Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:33

Натиҷаи интихоботи Эрон: Ҳасани Рӯҳонӣ дар мақоми аввал

15 июн 2013, 09:24

Бино ба натиҷаҳои аввалия ё ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон, ки рӯзи 14-уми июни соли ҷорӣ баргузор гардид, Ҳасани Рӯҳонӣ, номзади ислоҳталаб, дар мақоми аввал қарор дорад.

Бар пояи гузориши мақомоти Эрон, то кунун 5 миллиону 378 ҳазору 714 раъйи сокинон шумурда шудааст, ки аз ин ҳисоб 2 миллиону 720 ҳазору 144 раъй насиби Ҳасани Рӯҳонӣ шудааст. Муҳаммадбоқири Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон, бо 900 ҳазору 389 овоз дар мақоми дувум ва Саид Ҷалилӣ бо 679 ҳазору 524 раъй дар ҷои севум қарор дорад.

Муҳсин Ризоӣ бо дарёфти раъйи 536 ҳазору 725 ва Алӣ Акбари Вилоятӣ бо 305 ҳазору 529 дар ҷойгоҳи чаҳорум ва панҷум ҳастанд. Муҳаммад Ғаразӣ, номзади мустақил бо 65 ҳазору 934 раъй дар мақоми поёнӣ қарор дорад. Раисиҷумҳури Эрон барои муддати чаҳор сол дар як интихоботи миллӣ интихоб мешавад. Маҳмуди Аҳмадинажод, ки то кунун раёсати ҷумҳури Эронро бар уҳда дошт, ду бор чаҳорсолӣ ин курсиро соҳибӣ кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!