Бахшҳо

ВИДЕО: Пешниҳоди гузоштани як кӯчаи Душанбе ба номи Аҳмад Зоҳир

Абдулазизи ВОСЕЪ

Бархе аз ҳаводорони Аҳмад Зоҳир, овозхони зиндаёди афғон, дар Душанбе пешниҳод карданд, ки яке аз кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шавад. Ин пешниҳод дар маҳфиле бахшида ба 67-солагӣ ва рӯзи шаҳодати Аҳмад Зоҳир садо дод, ки рӯзи 14-уми июн дар хонаи адибони Тоҷикистон бо ташаббуси Султони Ҳамад, яке аз пажӯҳишгарони ҳаёт ва эҷоди Аҳмад Зоҳир, ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистону Афғонистон” ва маҳфили ғайрирасмии дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир баргузор шуд.

Султони Ҳамад дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аслан алоқамандон ва дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон моҳе як бор гирди ҳам омада, таронаҳои ӯро замзама ва аз дидаву шунидаҳояшон перомуни зиндагиномаи ӯ қисса мекунанд. Муаллифи китоби “Аҳмад Зоҳир - султони қалбҳо”, ки аз ҳаёт ва фаъолияти ин сарояндаи шинохта ҳикоят мекунад, афзуд, ояндаи наздик силсилаи нави пажуҳишҳояш дар мавриди таронаҳои Аҳмад Зоҳир таҳия ва тавассути нашрияи “Рӯзгор” нашр хоҳанд шуд.

Навори ёдбуди Аҳмад Зоҳир дар Душанбе:



Фурқати Саид, раҳбари ансамбли давлатии «Шашмақом» мегӯяд, «Аҳмад Зоҳир ҳамеша дар қалби дӯстдорони ҳунараш ҷовидонӣ аст. Садои вай, ки малакутӣ аст, онҳоеро ки ӯро куштаанд, ҳеч гоҳ ором намегузорад».

"АҲМАД ЗОҲИРРО ҲАФИЗУЛЛО АМИН КУШТА БУД"

Аҳмад Зоҳир 14-уми июни соли 1979 дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар доманакуҳҳои Соланг ҷон супурдааст. Аксарият мегуфтанд, Аҳмад Зоҳир кушта шудааст, аммо то имрӯз ҳеч касе фарди мушаххасеро дар марги ӯ муқассир намедонист. Савлатшоҳи Мерган, яке аз афғоншиносони тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ дар Афғонистон кору зиндагӣ кардааст ва чандин бор бо Аҳмад Зоҳир мулоқот доштааст, мегӯяд, Аҳмад Зоҳир бо амри Ҳафизулло Амин, раисиҷумҳури вақти Афғонистон кушта шуд.

ВИДЕО: Пешниҳоди гузоштани як кӯчаи Душанбе ба номи Аҳмад Зоҳир“Аҳмад Зоҳир ба Пули Хумрӣ барои ҳунарнамоӣ рафта буд. Дар Кобул овозаҳо паҳн шуд, ки ҳангоми бозгашт дар ағбаи Соланг ба садама дучор шудааст. Рӯзи ҷанозаи ӯ дар Кобул ҷои сӯзанпартоӣ набуд. Ин қадар одами зиёд ҷамъ шуда буд, ки ҳисоб надорад. Ман аввал ҷасад ва баъдан мошини Аҳмад Зоҳирро дидам. Ягон нишонаи садама набуд. Ягон ҷои мошинаш ҳатто харошида набуд”,-афзуд Савлатшоҳи Мерган.

Ба қавли ӯ, ба ҷуз аз Аҳмад Зоҳир се нафари дигар низ дохили мошин буд, ки осебе надида буданд: “Он замон фармони махсуси давлати Афғонистон буд, ки ба шаҳрвандони ин кишвар шиносномаи хориҷӣ дода нашавад. Аммо бо фармони Ҳафизулло Амин Вазорати умури хориҷӣ муваззаф шуд, ки ба ин як писар ва ду духтар, ки ҳамроҳи Аҳмад Зоҳир буданд, паспорти хориҷӣ бидиҳад. Баъдан, онҳоро аз кишвар берун бурданд, то қотили Аҳмад Зоҳирро ошкор накунанд. Баъди даҳ рӯзи марги ӯ як масъули баландпояи Афғонистон ба ман гуфт, ки Аҳмад Зоҳир бо фармони Ҳафизулло Амин ва боҷааш Саидовуди Тарун кушта шудааст. Ман пурсидам, ки чаро? Гуфт, ки духтари Ҳафизулло Амин Аҳмад Зоҳирро дӯст медошт ва дар консертҳояш ҳамеша ширкат ва рақс мекард”.

Савлатшоҳи Мерган мегӯяд, ӯ чандин бор бо Аҳмад Зоҳир мулоқот карда ва зиёд дар консертҳояш ширкат намудааст. “Дар толорҳо ҷои нишаст набуд. Аммо бо ин ҳама Аҳмад Зоҳир як инсони хеле оддӣ буд, такаббур ва ҳавобаландӣ надошт. Ин дар ҳоле, ки падараш садри аъзам ё раиси ҳукумати Афғонстон буда, муддате райиси парлумони ин кишвар буд ва ҳам ба ҳайси сафири Афғонистон дар Ҳиндустон кор кардааст.”

"Ӯ БАРОИ ҲАМАИ МО АЗИЗ АСТ"


Муҳаммаддовуди Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, Аҳмад Зоҳир танҳо ба Афғонистон тааллуқ надошта, ҳунарманди маҳбуби Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Покистон, Туркия ва Ҳинд низ меошад. “Аҳмад Зоҳир номи кӯҳнае дар Афғонистон ва Тоҷикистон нест. Оҳангҳои ӯ ҳанӯз алоқамандони зиёде дорад. Дар Афғонистон ҳоло ҳам мухотабони бештарини радиоҳо оҳангҳои Аҳмад Зоҳирро фармоиш медиҳанд”,-илова кард ӯ.

Ҷӯрабек Назрӣ, ҳунарманд ва донишманди тоҷик гуфт, зиёд мехоҳад дар Душанбе баробари хиёбонҳои Рӯдакиву Шерозӣ хиёбоне бо номи Аҳмад Зоҳир пайдо шавад: “Муҳим нест, ки ӯ аз куҷо аст, муҳим ин аст, ки ӯ барои мо азиз аст.”

Аҳмад Зоҳир 34 сол қабл кушта шуд. Ӯ таҳсилоти худро дар риштаи таълиму тарбия дар Ҳиндустон такмил кардааст. Аҳмад Зоҳир мусиқии Шарқу Ғарбро бо ҳам омехт. Теъдоди таронаҳои хондаи ӯ марзи 400-ро гузаштааст. Барои нафаре, ки ҳамагӣ 33 сол умр дидааст, ин рақами хеле бузург мебошад. Матни бештари сурудҳои ӯ аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Бедил, Турсунзода, Лоҳутӣ, Фуруғи Фаррухзод ва даҳҳо шоири маъруфи дигар мебошад. Ӯ бо забонҳои дарӣ, пашту, англисӣ ва ҳиндӣ тарона иҷро кардааст.

Аҳмад Зоҳир чандин бор унвони «Беҳтарин овозхони соли Афғонистон»-ро соҳиб шудааст. Ӯро нобиғаи олами мусиқӣ ва “Султони қалбҳо” ва “Алмоси Шарқ” меноманд.
Мӯҳр
Пешниходи оли аст, агар кучае, ё театре дар ш. Душанбе ба номи ин нобигаи такрорнашавандаи Машрикзамин гузоранд. Ба камина хам, муяссар гардид, ки дар авоили мохи марти соли 1979 дар консерти бузурги ин булбули маъруф ширкат биварзам. То холо овози танинандзаш ба гушам садо медихаду харакоти нотакрораш дар пеши назри ман чилва медиханд. Он руз камина хушбахтарин инсон худамро мепиндоштам. Дар он солхо камина вазифаи мушовири оргонхои амниятии Афгоистон будам. Устод Савлатшохи Мерган дуруст фармудаанд, ки катили ин марди хираду булбули нотакрор Хафизулло Амин буд. Махз ба дастури вай раиси боди гордаш ва бочааш Саиддовуди Тарун котилонро сафарбар карданд, ки дар Соланг ба Ахмад Зохир садамаи мутарашро ташкил кунанд. Сабабгори катли вай духтари Хафизулло шуд, ки ошики Ахмади Зохир буд. Он вактхо кариб, ки тамоми духтарони Афгонистон ошики Ахмади Зохир буданд... Дар хаёти худ ман мавчи океанхоро дида будам, лекин мавчи абаркудрати мардуми афгонро аввалин маротиба дар шахри Кобул, дар рузи маросими видо бо Ахмади Зохир дидаму моту мабхут шудам. Хама мегиристанд, баъзе занону духтарон руххояшонро бо дастонашон хунолуд карданд. Ягон кудрате пайдо намешуд, ки мардумро ором кунад. Ин мухаббати поки мардуми Афгонистон ба бузургвор Ахмади Зохир буд. Ин хам яке аз сабабхои асоси шуд,ки инкилоби Сарв дар Афгонистон ноком шавад. Худои мутаол чазои Хафизуллову котилонашро дод, ки мо шохиди хол будем. Зи чав чав руяду гандум зи гандум. Хар чи, ки кошти хамонро мегири.

Чавон
Ин мардум дигар кор надоранд. Дар таърихи гузаштаву муосири мо чунон бузургоне хастанд ки аз ин сароянда боло аст ба номи онхо кучахоро номугузори кунанд мешавад. Ин Ахмад Зохир факат хондасту сарояидасту раксидасту гаштаст дигар чикардаст ки намуна ибрат бошад. Холо дар хар кучаи Точикистон як сарояндаву як навозандаву як ракоса хаст то онхо хатсанд номи Ахмад Зохир хаст. Бинобар ин хич зарурате ба номи у гузоштани куча вучуд надорад! Номи як олим як донишманд ягон сиёсатмадори барчастаро монед бехтар ки намуна бошад барои чавонону насли ояндаи точик!

Дустдори истеъдод
Ахмад Зохир барои зинда нигох доштани забони форсии дари махсусан дар осиёи миёна байни точикон ва хифзи шахомати адабиёти классики мо аз бештари шоиру олим ва нависандагони точик хизмати арзишмандтар кардааст.. ва ин ба эхтимоли кави садаки чория аст ки Ахмад Зохир барои форсизабонин ин маннотик ба мерос гузошт валлоху аълам...

Салим
Мо Аҳмад Зоҳиро дӯст медорем ва ҳунари ӯро, ки як хунёгари нотакрор буд эътироф мекунем, аммо инки дар Душанбе номи ӯро ба хиёбоне эъто кунанд рози нестам. Ин ҳунарманди афғон аст бояд дар кишвараш чунин корро кунад. Инам зиёдаравист, ки даҳҳо ҳунарманди мо то ҳануз ёдашон намекунанд, вале Аҳмад дар Тоҷикистон ин қадар дӯстдоштанист.
Номҳои дигаре ҳаст, ки тоҷикона тоҷик ва барои тоҷикон аз ӯ наздиктар.

Ман хам муддати кутохе дар Афгонистон будам.Баъди хизмати харби,баъд аз як сол.моро боз либоси харби пушонда хамчун рохбаладхои колоннахои махсуси наклиёти.чониби Афгонистон фиристонданд.Кариб 3-мох мо вазифаи "интернационалисти" и худро ичро кардем.Бар ивази хизматхои мо,аз чойхои корамон.75 фоизи маошамонро ба мо доданду аз номи партияву давлати СССР рахматномахо навиштанд.Ин албатта ба мавзуъ дахл надорад.Афгонхои ба Точикистони Шурави омада,дар хайрат мемонданд,ки чаро мо ин кадар ба Ахмад Зоир сахт дил бастему муштоки у шудем.Гох-гох писханд хам мезаданд.Акнун номгузорхои мухтараму донишманд,ба як саволи ман чавоб дихед;Оё дар шахри Кобул ё дигар шахри мансуби Афгонистон,ягон куча ва ё нимкуча ба хотири хунармандони номии Точикистон аз зумраи Зафар Нозимов,Нигина Рауфова.Ханифа Мавлонова,Одина Хошимов,Мукаддас Набиева,Хурмох Ширинова,Кароматулло Курбонов,Махмудчон Вохидов ва дигарон гузошта шудааст?.Оё мардуми Афгогнистон магар ягон хиёбон,ягон гулгашт ва кучаеро ё махаллеро ба номи Ахмад Зоири зодаи Афгонистон ном мебаранд?.Магар шумо вохурдаед,ки ягон мактаб,колледж ё маконеро ба номи ягон аскари шурави,ки барои озодии Афгонистон чангида халок гаштаанд?.Пас чаро мо точикон ин кадар косалесу хушомадгуем?.Бехтараш ягон кучаи шахрро ба хотири апаи Нигина ва устод Зафар Нозимов монем хело хубтар аст.Агар гурухе аз боби он ки,кучаеро ба хотири чудосозии ягон маблаги муфиде ба хотири Ахмади Зоир ном баранду аз он маблагхо истифода бурдани бошанд,пас чунин пешниход мекунам,ки аз хисоби хаводорону хотирпосхои сароянда,як фонди махсус ташкил намоянду рохандози кунанд.Ин кадар ба эхсосот дар наафтед.Аввал ба ятимхонахои Точикистон як назари рахмгинона созед,дигар кор надоред,номгузорони шитобкори Точикистон?

камароб
ин Ахмад Зохир ба мардуми мо чи кардааст ки номи кучаро ба номи вай мемонанд оё гузаштагони мо кам хастаанд.

Ман пешниходи устоди фарзона Чурабек Назриро комилан тарафдори мекунам. Бубинед хазорхо кучахои мо ба номи Федину Щорсу МОПРу Энгелсу Ленину Марксу Телману Орчоникидзеву Фрунзеву Будениву, Стаханову Навоиву Сангаку Файзаливу Лвнгариву Эшмату Тошмат номгузори шудаанд.Онхо бо миллати точик чи нисбате доранд?Магар дар кишвари пахновари Русия сари хар кадам кучаеро бо номи Фирдавсиву Хайёму Рудаки дучор меояд? Хамин кофист, ки Ахмад Зохир ду шеъри Кахрамони Точикистон Мирзо Турсунзодаро оханг баста сурудааст. Ин нобигаи мусикиву тарона ба даххо шеъри устод Лохути охангхои макбул бастааст. Ахмад Зохир як тан точик аст ва мухим нест, ки у дар кучо таваллуд шудааст.Агар чугрофиёро бигирем мо хак надорем, Фирдавсиву Хофизу Хайёмро ниёи худ бигуем.
Дар Эрон намондаст шеъру паланг
Чахонро гирифтаст рубохи ланг.

Зарур нест ягон номгузори, умуман дискхои уро манъ кардан даркор то махбубияти мардум нисбат ба у зиёд шавад...

ин афғон ба мо чи даркор
ба халқи мо чи корнамоҳиҳо нишон додааст ки ба номи вай мемонед
ба номи тоҷикони гузаштаи худмон бисёранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)