Бахшҳо

Мусодираи 500 кило мухаддир дар ним сол ва 2-кило ҳероин дар рӯзи 14-уми июл

Дар ҳудуди ҶС “Ширин”-и шаҳри Душанбе кормандони раёсати сайёри оперативии агентии назорати маводи нашъаовар  мардеро ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии мухаддирот боздошт намуданд.


Тавре аз агентии мазкур ба “Озодагон”хабар доданд,  дар ҷараёни кофтукови шахсӣ аз ӯ як халтаи дорои ду бастаи пур аз ҳероин кашф ва мусодира гардид. Боздоштшуда сокини 30-солаи ноҳияи Қумсангир буда, ҳероини аз ӯ забтшуда наздик ба 2 килоро ташкил медод.    
Манбаъ мегӯяд, аз нишондодҳои аввалини ин шахс муайян шуд, ки боздоштшуда аз ин пештар дар яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе машғули тиҷорати меваву сабзавот будааст. Шиносоӣ бо як шаҳрванди ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар ҳамин бозор мева мефурӯхт, мароми зиндагии ӯро тағйир дод. Мавсуф ба ӯ пешниҳод намуд, ки тиҷорати меваву сабзавоти камдаромадро ба тиҷорати маводи нашъадор, ки  ҳам фоида ва ҳам ташвиши камтар дорад, иваз намояд. Баъди як андешаи басо кӯтоҳ ба пешниҳоди марди афғонӣ розӣ шуд ва як миқдор героинро аз ӯ харидорӣ кард. Сипас, бо мақсади ёфтани харидор аввал бидуни бор озими Русия шуд. Баъди пайдо кардани як харидори серпул дубора ба ватан баргашт. Ният дошт онро аз пинҳонгоҳ берун орад ва рӯзи 14 июл бозпас ба Федератсияи Русия парвоз кунад.      
Ҳоло чорабиниҳои иловагии фаврӣ гузаронида мешаванд, то шахсони дигари алоқаманд ба ин амал низ ошкор ва боздошт шаванд.  Марди дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ мешавад ва шӯъбаи тафтишотии агентӣ тибқи моддаи 200, қисми 4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.  
Маврид ба ёдоварист, тайи 6- моҳи соли равон кормандони агентии мазкур аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 500 кило маводи мухаддир забт намуданд, ки ин 40%  бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)