Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:02

Муроҷиати Кумитаи дифоъ аз Зайд Саидов ба мардуми Тоҷикистон

18 июн 2013, 15:58

Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов рӯзи 18-уми июн дар ҷаласаи нахустини худ муроҷиатномаеро ба мардуми Тоҷикистон қабул кард. Дар ин муроҷиатномаи Кумитаи дифоъ, ки дар чорчӯби Эътилоф барои ҳимяот аз демократия таъсис ёфтааст, аз ҷумла омадааст:


Ҳамватанони гиромӣ!

Инак, як моҳ аст, ки Зайд Саидов - роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби сиёсии “Тоҷикистони Нав”, ба ҷурми иттиҳом дар ҷиноятҳои вазнин дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад. Ин дар ҳолест, ки вазъи саломатиаш рӯз ба рӯз мушкилтар мешавад. Қазияи мазкур амали густурдаи мақомоти қудратии давлат аст, ки бо тафтиши фарогири ҳамаи паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ӯ ва наздиконаш ҷараён дорад ва ба гуфтаи вакилони мудофиааш бо беэътиноии густохона нисбат ба муқаррароти қонунҳои мавҷуда сурат мегирад.

Пӯшида нест, ки ин амали густурда вокунишест аз ҷониби мақомоти марбутаи давлатӣ ба ибтикори Зайд Саидов дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии ҷадиде ба хотири мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷомеа. Ба асоси хулосаи аксари таҳлилгару соҳибназарон, қазияи гирудори Зайд Саидов сирф моҳияти сиёсӣ дорад ва бад-ин васила низоми идоракунии кишвар мекӯшад аз ҳама гуна иқдом ва ташаббуси дигарандешие, ки ҳаққи конститутсионии шаҳрвандон аст, ҷилавгирӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки то ин гирудор Зайд Саидовро чун муваффақтарин соҳибкор, роҳбар, шахси масъулиятталабу масъулиятшинос ва ҳалолкор тавсиф мекарданд.

Аксуламал дар баробари ташаббуси Зайд Саидов бо истифода аз нерӯи муқтадире, ки ҳатто аз тарзу усулҳои аз лиҳози қонуну ахлоқ номатлуб низ ҳазар намекунад, нишон дода мешавад. Зимнан, усули конститутсионии эҳтимоли бегуноҳӣ ба ҳукми фаромӯшӣ рафтааст. Дар кӯчаву хиёбонҳо тариқи ройгон китобчаҳое паҳн ва тариқи телевизион сабту намоише ба маърази умум пешниҳод мешавад, ки саропо туҳмату буҳтонанд ва ҳадафашон миёни мардум бадном кардани шахсияти номбурда аст. Ҳамин гуна иқдоми зишту нангин бо истифода аз расонаҳои хабарии навиштагорӣ низ амалӣ мегардад.

Вале маҳбубияти Зайд Саидов ҳамоно побарҷост ва теъдоди нафароне, ки ба таври инфиродӣ ва гурӯҳӣ ҳамарӯза ба сафи ҳаводорону ҷонибдорони ӯ мепайванданд, афзоиш меёбад. Ва ин гуна маҳбубиятро хислатҳои ҳамида ва фавқулодаи Зайд Саидов боис шудааст. Ӯ шахсест баимон, фардест саропо тақводор, раиятпарвар, озодаманишу ҳақталош. Касест, ки сабаби ба арсаи сиёсат воридшавиашро чунин маънидод кардааст: «Як инсоне, ки даъвои маърифат ва арзишҳои инсонӣ дорад ва бо доштани шароити хуби моддӣ қонеъ бошад, вале ба атроф, мардум ва умуман миллати худ, ки дар чӣ ҳол зиндагӣ мекунад, бетафовут бошад, пас он чӣ инсон аст? Худо накарда, дар ин ҳолат ҳама зарар мебинанд. Вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ моро водор кардааст, ки фаҳм ва имконоти худро барои ободии Ватан равона намоем».

Иддае аз мардум ба хотири ҳамин гуна сифатҳои волои ахлоқиаш пуштибонӣ аз Зайд Саидовро қарзи инсонии худ медонанд, иддае дигар дар пайи чунин равиши воқеа хатареро барои худ диданд. Бале, қисмати талхи Зайд Саидов метавонад домангири ҳар фарди баимону баинсоф ва баномус шавад.

Эътиқод ба Парвардигор, эътимод ба мардум, умед ба фарҷоми неки ҳама гуна иқдоме, ки ҳосили хислатҳои ҳамидаи ӯст, ҳидояташ кардаанд, то дар ҳама шароит барои ободии кишвару пешрафти миллат талош кунад. Бунёди даҳҳо иншооту корхона, манзили истиқоматӣ, ёриҳои гуногун ба мардум номи ӯро сазовори эҳтироми хосу омм гардондааст.

Ҳанӯз пеш аз сафараш ба хориҷа таҳдиду сару садоҳо дар атрофи ӯ паҳн шуда буд ва дар ҷараёни сафараш ин таҳдидҳо шакли воқеӣ гирифтанд. Аммо ӯ, ки бар асоси хислатҳои зотии инсониаш ба бегуноҳиаш бовар дорад, ба Ватан баргашт, вале боздошт шуд.

Ҳамдиёрони азиз,

Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки дар кишварамон дар баробари як шахсияти арзишманду ҳақталош беадолатӣ ба амал омадааст. Умедворем, ки шахсиятҳои озодидӯсту ҳақталаб дар ҳалли ин қазия гирди ҳам омада, аз мақомот талаб кунем, ки қазияи Зайд Саидов бо риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад. Ин иқдоми мо қадамест барои эҳтироми ҳуқуқи башар, шарофати инсонӣ ва пешгирӣ аз беадолативу қонуншиканӣ.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • аламдор

  • 18 июн 2013 16:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодии сухан вучуд дорад мегуему як кас намегуяд бо фармони кист? Хол он ки ба хама маълум.....
Посух додан
  • Хонанда

  • 18 июн 2013 22:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хубон ситам зи чабри фалак бештар кашанд, Гандум чун пок шуд хурад захми осиёб.

Хубон ситам зи чабри фалак бештар кашанд, Гандум чун пок шуд хурад захми осёб.

Хубон ситам зи чабри фалак бештар кашанд, Гандум чун пок шуд хурад захми осёб.
Посух додан
  • Фирдавс Муминов

  • 19 июн 2013 00:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Адолат Fалаба хохад кард ОЛОХ саломатиашонро нигахбон бошад хак чониби ЗАЙД САИДОВ МЕБОШАД!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухтарам аъзоёни кумитаи дифоъ шумо кай аз гуфтор ба амал мегузаред.то ба кай мардумро мехохед ТОРПЕДО кунед.агар дар акидаатон устуворед ки ЗАЙД САИД бегунох аст ки ман низ ба хамин акидаам пас дигар чиро интизоред пас гирдихам оед ва талаб кунед хукукхои кониститутсионии зайд саидро то ин ки дигар мардуми хукукпоймолшудахам дар катори шумо аз хукукхои поймолшудаашон бо дастгирии шумо ки хукукдон хастед дифоъ кунанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!