Бахшҳо
15 июл 2011 11:24Гузориш

Кӯлоб: Ҳатӯлкорӣ дар пардохти нафақа

Дар 1-моҳ барои ин «коргарон» тақрибан беш аз 30-ҳазор сомонӣ маош дода мешавад. Дар 12-моҳ ин маблағ ба  360-ҳазор сомонӣ баробар мешавад. Аҷиб, барои кадом корашон ин масъулин маош мегиранд?



Дар гурўҳи шаҳру навоҳии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон, нафақаи бознишастагон сари вақт пардохт намегардад, вале дар ин маврид масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ ва  агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро парвое нест.
Тибқи иттилои Сикандаршоҳ Раҳматов, сармутахассиси бахши тарҳрезии буҷа, таҳлили талаботи нафақа ва кӯмакпулии раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи (АДСИН) вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб, дар нимсолаи аввали имсол дар ҳудуди минтақа 72907-нафақагир расман ба қаӣд гирифта шудааст, ки маблағи умумии нафақапулиашон 54 миллиону 362,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То нимаи моҳи июл ҳамаги 48-миллиону 042,4-ҳазор сомонӣ маблағ барои пардохти ҳаққи нафақагирон ба суратҳисоби агентӣ ворид гардидаасту бас. Аз ҳамин миқдор, 23-миллиону 142-ҳазор сомонӣ аз ҳисоби кӯмаки молиявӣ будааст. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматов, дар ҳоли ҳозир 6-миллиону 069,8-ҳазор сомонӣ маблағи нафақапулӣ пардохт гардонда нашудааст, ё ба истилоҳ, агентӣ аз нафақагирон қарздор мондааст.

Тибқи маълумоти расмии ҳамин агентӣ, аз 9-навоҳии минтақа танҳо дар шаҳру ноҳияи Кўлоб ва ноҳияи Балҷувон ҳақи нафақа ба пуррагӣ таъмин гаштаву қарздорӣ аз нафақапулӣ нест. Аммо Сикандаршоҳ Раҳматов мегўяд, ки танҳо аз рустои Даҳанаи ноҳияи Кўлоб, ки худ ин ҷо иқомат дорад, чандин нафар  нафақаашонро нагирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз ноҳияи Балҷувон ҳам шикоят оварданд, ки  баъзе аз нафақагирон ҳанўз нафақаи моҳҳои апрелу маӣро нагирифта будаанд.

Гузашта аз ин, дар 7-навоҳии дигар қарзи нафақа аз 371-ҳазор сомонӣ то ба 1-миллиону 700-ҳазор сомонӣ расидаасту ягон масъул аз ҳоли нафақагирон парво надорад. Дар ноҳияи Шӯрообод қарзи нафақа то 14-уми июл 461,7-ҳазор сомонӣ, Ховалинг- 371,2-ҳазор сомонӣ, Мӯъминобод-581,2-ҳазор сомонӣ, Темурмалик 601-ҳазор сомонӣ, Фархор-1-миллиону  078,9-ҳазор сомонӣ, Ҳамадонӣ-1-миллиону 264-ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Восеъ 1-миллиону 711,8-ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст. Вале роҳбарони  бахшҳои «Амонатбонк»-и  навоҳӣ ва масъулини ҳукуматҳои маҳаллӣ, ба хусус раисони навоҳӣ, бе ягон азоби виҷдон ва бо «масъулият» мегўянд, ки «нафақапулии ин тоифаи эҳтиёҷманд ҳама вақт ва сари вақт пардохт карда мешавад». Ба унвони мисол, ҳанўз 1-моҳ пеш ду тан аз нафақагирони ноҳияи Шӯрообод, аз ҷамоати Саричашма ба хабаргузории «Озодагон» гуфта буданд, ки тайи 8-моҳ мешавад, ки нафақапулиашонро нагирифтаанд. Ҳарчанд сардори бахши «Амонатбонк», кормандони идораи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва раиси ноҳия дар аввал инро инкор мекарданд, вале оқибат нафақаи эшонро пардохт намудаанд. Дар дигар навоҳӣ ҳам, айнан инчунин ҳолат ҷоӣ дорад. Яъне, масъулин ба ҳеҹ ваҷҳ намехоҳанд қоил шаванд, ки аз ҳисоби маблағи нафақапулӣ қарздоранду нафарони зиёди нафақагир, ба хусус дар рустову деҳот маблағи нафақаашонро гирифта наметавонанд.

Инчунин, бояд гуфт, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо низ мушкили напардохтани нафақапулӣ ҷоӣ дорад. Ба мушоҳидаи Сулаӣмон Холов, як журналисти маҳаллӣ, дар шаҳри Кўлоб, сар аз рўзи 12-уми июл то рўзи 14-ум дар ҳудуди шаҳри Кўлоб, ба истилоҳ банкоматҳо кор намекарданд ва нафақагирон тӯли ин муддат натавонистаанд, маблағи нафақаашонро бигиранд. Ҳарчанд роҳбари «Амонатбонк»-и шаҳри Кўлоб дар як нишасти матбуотӣ ин далелро беасос ва нодуруст эълом кард, аммо қарздорӣ аз нафақа далолат ба дурустии мушоҳидаи журналист дорад.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Амонатбонкҳо аӣбро дар мавриди қарздорӣ аз нафақа болои Агентии давлатии суғуртаи иҹтимоӣ ва нафақа бор мекунанду кормандони ин ташкилот бошад, болои идораҳои андози шаҳру навоҳӣ.

«Фаъолони нофаъол»-и агентӣ
Сикандаршоҳ Раҳматов, сармутахассиси АДСИН бошад норасоӣ ва мушкили қарздориро дар чанд намуд исбот карданӣ мешавад. Аввалан, ба андешаи ин мутахассис, айби асосӣ аз ҳисоби баланд рафтани кӯмаки пулӣ аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамаи минтақа будааст, ки он якбора ба 65-фисад расидааст.   Дигар, дар соҳаи кишоварзӣ хоҷагиҳои бузурги деҳқонӣ таҷдид гардидаву ба якчанд хоҹагиҳои хурд табдил гаштан гирифтанд. Агар ин хоҹагиҳои бузурги кишоварзӣ барои фонди ҳифзи иҷтимоӣ 25-фисад андоз месупурданд, пас баъди таҷдид хоҷагиҳои зиёди хурд ба монанди соҳибкорони инфиродӣ ба миқдори 20-фисад андози ҳифзи иҷтимоӣ пардохт карда меоянд. Инчунин, сабаби дигар, ҳар саҳмдори хоҷагиҳо ба миқдори 15-сомонӣ тибқи қонуни нави қабулшуда андоз месупоранд, ки он аз рўи маоши 75-сомонӣ баробар аст. Ҳол он, ки дар Тоҷикистон ҳадди аққали маош 80-сомонӣ мебошад.

Ҷаноби Раҳматов мегўяд, дар мавриди қарздорӣ аз нафақа ва андозситонии нодуруст ташкилоти мо якчанд маротиба ба раёсати вилояти Хатлон бо мактубу дархост муроҷиат кардааст, аммо ҳамоно бенатиҷа.

Вале ҳарчанд масъулини мақомоти гуногун бо шумули ҳукуматҳои маҳаллӣ бо ҳар баҳона худро беайб нишон медиҳанд, ҳамоно гунаҳкорони асосии бепул мондани нафақагирон, бе ҷазо мондаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки президент мунтазам дар мавриди пардохти саривақтии нафақаи нафақагирон ибрози назар, гузашта аз ин, изҳори нигаронӣ  карда меояд.

Дар омади сухан, танҳо дар раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи минтақаи Кўлоб 38-нафар «фаоълияти бефаоълият» доранд, ки моҳонаи эшон аз 350-сомонӣ то ба яку ним ҳазор сомонӣ мерасад. Яъне, дар 1-моҳ барои ин «коргарон» тақрибан беш аз 30-ҳазор сомонӣ маош дода мешавад. Дар 12-моҳ ин маблағ ба  360-ҳазор сомонӣ баробар мешавад. Аҷиб барои кадом корашон  ин масъулин маош мегиранд?
Аслиддин Достиев{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)