Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:04

Зайд Саидов гуфтааст, оҷилан ба кӯмаки табибон ниёз дорад

14 июн 2013, 11:29

Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният нигаҳдорӣ мешавад, дар номае ба наздиконаш хабар додааст, ки фавран ба кӯмаки духтур ниёз дорад.

Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, имрӯз, 14-уми июн, Саидов, ба дасти писараш, ки ба ӯ чизҳои зарурӣ бурдааст, варақае дода, дар он аз бад шудани вазъи саломатияш хабар дода, таъкид кардааст, ки фавран ба кӯмаки духтур ниёз дорад.

Қудратов мегӯяд, фелдшери боздоштгоҳи муваққатӣ наметавонад ба зерҳимояаш дар сатҳи лозима хидмат расонад.
Вакили мудофеъ афзуд, ки “муфаттиши парванда ваъда дод, имрӯз барои мулоқоти Зайд Саидов бо адвокатҳо иҷоза хоҳад дод. Мо талош мекунем, ки Зайд Саидов пурра аз муоинаи табиб гузаронида шавад, чун ӯ аз рӯзи аввали боздошташ ба духтур ниёз дошт, вале мақомот иҷозаи ташхисаш намедоданд.”

Ин дар ҳолест, ки Зайд Саидов аз қабл аз дарди захми меъда ранҷ мебурдааст ва баъди боздошт, он якбора хуруҷ кардааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯиистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • донишчу аз Амрико

  • 14 июн 2013 16:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар инро бо серзанаги мутахам кунанд магарам хамаи вазирора низ бурда махкам кардан даркор боз саволхои бечавобам хотирам меояд... Чаро макомот онхоро намебинад? чаро? чаро? ва боз чаро? рости ман акнун хондани сомонахои точикиро саркардам инкадар бехайёгиро нав хондам. Афанди куртааш даридаги як куртадаридаро мебина мазок мекунад ба Насриддин мега куртаи худат даридаги чи маскара мекуни...
Посух додан
  • фирдавс

  • 16 июн 2013 22:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумати ТОЧИКИСТОН худро ба нобиноги зада аст .ЗАЙД САИДОВ хазорхо одамора сохиби чои кори доими кардай ягон айбша наефтестиян корша кашол додестиян .Aвал бисерзанаги баъд порагири ,изофанависи дидан намеша кормарндони андоз бо саркарданд.Агар кормандони хифзи хукук ука кофтукова наfз бинан аз вазоратхои худшон сар кунан ба камиш дах сол саршон ай кор берун намеша АЙБ МАЙЛИ УБОЛИРА НАМЕДОНАН ПЕШИ ОДАМИ БЕГУНОХ НАМЕМОНАН КИ ДУХТУР ДАРОЯ

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!