Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:37

Раиси маркази исломшиносӣ дар бораи дин ва сиёсат

18 июн 2013, 12:51

Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, пайванди сиёсат бо динро нодуруст хонда ва гуфтааст, бояд роҳи ҳар кадоме аз ин ҷудо бошад.

Ӯ дар як матлаби худ, ки ахиран сайти “Ховар” бо номи “Муаммоҳои “исломи ноб” ба нашр расонд, гуфтааст, “дин дар ҷои худ ва сиёсат дар ҷои худ. Ҳар ду бояд аз якдигар ҷудо бошанд ва мустақилона бо якдигар ҳамкорӣ намоянд.”

Оқои Давлатов дар идома таъкид кардааст, ки “пайванд хӯрдани сиёсат бо дин, дар навбати худ, дари риёву нифоқ ва куфрро ба дин мекушояд”. “...Дин муқаддас аст. Қудсияти онро бояд ҷиддан ҳифз намуд ва риоя кард. Аммо сиёсат, хосатан давлат, ягон хел қудсияти динӣ надорад. Сиёсат ба биҳишт ё дӯзах намебарад. Ба биҳишт роҳ кушодан вазифаи дин аст. Аммо агар дин бо сиёсат як шавад, онгоҳ дари раҳмат-ул-оммаи Худованд ва зимнан арсаи сиёсат барои бисёри бандагони Худо баста эълон мешавад”,-афзудааст ӯ.

Раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон ҷудоии дин аз сиёсатро ба манфиат дониста ва таъкид кардааст, ки дар пайи ҷудоии онҳо “ҳамон қадар хулуси динӣ, муҳаббат ба Худову Паёмбар зиёд мешавад.”

Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон дин аз давлат ҷудост, аммо давлат фаъолияти муассисаҳои диниро назорат мекунад ва барои анҷоми ин кор кумитаеро ҳам таъсис додааст. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон ҳизби динии сиёсӣ -- Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) фаъол аст, ки ҳоло бо бештар аз чиҳил ҳазор аъзо ҳизби умдаи мухолиф маҳсуб мешавад.


Дар акс: Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон (Акс аз Бӣ-бӣ-сӣ)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Муло -Рафи

  • 18 июн 2013 13:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухтарам, Муродулло харчанд дар холи инкори инкор карор дошта, хеч кучоро эътироф мекунед, аммо мутмаин бошед, чунин рох (хеч кучо)вучуд надорад., Яъне рох мебарад ё ба дузах ё ба бихишт. умри човидона дар Точикистон бихиштосо имкон надорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон! Инро дуруст дарк кунед, ки дин ва давлат хечгох аз якдигар чудошуда наметавонад! Вакте, ки фарханг, урфу одат, маданият ва тамаддун ба дин мансуб аст пас чихел давлат бе фарханг мешавад?
Посух додан
  • Панч

  • 18 июн 2013 20:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар умум, бо назарияи чудоии дин аз сиёсат коилам. Инхо бо ягдигар бояд хеч модом печида набошанд. Бо назардошти сатхи шуури сиёсии кисми зиёди ахоли, дар ЧТ, чудогии онхо чандсолахои дигар муфид мебошад. Бисёр мебинем аз кам ё нофахмии бисёр нозукихо, радикалхо вазиятро ба максадхои гаразнок истифода мебаранд. Аксари аъзоёни Хизби нахзати исломи аз программаю устави хизб заррае хам хабардор нестанд, факат ба хотири номи Ислом, аъзоянд, ки онхоро рохгум задан барои баъзе дасисабозон кори осон аст.
Посух додан
  • Муҳаммадсаид

  • 18 июн 2013 21:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чунон дину давлат ба ҳам андаранд.
Ту гуи ду дурре зи як гавҳаранд.
На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба ҷой,
На бе дин бувад шариёрӣ ба пой.

Вақте шоир Бозор Собир ба ин бовар аст, ки адабиёт бе сиёсат адабиёт шуда наметавонад, дин, ки ҳам фарҳанг асту ҳам адабиёт ва инсонро ба дунё меорад, барои ӯ қонуни зиндагӣ муъаян мекунад ва уро аз дунё хориҷ карда, инро барои ӯ хотимаи ҳаёт намегуяд, балки оғози марҳилаи зиндагии дигар ва корҳои шоистаи дар дунё анҷом додаашро василаи саодати ӯ, боз дин сиёсат набудааст..
Тааҷҷуб, ки баъзеҳо фикр накарда. гуфтаҳоеро, ки кайҳо қимати худро ба сабаби воқеъиятҳои собитшуда аз даст додаанд тутивор такрор мекунанд..
Танҳо ҳамин қадар барои дин суёсат будан басаст, ки аксарияти кулли мардуми дунё, аз гузаштагон, бошандагон ва ояндагон ба ин боваранд, ки дин айни сиёсат аст ва сиёсат бе дин намешавад..
Посух додан
  • Ilhom

  • 18 июн 2013 23:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Муродулло Давлатов, шумо дар раъси Маркази исломшиносии Тоҷикистон карор доред, вале хануз исломро нашинохтед! Ё шинохтеду дониста галат мегуед. Ислом аз аввали вучудаш тамоми пахлухои зиндагиро дарбар мегирифт, чи сиёсат, чи иктисод, чи ибодат ....
Пайгомбари Худо (с) асосгузори аввалин давлати исломи буданд. Магар Пайгомбари Худо (с) хатокор буданд?
Ба гуфти шоир: Ислом нафакат савму салот аст! ...
Посух додан
  • Точик

  • 19 июн 2013 08:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маколе аст: Дар рузхои аввали баъди никох модарарус барои домоду арус атолаи махсусе мепазад. Зери чодари аруси барошон дастурхон кушода атоларо болои суфра мегузорад, ки писарчаи хурдсолаш, оча! Манам мехурам. Не чони оча нахур ин кихай, ту нахур.... Хулоса Муродулло Давлатов бо ин суханхояш максади хифзи кудсияти исломро надорад, балки шахси мусулмонро, шахсе ки ифтихори исломи ва ормонхои исломи дорад, ба идораи кишвар рох наебад. Чи мантики бемантик. Наход мардуми Точикистонро то ин хад беаклу ахмак гумон кунанд....
Посух додан
  • Абдуллоҳ

  • 19 июн 2013 10:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷаноби Давлатов! Асри 21 шуд Шумо ҳоло ҳам дар ақидаи Марксу Ленин ҳастед. Як бор худ ба худ суол намоед сидқан дар кори ҳаррузаатон ба дин хизмат мекунед ё ба давлат. Кори худро аз сидқ иҷро кардан агар хилофи шариат набошад ин хизмати дар дин аст.Сиёсати динии имруза, ки аз Шумо вобаста аст ва ба Президент бо командаатон пешниҳод карда истодаед, аз бисёр ҷиҳат зидди қонуни Ислом ҳаст. Аз Худо битарсед, ғалатиҳои пешниҳод кардаи Шуморо сардори давлат ҳақиқат гуфта қарор қабул мекунад, вай не Шумо гунаҳкоред.
Баъдан Шумо ҳамаги як бор китоби Ибни Қурбонро хонед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
оё ин муродi исломситез ягон бор ба ин тавзихот назар мекунад? Худи муносибаташ ба дин дар матбуот ва фаэолияташ бар зидди дин ва инзиво карор додани ислом ва хонаги кардани дин сиёсат аст ва диндоронро мачбур мекунад ба он посух диханд. Мачбурияти хутабо ба чавоб гуфтан ба мухолифин давлат аз минбари масочид оё ба сиёсати фитнаовар кашидани диндорон нест?
Бале, мавкеи мо ва муносибати инсон дар тули зиндаги бояд масулона ва ба манфиати чомеа равона щуда бошад. Худованд хам тибки ин зиндагиномаамон моро фардо мучозот мекунад, бад ё нек. Дар хадисе паёмбари гироми муфлисони(банкрот) рузи киёматро ба он вобаста кардаанд, ки бандагон дар баробари ичрои иботадхои шахси дар муносибатхои рузмарраи хаёти ба хиёнат, зулм, фиреб, дасиса ва тахкири инсонхо даст мезананд, ки ин амалхои зишт савоби иботадхоро аз байн бурда, шахсро ба дузах мебарад. Оё ин муносибатхо ба сиёсат рабт надорад. Аз ин ру дар хаёт бепарвоёна будан ва аз мушкилоти чомеа худро дур кашидан ба усули ислом мугоират дарад, ки инро давлатуф баринхо ё дарк намекунанд, ё мардумро гул заданианд.
Бешубха, яке аз сабабхои ба таназзул рафтани мамолики мусалмони ин чудоии уламои вокеъбини исломи аз сиёсат ва дахолат накардан ба рафтори золимонаи рохбарони сиёси буд. Баэдан, Тачрибаи сад соли ахири давлахои мусалмоннишин бо сиёсати гарбгарои онхоро боз хам вобаставу хароб кард. Ин сиёсатро чаноби давалатуф хуб медонад, аммо у мачбур аст чоплуси намояд ва дар вакти лозими мавкеи расмии хукуматро чун "исломшинос" ба мардум ироа дорад. Шахсоне уро хуб мешиносанд, огоханд, ки солхои 97-2000 у дар бари намозгузорону исломхохон буд, аммо чун замона дигар гашт, бояд у тагири мавкеъ намояд. Он замон ба як идда чавонони "содда" тафсири Курон(Зилол) дарс медод, то эшонро гул зада, аз кумаки молии онхо бархурдор шавад ва мунхарифашон намояд. Аз тарафи дигар,хама медонанд, ки бо кадом сабабхо уро аз мансаби раиси кумитаи дин барканор карданд, вале чун у "шахси худи" аст,(ба чуз шояд пулхои чамъкардаашро "инъом" намуд) ба пояш хоре нахалид.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!