Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:55

“Ҳар нафаре аз таъсири ҳероин мефавтад, худкушӣ кардааст”

14 июн 2013, 18:21

Раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон марги муътодони маводи мухаддирро ба худкушӣ баробар донист.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, ки рӯзи 14-уми июн, қабл аз оғози намози ҷумъа, дар масҷиди марказии Душанбе дар бораи нашъамандӣ сӯҳбат мекард, гуфт, “ҳар нафаре аз таъсири ҳероин ва бемориҳои табобатнашавандае, мисли СПИД, мефавтад, худкушӣ кардааст.”

Вай дар идома хитоб ба ҷавонони Тоҷикистон гуфт, “аз ҳар гуна шахсони шайтонсурату шайтонсифату шайтонсират дурӣ ҷуста, худро аз нашъамандиву зинокорӣ эмин доред.”

Муфтии Тоҷикистон дар ин сӯҳбаташ дар бораи пӯшидани саҳни масҷиди марказии Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ ҳам ишора карда, барои анҷоми ин кор аз намозгузорон кумак хост. “Аз сабаби он ки саҳни масҷиди марказӣ болопӯш надорад, шумораи зиёди намозгузорон дар зимистон зери барфу борон ва дар тобистон зери офтоби гарм намоз мегузоранд. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, саҳни масҷидро, ки бисёр васеъ аст, болопӯш кунем. Агар нафароне, ки имкони кумак карданро доранд ва маслиҳатҳои муфид дода метавонанд, хоҳиш мекунем, дар ин кори хайр бетараф набошанд”,-гуфт ӯ.

Ҳар ҳафта ҳазорон сокини Душанбе барои адои намози ҷумъа ба масҷиди марказии пойтахт меоянд. Ин масҷид ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта бо ҳимояти қозиёти вақт бунёд ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Домулло, хар касе ки бо ин чиз сару кор дора, алакай инсон хисоб намешавад. Як саги кади куча, кадраш аз одамоне ки онро мекашан, баландтар аст. Товба кардам Парвардигори олам.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!