Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:03

Таваҷҷуҳи Шӯрои амнияти СММ ба ҳамкории Тоҷикистону Эрон

17 июн 2013, 11:23

Саломе Зурабишвили, Елена Водопалова ва Томас Мазе, мутахассисони Шӯрои амнияти Созмони миллали муттаҳид охири ҳафтаи гузашта аз Тоҷикистон дидан карда, дар мавриди додугирифтҳои тиҷории Тоҷикистону Эрон пурсуҷӯҳо кардаанд.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, масъулини Шӯрои амнияти СММ дар мулоқот бо Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси палата аз воридоту содироти мол ба Эрон ва усулҳои пардохти онҳо пурсон шудаанд. Карамалиев гуфтааст, аз Тоҷикистон ба Эрон асосан пахта ва алюминий содир шуда, аз он ҷо маҳсулоти нассоҷӣ, ғизоӣ, заргарӣ, барқӣ ва ғайра ворид мешавад. Дар мавриди усулҳои пардохт Карамалиев афзудааст, ки он бевосита аз ҷониби худи ширкату тоҷирон амалӣ мешавад. Дар мавриди намоишгоҳҳои маҳсулоти эронӣ Карамалиев таъкид кардааст, ки он дар асоси созишномаҳо ва қонунгузории Тоҷикистон сурат мегирад.

Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хостааст, ширкату корхонаҳои тоҷикро аз таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон огоҳ кунанд. Карамалиев ин пешниҳодро қабул карда, ваъда додааст, ки амалӣ хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Амрико, бонки «Kont Investment Bank» мақараш дар Душанберо дар он муттаҳам кард, ки бе назардошти таҳримҳои байналмилалӣ кор мекунад.

Эрон яке аз панҷгонаи калонтарин шарикони тиҷории Тоҷикистон буда, додугирифти солонаи мол миёни ин ду кишвар аз ҳадди 200 миллион доллари амрикоӣ мегузарад. Тибқи иттилои расмӣ айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 200 ширкати эронӣ кор мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • рохгузар

  • 17 июн 2013 17:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дунё ачибаст. ба мисле ки конуни чангал "Зур камзурро нест мекунад" амал мекунад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!