Бахшҳо
14 июн 2013 11:42Тоҷикистон / Сиёсат

Кабирӣ: Ҳар ҷазои сахттареро таҳаммул мекунам, ба ҷуз узрхоҳӣ!

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ба ҳеч ваҷҳ аз шаҳрдории Душанбе барои ҳарфҳояш дар мавриди дарахтбурӣ дар пойтахт маъзаратхоҳӣ нахоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ирсоли як нома аз оқои Кабирӣ хостааст, то рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ қарори додгоҳро дар мавриди узрхоҳияш аз шаҳрдории Душанбе иҷро намояд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 14-уми июн дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “қаблан эълон карда будам, ки ҳеч узрхоҳӣ нахоҳад буд. Агар мақомоти судии кишвар барои иҷро накардани ин талаботи додгоҳ ҳар ҷазои сахттареро эълон кунад, омодаам иҷро кунам, аммо узрхоҳӣ нахоҳам кард.”

Соли гузашта ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, мегӯяд, ин ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хилофи қарори Додгоҳи олист, ки соли 2011 қабул шудааст. “Додгоҳи олӣ бо қабули қарор «Дар бораи таҷрибаи додгоҳӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ» узрхоҳии иҷбории шаҳрвандонро назди шахсият ва ё давлат комилан манъ кард. Аз ин хотир ҳукми додгоҳи Сомонӣ хилофи меъёрҳои қонунгузории кишвар мебошад. Илова бар ин, узрпурсии шаҳрвандро Кодекси шаҳрвандӣ низ муқаррар накардааст”,-таъкид кард вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ.

Аз ин пештар Бузургмеҳр Ёров таъкид карда буд, ки дар сурати ҳал нашудани баҳси нафари таҳти ҳимояташ бо шаҳрдории Душанбе, маҷбуранд ба кумитаи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар дар Женева муроҷиат кунанд.

Дар акс: Муҳиддин Кабирӣ, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Мӯҳр
Mustafo
Muhiddin Kabiri muvaffaq boshed. Khudovand ba shumo kumak kunad.

салом устод Худо ба ҳамроҳат шумо бо ин коратон ҳайбати дуруғини ин мансабпарастони мутакаббиро шикаста истодаед. ба пеш ҳар лаҳзаи мавзегирии шумо пирузист агарчӣ дар зоҳир шикаст хурда бошед

Sarbaland boshed ustod Kabiri, mo dar nazdi hej maxluqi uzr naxohem pursid, dar hole, ki hamai in hukumatdoroni mo az kibru gurur harf mezanand, bexabar az on, ki uzrxohi haqqi onhost ...

Боракааллох хак бар чонибат Кабири

Устод кам набоши гуфти гапо Шери наренда))) рости харборе часуру сабуритона мебинм мефахрм ки точикм я хуккмати калона як Устоди арзанда Кабири Тарса он чунон дар дилшон чо кардаст ки аз хайбату шухрати ин марди арзанда хукумат бахонахое мекобад ки кулаки синфи 1 бовар намекна

Хукуматдори бо тарафкашию махалбозияшон бояд аз ахли мардум узр пурсанд. Хукумат аввал хукумат бошад, ки ба хамма як хел нигох кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)