Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:23

Зокиров: Муҳри махфӣ дар парвандаи З.Саидов ғайриқонунист

18 июн 2013, 12:30

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов зимни баргузории ҷаласаи аввалини Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов гуфт, ки тибқи қонун парвандаҳое бояд мӯҳри махфӣ бигиранд, ки он ба сирри давлатӣ рабт дошта бошад.

“Аммо зерҳимояи мо ҳеч фаъолияти давлатӣ надошта, илова бар ин мӯҳри махфиро барои мо 1 моҳ пас аз оғози парванда эълон доштанд. Тибқи қонун дар сурати махфӣ будани парванда, дар оғози кор бояд ҷонибҳо огоҳонида шаванд ва формаи махсуси ҳуҷҷатро пур кунанд, ки мо ин корҳоро накардаем,” мегӯяд Фахриддин Зокиров. Ин вакили мудофеъ афзуд, ки ҳарчанд муроҷиат доштанд, вале мақомоти дахлдор қазияи таҳдидҳо ба ҷони Зайд Саидов, ки тавассути пайёмак ирсол мешуданд, пайгирӣ намекунад.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, мегӯяд, аз рӯзи аввали боздошти зерҳимояаш ба дифои ҳуқуқҳои ӯ машғул аст, аммо танҳо рӯзи 17-уми июн фаҳмидааст, ки парванда алайҳи Зайд Саидов, роҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, муҳри махфӣ дорад. Қудратов шеваи кори мақомотро дар мавриди Зайд Саидов бесобиқа хонда, таъкид медорад, ки ҳамчун адвокат намедонад, ӯро дар ин парванда чӣ асрори дигар интизор аст. Ӯ мегӯяд, чунин бархӯрд ҳатто зимни тафтиши парванда алайҳи Димон Ашӯров, як сокини Хоруғ, ки 12 соли зиндон гирифт ва Диловар Қосимов, ки барои қатли домоди президент ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, ҷой надошт.

Дар ҳамин маврид Исҳоқ Табаров, вакили дигари дифои Зайд Саидов гуфт, ки нозири парвандаи мазкур Милопар Бандишоев, муовини раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфтааст, ки давоми 2 рӯзи дигар вакилони дифоъро бо сабаби муҳри махфӣ гирифтани қазияи Зайд Саидов шинос хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки хадамоти матбуотии Оҷонсии мубориза бо фасод муҳри махфӣ доштани парвандаи Саидовро рад карда, таъкид мекунад, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва конвенсияи СММ парвандаҳои марбут ба фасоду амвол наметавонанд, махфӣ бошанд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯиистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сабаби мухри махфи гирифтани парвандаи Зайд. С. танхо як сабаб дошта метавонад , инхам бошад на марбут ба асрори Дрвлати, балки марбут ба асрори баъзе Давлатдорон аст!
Посух додан
  • Фирдавс

  • 19 июн 2013 00:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъди як мох маълум шуд ки парванда мухри махфи доштай Як мохи дигар гузара АГЕНТ 007 мохи дигар терарист .Кормандони зиди фасод намедонан ки ЗАЙД САИДОВРО бо кадом модда айбдор кунанд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!