Бахшҳо

“Зиёиҳо”, оё аз ин тасмим шарматон наёмад?!

Ба ростӣ, боис ба тааҷҷуб ва ҳайрат аст: "Ҳудуди 10 иттиҳодияи эҷодӣ ва донишгоҳи олии Тоҷикистон аз Олга Тутубалина, хабарнигори ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд" (Аз торномаи Радиои Озодӣ).

Ҳайрат аз он аст, ки роҳбарон ва намояндагони иттиҳодияҳои эҷодӣ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон - онҳое, ки бар тибқи одат "зиёӣ" номида мешаванд, дар ин бисту як соли пас аз истиқлолияти Тоҷикистон, агар мулоқоти солона бо раиси ҷумҳуриро ба ҳисоб наоварем, ки он ҷо ҳам барои шунидан ва баъдаш зиёфат хӯрдан мераванд, бори аввал як ҷо гирди ҳам ҷамъ омадаанд ва якдилонаву муттафиқона тасмим гирифтаанд. Ин иттифоқу якдилӣ муборакатон бод!

Вале оё аз ин тасмим шарматон наёмад?! Чӣ коре ғайриинтизор шуда, ки ба додгоҳ муроҷиа мекунед?!

Бисёр хуб буд, агар ин зиёиён дар ин нишаст чанд дақиқае фикр мекарданд, ки чаро як нафар хабарнигори ростгӯю ҳақнигор маҷбур шудааст, дар ҳаққи онҳо чунин бигӯяд?! Оё фаъолият ва ё адами фаъолияти Шумо асос ва заминае барои ба чунин хулоса расидани Тутубалина нашудааст?!

Ҳақталошиҳо ва ҳақгӯиҳои инфиродии бархе аз намояндагони қишри рӯшанфикри тоҷикро, ки боис ба қадрдонист ва он ҳам тайи солҳои охир ба нудрат дида шуда, ҳоло канор мегузорем. Вале оё Шумо ба унвони иттиҳодияи эҷодӣ, ба унвони қишри ҷомеа (қишри пешқадами ҷомеа ва раҳнамоянда) дар ин бисту як сол кай бар зидди беадолатӣ, бар зидди зулм, алайҳи тобутҳои паси ҳами муҳоҷирони тоҷик, ки ҳамаи моро - аз президент то деҳқон мехӯронанду мепӯшонанд, бар алайҳи сиёсатҳои кадрии маҳалгароёна, ки сабаби асосии рушди фасод ва ақибмонии иқтисодӣ ва шаш моҳ дар сол дар торикию сардӣ мурда-мурда зиндагӣ кардани мардум шудааст, садои эътироз баланд кардед?! Кай мухолиф бо беадолатиҳои додгоҳӣ, ки қиссаи кӯчаву бозор шудааст, садои "не!" ва "набояд" дардодед.

То ҳамин ду моҳ қабл Зайд Саидов як нафар узви ҳайати мушовараи нашрияи Иттиҳодияи нависандагон - "Садои Шарқ" буд. Оё Шумо пас аз боздошти ӯ, ки яқинан амре сиёсӣ ва номардумона аст, садои эътироз дардодед? Не! Шумо, чунонки Иттиҳодияи соҳибкорон кард, ин ҳайати мушовараро осонакак барҳам додед ва хомӯш нишастед!

Пас, акнун ин доду фарёд чаро? Пас, ин "ҳақталошиҳо" чаро? Оё аз мо нест, ки бар мост?!

Фақат як чиз боис ба хурсандист: агар гуфтаи хабарнигор воқеан боиси аламатон шуда, пас, ҳанӯз метавон умедвор буд... Пас хама чиз намурдааст... Пас метавон умед ба ислоҳ шудан кард ва узр хостан аз мардум... Вале агар ин тасмимро худ мустақилона гирифта бошед, агар аз боло нафармуда бошандатон...

Абдуқодири РУСТАМ,
нависанда
Мӯҳр
Офарин. Хайрият ягон зиёии хакгу будааст. Зиёиёни имруза хамаашон дагал хам шавад думбардори хукуматанд. Инхоро ба кадом суе нишон диханд ба хамон су мераванд.

Парвиз
ба падарратон 100 маротиба рахмат ки гапи хака гуфтед Абдуқодири РУСТАМ сафи чунин одамхо зиёдат шавад мо хеле хурсанд будем

Иброхим
Абдуқодири РУСТАМ - ОФАРИН!!!

Шамшери Худо
Агар пас аз хамин мокола хам онхо аз тасмими худ даст накашанд, пас вой бар холи ин миллат, ки инчунин "зиёиён" дорад...

tojik
Muhtaram Abduqodiri Rustam,
Shumo va shumobarinho sazovori nomi Ziyoi dar Tojikiston hasted. Haq hastedu rost! Ofarin.

Азим
Журналистон шоиронро зиёи гуфта начосати миллат эълон карданд, пас худи онхо кистанд. Магар журналист зиёи нест?

Ҳақ ба ҷониби Шумост, оқои Абдуқодири Рустам. Рустамвор ҷасорат кардед. Банда низ дар замина гуфтаниҳои зиёде дорам, вале фурсат даст намедиҳад. Фақат ҳаминро мегӯям, ки зиёиён ё ба қавли дигар, равшанфикрон (рушанфикрон) гули сари сабади ҳар як миллатанд. Вале ин гул дар Тоҷикистон паҷмурда шуда, ба канор андохта шудааст. Миллати тоҷик ба рушанфикрони насли нав ниёз доранд, ки ҳануз ба саҳнаи сиёсӣ наомадаанд. О.Тутубалина рӯзноманигори ҷасур аст. Солҳои дароз ӯ дар Asia Plus бо ҷасорат бо мақолаҳои интиқодиаш баромад мекарду касеро коре набуд. Ин валвалаи ба ном зиёиён низ дар арафаи интихоботи раиси Ҷумҳурӣ ҷуз фармоишӣ чизи дигаре нест. Вой бар ҳоли миллате ки инқадар тарсу ва фармонбардор аст. О.Тутубалина баринҳо моро бахубӣ омӯхтаанд ва аз заъфи мо истифода мебаранд.

мардуми мо ачоиб рафтор доранд агар Хукуматро танкиду тахкир намоим хама туро чонибдори ва лаганбардори (ба гуфти хамин чонибдоро) мекнанд. Вале аз чониби гурухе ман барои суханонам ба чавобгари кашида шавам овози ягон нафари онхо намебарояд. Афсус. тахкири зиёиён ин тахкир ба милат астр. мумкин Бозор Собир сиру асрори аслии хама вокеоти солхои 90 медонад ки аз омаданаш шод нестен. Воачабо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)