини деҳаи Фириштии ин ноҳия, Сабоҳат Бобиеваро тахриб намуднд, ки дар пайи ин соҳибхона бо 3 фарзандаш шаби гузашта дар истгоҳ хоб рафтаанд.

Қутбиддин Бобиев, яке аз наздикони Бобиева имрӯз 14-уми июн дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, аз ин амали мақомот соҳибхона сахт нигарон шуда, ҳоло умедаш танҳо президент аст ва айни ҳол барои муроҷиат ба назди раёсати ҷумҳур рафтааст.

Ин мусоҳибамон иброз дошт, ки тақрибан соатҳои 16-и баъди нисфирӯзӣ 5-6 милитсия омада бо «кран» хонаи Бобиеваро ҷаппагардон намудаанд: «Инҳо пул қарз гирифта хонаашонро сохта буданд. Ҳоло шавҳараш дар Русия мебошад».

Бино ба иттилои манбаъ, масъулини ҳукумати Ваҳдат барои он хонаи истиқоматии Сабоҳат Бобиеваро тахриб намудаанд, ки гуё он ғайриқонунӣ сохта шудааст: «Лекин ӯ ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро барои сохтмони хона дорад». Чанд тани дигар аз сокинони Ваҳдат низ бо “Озодагон” дар тамос шуда, хабар доданд, ки имрӯз, 14-уми июн мақомот ба тахриби як хонаи дигар шурӯъ намудаанд.

Ин бори аввал нест, ки сокинони Ваҳдат аз тахриби хонаҳояшон аз ҷониби мақомот изҳори нигаронӣ менамоянд. Чанде қабл, аниқтараш бегоҳии 29-уми майи соли ҷорӣ қисме аз манзили сокини ноҳияи Ваҳдат, кӯчаи “20-солагии истиқлолият” (Туғдона) -- Мушаррафа Шарифоваро мақомот чаппагардон карда буданд. Мақомот далел пешниҳод мекунанд, ки хонаҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд, аммо сокинон мегӯянд, ҳуҷҷатҳои аз мақомот гирифтаро дар даст доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чавон

  • 14 июн 2013 14:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ошиёни мани бечора агар сухт чи бок,
Фикри вайрон шудани хонаи САЙЁД кунед!
Посух додан
  • Рохгузар

  • 14 июн 2013 15:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чавон,
Чавон,
Гури падари сайед, хонаи мо бечорагон набояд сузад, ин инсонгарои (гуманизм) ки устод Лохути дошт, нишон аз худи гуломиву хочапарасти дорад. Худо лаънат кунад сайедро, ки боиси вайрон шудани хонаи бечорагон бошад! Хатто мунтазири сухтани хонааш набояд шуд, балки аз гиребонаш гирифта ба додгох бояд кашид.
Посух додан
  • Акбар

  • 18 июн 2014 00:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар точикитон хакикат нест

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!