Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:45

Одноклассники: Маълумот дар бораи корбаронро ба касе намедиҳем

14 июн 2013, 17:31

Рӯзи 14-уми июн дар Душанбе вариант ё шакли тоҷикии шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” (Русия) муаррифӣ гардид. Хабарнигорони “Озодагон” дар ин замина гуфтугӯеро бо Мария Лапук, сухангӯи “Одноклассники”, анҷом доданд, ки мухтасари он пешкаши Шумо мешавад.

Озодагон: Мария, Шуморо чӣ водор сохт, ки “Одноклассники”-ро ба забони тоҷикӣ пешниҳод кунед?

Мария Лапук: “Дар тӯли чанд соли охир Интернет дар Тоҷикистон рушд кардааст ва кишвари Шумо ҳоло аз ҷумлаи пешсафон дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ дар ин замина мебошад. Чуноне иттилоъ дорем, ҳоло 34 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз интернет истифода мебаранд ва ин рақам рӯ ба афзоиш аст. Шабакаи иҷтимоии “Одноклассники”дар Тоҷикистон хеле маҳбуб аст ва яке аз бозорҳои аслии ин шабака кишвари Шумост. Шурӯъ аз баҳори соли гузашта гурӯҳи “Одноклассники” тасмим гирифт, ба корбарони худ дар мамолики гуногун наздиктар шавад ва ҳамин аст, ки ба 11 забони кишварҳои пасошӯравӣ, аз он ҷумла тоҷикӣ, арманӣ, украинӣ, гурҷӣ, қирғизӣ, қазоқӣ тарҷума шудааст. Ин ба мо имкон медиҳад, бо корбарони худ муносибати беҳтар дошта бошем.”

Озодагон: Аз рӯи ҳисобҳои Шумо, шабакаи “Одноклассники” дар Тоҷикистон чӣ қадар нуфуз дорад?

Мария Лапук: “Мувофиқи маълумоти мо дар як моҳ ҳудуди ним миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ба шабакаи мо ворид мешаванд. Бояд гуфт, шабакаи “Одноклассники” дар Тоҷикистон маъруфтарин буда, лоиҳаи “Мой мир” ва “Фейсбук” аз рӯи шумораи корбарон мувофиқан дуюм ва сеюм ҳастанд.”

Озодагон: “Одноклассники” пурра ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст ва ё ҳанӯз кор рӯи ин тарҳ давом дорад?

Мария Лапук: “Чуноне маълум аст, Одноклассники барои таҷҳизоти мобилӣ дар шакли мутафовит (фарқкунанда) аз компютер ироа мешавад ва он сабуктар низ ҳаст. Ба ҳамин хотир, тарҷумаи он низ осонтар аст. Ҳоло шакли мобилии шабакаро тарҷума ва роҳандозӣ кардем, то кори он дар амалия санҷида ва хатоҳои имконпазир дар тарҷума ва барномарезӣ ислоҳ шавад. Пас аз бартараф намудани камбудҳо дар асоси варианти мобилӣ сайти пурраи он барои компютер низ комилан тарҷума ва пешкаши корбарон хоҳад шуд.”

Одноклассники: Маълумот дар бораи корбаронро ба касе намедиҳем
Озодагон: Оё Одноклассники ният надорад, ки дар Тоҷикистон дафтари худро боз кунад?

Мария Лапук: “Дар шароити имрӯза кушодани намояндагӣ дар ин ё он давлат ҳатмӣ нест. Шабакаи мо тариқи интернет дастраси корбарон мешавад ва ҳама корҳои лозим барои идора, муносибат бо муштариён, радду бадали маълумот ва ҳамчунин корҳои молиявӣ, ки ба қисми тиҷоратии шабака бастагӣ доранд, ҳамчунин тариқи шабакаи ҷаҳонӣ анҷом меёбанд. Дар Тоҷикистон ширкатҳои шарики шабакаи мо ҳастанд, ки хадамоти онро ба хоҳишмандон мефурӯшанд. Дастгирии корбарон бошад, тариқи муроҷиат ба маркази хизматрасонии «Одноклассники» дар дафтари марказӣ, ки бо почтаи электронӣ ё саҳфаи махсуси худи шабака метавонад сурат гирад, ироа карда мешавад.”

Озодагон: Чанд сол пеш бақайдгирӣ дар «Одноклассники» бо супоридани маблағи муайян сурат мегирифт, сабаби пулакӣ кардани шабака ва баътар даст кашидан аз он дар чӣ буд?

Мария Лапук: “Дар ҳақиқат, дар соли 2008 мо ба чунин иқдом даст задем. Он вақт шабакаҳои иҷтимоӣ миёни мардум якбора ҳаводорони зиёд пайдо карданд. Ҳамчунин, ширкатҳо ва соҳибкорони алоҳида, спамерҳо ва дигар корбароне, ки мехостанд тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ пул ба даст биёранд, зиёд шуданд, ки ин ба муоширати солими одамон халал мерасонд. Он вақт дар Русия мутахассисоне, ки тавонанд бо аудиторияи бисёрмиллиона кор кунанд, ангуштшумор буданд ва иқтидори бештари шабакаҳо ба кор бо чунин миқдори корбарон намерасид. Баъзе шабакаҳо ба монанди «Вконтакте» садди роҳи чунин амал нашуданд ва дар натиҷа обрӯи худро аз даст доданд. Ҳамчунин ин боис шуд хизматрасонии онҳо бадтар шавад. Аммо «Одноклассники» тасмим гирифт пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шавад ва беҳтарин роҳе, ки он замон мо доштем, пулакӣ кардани бақайдгирӣ буд. Ин албатта ба имиҷи шабака бетаъсир намонд, аммо шабакаи мо орӣ аз спам ва таблиғоти бетартиб шуд. Дертар, вақте мо мутахассисони лозимаро пайдо намудем ва ихтидори кадрию техникии шабака бештар шуд, дубора ройгон шудем.”

Озодагон: Миёни мардум ақидае ҳаст, ки лоиҳаҳои Майл.ру, аз он ҷумла «Одноклассники» рахнаҳои бехатарии зиёд доранд...

Мария Лапук: “Дуруст мегӯед, чунин ақида ҳаст. Аксарият қоидаҳои бехатарии истифода аз интернетро намедонанд ва риоя намекунанд, аммо ҷавобгариро барои шикаста шудани аккаунти худ ба гардани ширкатҳо меандозанд. Аммо бештари калимаҳои убур аз пойгоҳи додаҳои «Одноклассники» дуздида нашуда, балки шикасти аккаунтҳо тариқи интихоби соддаи калимаҳои убур сурат мегирад. Корбароне, ки барои убур вожаҳои осон ба монанди номи наздикон, маҳалли зист, ҳайвонот ё зодрӯзи худ интихоб мекунанд, имкони бештар барои шикастани аккаунтҳои худ медиҳанд. Мо тавсия медиҳем, корбарон ба хотири бехатарии худашон убурвожаҳои мураккабтар интихоб намуда, онро дар ҳар ҷой нанависанд.”

Озодагон: Шӯхие ҳаст, ки мушкили аслии бехатарии компютер миёни монитор ва пуштаки миз қарор дорад. Аммо мушкилоте ҳастанд, ки дар ҷониби худи шабака пайдо мешавад. Аз ин қабил ДДОС – ҳуҷумҳо, вируссозӣ ва кӯшиши дастрасии ғайримуҷоз ба маълумоти шахсии корбаронро номбар кардан мумкин аст…

Мария Лапук: “Албатта, бе чунин мушкилот намешавад. Ин масъала на танҳо барои «Одноклассники», балки барои ҳама шабака ва сомонаҳои интернетӣ матраҳ аст. Хакерон ҳар рӯз роҳҳои нави шикастани сайтҳоро меҷӯянд ва гоҳо муваффақ ҳам мешаванд. Вазифаи хадамоти амниятии мо ҳамин аст, ки чунин хатарҳо сари вақт пешгирӣ шавад ва то ҳол фаъолияти онҳо натиҷаҳои хуб додааст. Мушкиле, ки моҳи апрел пеш омад ва дар натиҷаи он тӯли чанд рӯз шабакаи «Одноклассники» дастнорас шуд, бо чунин масъалаҳо вобаста набуда, танҳо як мушкили техникӣ буд. Бояд гуфт, дар шабакаи дохилии дафтари мо ҳудуди 5 ҳазор компютер кор мекунанд, ки ташхис ва таъмири ин қадар компютер вақти зиёд мехоҳад. Мо эътироф мекунем, ки ин мушкили техникии мо буд ва бори дигар аз корбарони худ узр мехоҳем.”

Озодагон: Овозаҳои ҷанҷолбарангез дар хусуси дастрасии хадамоти амниятии федеролӣ ба маълумоти шахсии «Майл.ру» ва «Одноклассники» зиёданд, ин то куҷо ҳақиқат дорад?

Мария Лапук: “Мувафиқи қонунгузории федеролӣ агар ба хадамоти амниятӣ ё сохтори дигар чунин маълумот лозим шавад, мо танҳо дар асоси қарори додгоҳ маълумоти корбари худро ба онҳо медиҳем. Фикр мекунам, ин таҷрибаи бад нест, чун ин маълумот метавонанд барои беҳтар пайгирӣ кардани ҷинояткорон кумак расонанд. Овозаҳо дар мавриди он ки мо ба таври доимӣ маълумоти ҳама корбарони худро ба хадамоти амниятӣ медиҳем, асос надорад. Худ қазоват кунед: 5 ҳазор компютер садҳо ҳазор корбар, миллионҳо муроҷиат дар як рӯз, терабайтҳо маълумоти раддубадалшаванда - ин ҳамаро кӣ ва кай имкон дорад ба таври доимӣ пайгирӣ намояд?”

Сӯҳбати
Нилуфари КАРИМ ва Рустами МАҶИД


Дар акс: Мария Лапук, сухангӯи шабакаи иҷтимоии "Одноклассники"


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!