Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:50

Эътироз зидди ҳукми раҳоии се вакили парлумон

18 июн 2013, 16:48

Имрӯз, 18-уми июн назди бинои суди шаҳри Бишкек намояндаҳои ҳаракати «Мекен шейиттери» ва «Апрел байраги» ҷамъ омаданд.

Осунбек Жамансариев, раҳбари ҳаракати «Мекен шейиттери» гуфтааст, онҳо мехоҳанд, коллегияи додгоҳӣ зери райисии Қурманқул Зулушев ба онҳо фаҳмонад, ки дар кадом асос се вакили ҷиноҳи «Ота-Журт» -- Содир Ҷабборов, Қамчибек Тошиев ва Талант Мамитовро раҳо кардаанд.

Ба иттилои ca-news теъдоди эътирозгарон ба 50 нафар мерасад ва онҳо бо Ҳайдарбек Усмонов, райиси суди шаҳрӣ мулоқот карда, ҳамчунин хостори шарҳи коллегияи додгоҳӣ шудаанд.

Ҳайдарбек Усмонов гуфтааст, коллегияи судӣ, ки парвандаи се вакили парлумонро баррасӣ мекард, ҳоло дар ҷои кораш нест. Вай ба эътирозгарон гуфтааст, беҳтар аст, фардо соати 16:00 биёянд ва ӯ колегияи судиро бо онҳо рубару мекунад, то сабаби тасмими худро шарҳ бидиҳанд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми Майи шаҳри Бишкек 29-уми март Қамчибек Тошиев, раиси ҳизби "Ота-Журт", Талант Мамитов, муовини раиси парлумони Қирғизистон ва узви ҷиноҳи ҳизб дар Жогорку Кенеш (парлумон) ва Содир Ҷабборовро тибқи банди 295-уми Кодекси ҷиноӣ, “даъват барои аз роҳи зурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” айбдор дониста, ба муддати якуним сол равонаи зиндон намуда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!