Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:01

Дастури вазир барои муоинаи бепули сокинон (АКС)

14 июн 2013, 18:00

“Корвони саломатӣ”-маҷмӯи хизматрасониҳои сайёри ройгони тиббӣ, аз субҳ то ин ҷониб ба беш аз 2500 сокини маркази вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа хизмат расонид.

Матлуба Шоҳназарова, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят, гуфт, бо супориши вазири тандурустии кишвар ҳайати хизматрасон аз шумули профессорон, номзадҳои илми тиб ва дигар мутахассисони баландпояи ҷумҳурӣ ташкил карда шудааст. Бино бар қавли мавсуф, мақсад аз ин иқдом кӯмак ба аҳолии камбизоат ва миёнаҳол аст: “Агар бемор хоҳад, ки натиҷаи компютери тамографиро ба даст орад, ӯро мебояд ба ҷуз роҳкиро, боз 170 сомонии дигар пардохт намояд. Бинобар ин, мо имрӯз табибонро ба назди халқ овардем, то қадре ҳам бошад мушкилашонро осон кунем.”

Ин хизматрасониҳо асосан дар Маркази саломатии шаҳр, Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳр, Маркази саломатии калонсолони шаҳр, Маркази бемориҳои қалби вилоят, Беморхонаи клиникии ба номи Б.Воҳидови вилоят гузаронида шуданд. Табибони дигар бахшҳо, амсоли чашм, ҷоғар ва ҳоказо бошанд, дар Маркази саломатии шаҳр ба мардум хизмат расониданд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, танҳо дар Маркази саломатии шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз се амалиёти ҷарроҳии ройгон сурат пазируфтааст. Натоиҷи кори ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ алъон мушаххас нагардидааст.

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
иқдоми интихоботии хуб ва ба маврид. чаро инро мегуям? зеро то ҳол мардум мушкил надоштанд, ки чунин иқдомҳо набуд ва ҳангоми наздик шудани интихобот шуда истодааст. ҳамчунин чаро дар байни мардум мекунанд на инки як дорурро арзон кунанд ва ақалан ба камбизоатҳоеки маризи сахт доранд кумак намекунанд.? чаро корҳои зербиной анҷом намедиҳанд масалан як асвалт кунанд ё об гузаронанд?
хулос дар бораи интихоботи будани ин кор далел зиёд аст.

Матолиби ҳамсон:

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!