Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:46

Маблағгузории “Роғун” 171 миллион сомонӣ камтар шудааст

18 июн 2013, 11:24

Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон мегӯяд дар панҷ моҳи аввали соли равон барои корҳои таҷдиду барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи “Роғун” 156 миллион сомонӣ сарф шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз ду маротиба ё худ 171 миллион сомонӣ камтар мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран ВАО-и давлатии Тоҷикистон бо пахши як гузориш коҳиши корҳои сохтмониро дар нерӯгоҳи “Роғун” рад карданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то анҷоми ташхиси нерӯгоҳ аз тарафи коршиносони байналмилалӣ дар майдони сохтмони “Роғун” танҳо корҳои барқарорсозӣ сурат хоҳанд гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ рӯзи 14-уми июн бо Сароҷ Кумар Ҷа, раҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ, мулоқот карда, мавзӯи ташхиси тарҳи бунёди Роғунро баррасӣ намудааст. Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Сароҷ Кумар Ҷа гуфтааст, Бонки Ҷаҳонӣ ташхиси фанниву зистмуҳитии тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро “босифат, шаффоф ва ба таври мустақил дар ояндаи наздик ба поён мерасонад.”

Тоҷикистон ду сол пеш дар пайи мухолифатҳои шадиди Тошканд маҷбур шуд, ташихиси ин тарҳи бузургро дар ихтиёри коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бигузорад, ки айни ҳол давом дорад.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо иқтидори 3600 мегават ва садди 335 метра дар назар аст, ки калонтарин нерӯгоҳи минтақа гардад ва Тоҷикистонро аз як кишвари муҳтоҷи барқ ба фурӯшандаи он табдил диҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
171000000 КАМ ШУДААСТ..... ХЕЧ ГАП НЕ БОЗ ХАЛКИ БЕЧОРАРО МАЧБУР МЕКУНАНД, КИ САХМИЯ ХАРАНД....
САХМИЯ ХАРАНД...
МАЧБУРИ...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!