Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Суғд: Ифтитоҳи толори варзишӣ бо ширкати райиси вилоят

15 июл 2011, 11:08

Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд дар ифтитоҳи толори варзишии раёсати сӯхторхомӯшкунии вилоятӣ иштирок намуда, бо ҳайати шахсӣ ва кормандони ин муассиса мулоқот кард.


Бо кушодашавии ин иншоот кормандон имкон пайдо намуданд, ки ба навъҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштин, самбо, тенниси рӯи миз машғул шуда, нерӯи ҷисмонии худро тақвият диҳанд.

Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии « Озодагон»  аз хадамоти матбуотии ҳукумати   вилояти Суғд иттилоъ доданд. Маврид ба тазаккур аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят раёсати сӯхторхомӯшкунии вилоят бо таҷҳизоти зарурӣ, техника ва маводи дигари зарурӣ таъмин буда, фаъолияти пурсамарро дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани сӯхтор ба роҳ мондааст.

Манбаъ афзуд, Қоҳир Расулзода аз толори навбунёди варзишӣ, майдончаи варзишӣ, аз техникаву таҷҳизот ва воситаҳои оташнишонӣ ва маркази таълимии раёсат дидан намуда, ба шароитҳои кории хизматчиёни хадамоти оташнишонӣ аз наздик шинос гардид. Гуфта мешавад, феълан дар 18 шаҳру навоҳии вилоят бахшҳои раёсати сӯхторхомӯшкунӣ фаъолият менамоянд ва теъдоди умумии кормандону хизматчиёни онҳо 567 нафарро ташкил медиҳад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!