Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

Нома ба Рӯҳонӣ. Аз табрикот то умедвории Эмомалӣ Раҳмон

17 июн 2013, 09:13

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як паём Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури нави Эронро, барои дарёфти ин мақом шодбош гуфтааст.

Бино ба хабари расонаҳои давлатии Тоҷикистон, дар ин номаи оқои Раҳмон таъкид шудааст, ки Душанбеву Теҳрон тамоми ҳамкорияшонро пеш аз ҳама бар пояи ҳамзабонию ҳамфарҳангӣ ба роҳ мондаанд ва ин ҳамкорӣ дар даврони раёсати Рӯҳонӣ низ идома хоҳад кард.

"Мо таҳкиму тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем",-таъкид шудааст дар нома.

Эрон баъд аз Чину Русия яке дигар аз кишварҳои асосии сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. То кунун Эрон нақб (туннел)-и “Анзоб” дар гарданаи Шаҳристон ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар ҷануби Тоҷикистонро фаъол намудааст. Аммо чархаи дувуми ин нерӯгоҳ, ки бояд моҳи марти соли ҷорӣ ба кор андохта мешуд, то ҳоло ба таъхир уфтода далелаш ҳам рӯшан нест.

Ҳасани Рӯҳонӣ, номзади ислоҳталаб, дар интихоботи рӯзи 14-уми июн дар Эрон пирӯзӣ ба даст оварда, барои чаҳор соли оянда ба курсии президентӣ такя зад. Пеш аз оқои Рӯҳонӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод ду бор чаҳорсолӣ ба ин курсӣ нишаста буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чӣ хушбахтӣ барои мардуми ин кишварҳо. Муддати президентӣ пурра шуд, шахси навро интихоб менамоянд. Сиёсатмадори нав бо барномаи нав меояд. Муҳимтар аз ҳама, фасод реша намедавонад, фурсат намешавад. Ҳамин будки Сталин мансабдоронро зуд, зуд аз байн мебурд. Мӯйсафед мефаҳмид, ки касе муддати тӯлонӣ дар як ҷо дар мансаб монад, он ҷо манбаи фасод хоҳад буд. Бо тамоми бузургӣ ва маҳораташ ба сифати сиёсатмадор, мардуми Британияи Кабир (Англия) сарвазир Уинстон Черчиллро бори сеюм ба ин мансаб интихоб накарда будаанд, зеро қонуни он кишвар ҳаминро талаб мекардааст. Ягона шахсе ки ба мансаби президентӣ се маротиба интихоб шуда буд, он сиёсатмадори бузурги замони худ (солҳои 1930-1945), президенти Амрико Фрэнклин Делано Рузвелт буд. Рузвелти фалаҷ (у гирифтори бемории полиемиолит буда, дар аробача мегашт) қалбҳои мардуми Амрикоро тасхир карда буд. Лекин бо вуҷуди ҳамаи ин маҳбубият, бо се муддат (12 сол) ба президентии Ф.Д.Рузвелт иктифо (кифоят) дода шуд. Чун барои як шахс шуда, амрикоиҳо нахостанд қонунҳои кишварашонро нодида гиранд. Албатта, он мисолҳое ки ин ҷониб овардам, ба кишварҳое дахл дорад, ки қонун сатҳи волоият дорад ва ҳатто атрофиёни президент ҳам ҷуръат намекунанд, ки онро вайрон кунанд. Дар давлатҳои автократӣ (худкома) ва диктатурӣ вазъият тамоман дигар аст. Тавре дар урфият мегӯянд, "он чӣ ҳаст айён, нест ҳоҷати баён!"

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!