Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:33

Коҳиши теъдоди зоирони тоҷик барои сафар ба Маккаву Мадина

17 июн 2013, 14:51

Кумитаи дини Тоҷикистон имсол теъдоди зоирони Хонаи Худоро бист дарсад коҳиш хоҳад дод. Ин тасмим ба дунболи дархости Арабистони Саудӣ гирифта шудааст, ки ҳоло машғули корҳои бозсозӣ дар фурудгоҳи Ҷиддаву Мадина мебошад.

Тоҷиддин Асомуддинов, сармутахассиси шӯъбаи Ҳаҷи Кумитаи дин, ба “Озодагон” гуфт, бино ба ҳисоби онҳо имсол тақрибан ҳудуди панҷ ҳазор сокини Тоҷикистон барои зиёрати Хонаи Худо мушарраф хоҳанд шуд. “Қарор буд, имсол шаш ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба зиёрати Маккаву Мадина бираванд. Аммо ин аз мо вобаста нест. Бо дархости Арабистони Саудӣ теъдоди зоирон имсол камтар мешавад. Агар дар ихтиёри мо мебуд, мехостем, ҳама ба зиёрати ин макон бираванд”,-афзуд ӯ.

Аз ин пештар мақомоти Қирғизистон эълом дошта буданд, ки теъдоди зоиронашонро бист дарсад коҳиш додаанд.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо шомиланд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tajeek

  • 18 июн 2013 00:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
bale in voqeiyat ast dar khudi shabakahoi televisionii Makkah zernavis shudaast ki talabot kamtar ast ba khotiri az nav sozi yo tarhi behtar namoodani in makoni muqaddas.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!