Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Мирзо Зиёев: «Бо сулҳ омадам, бо сулҳ рафтам…»

15 июл 2011, 12:59

Ё худ асрори марги пурасрори як генерал.



ДУ сол қабл, 11 июли соли 2009 дар шарқи Тоҷикистон собиқ фармондеҳи ИНОТ Мирзо Зиёев, ки баъдан вазири ҳукумати Тоҷикистон низ буд,  кушта шуд. Тибқи маълумоти расмӣ генерали 58 сола, ки баъди аз курсии вазорати ҳолатҳои фавқуллода сабукдўш шуданаш дар Тавилдара ба сар мебурд, аз тири ҳаммаслакони худ ба ҳалокат расидааст. Бо гузашти ду сол ҳанўз ҳам норавшаниҳои зиёде аз ин ҳодиса боқӣ мондааст.

Зиёев ва шахсияти ў
Исми Мирзо Зиёев танҳо дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон сари забонҳо шуд. Аз ў ба унвони размандаи ҷасур ва нотарс ёд меоварданд. Мирзо Зиёев, мулаққаб ба Мирзо Ҷага дар рустои Ҳоҷаи Хилози ноҳияи Панҷ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1978 ба суфуфи армияи Шўравӣ даъват шуда, хизмати ҳарбиро дар шаҳри Калининград соли 1980 ба анҷом мерасонад. Хатмкардаи Техникуми индустриалии Душанбе бо ихтисоси "техник-топограф" мебошад. То соли 1992 бо ихтисоси худ дар ноҳияи Панҷ фаъолият кардааст. Соли 1992 ба Аф?онистон меравад. Ў яке аз фармондеҳи кулли собиқ нерўҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон  буд. Соли 1997 бо гурўҳи худ дар шарқи мамлакат, ноҳияи Тавилдара мустақар шуданд.

Баъди истиқрори сулҳ аз тариқи квотаи 30 дар сада вориди ҳукумат шуд. Аз 2 июли соли 1999 вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон буда, то рутбаи генерал-лейтинантӣ расид. 30 ноябри соли 2006 бо фармони президент Раҳмон аз вазифа сабукдўш гардид. Баъди тарки курсӣ пойтахтро ба қасди Тавилдара тарк намуд ва то лаҳзаи охирини зиндагияш он ҷо монд. Дар ин бора назарҳои гуногун буданд, ки чаро ў чунин тасмим гирифт.

Мегуфтанд  иллати ба "ватани бобоӣ"-яш баргаштани Зиёев ин буда, ки ў ба амнияти сад дар садаи худ дар Душанбе чандон эътимод надоштааст. Аммо гурўҳе ҳам ҳадс мезананд, ки шояд як гўшаи ороми Тоҷикистонро интихоб карданаш барқарор сохтани иртибот бо гурўҳҳои ҷиноӣ буду ба ин васила мехост аз ҳукумат мансаби наве "канад".

Ҳарчанд афроди наздикаш мегуфтанд дар хуни ў ҳеч гоҳе талоши мансабталошӣ набуд. Бо журналистон сўҳбат карданро чандон хуш надоштааст, аммо марҳум Нина Пак ҳанўз дар солҳои аввали сари мансаб будани Зиёев тавонист дар "Бизнес и политика" бо ў сўҳбати ихтисосие анҷом бидиҳаду ба саволҳои ба қавле сахти худ посух дарёфт намояд . Охирин мусоҳибаи ў бошад 40 рўз қабл аз кушта шуданаш сурат гирифт. Мирзо Зиёев дар ҷавоб ба суоли хабарнигори нашрияи "Азия Плюс" Далери Ғуфрон дар мавриди эҳтимоли баргаштанаш ба сиёсат гуфта буд, ки "Ман карераи  сиёсиямро ба хубӣ анҷом додам. Бо сулҳ омадам ва бо сулҳ рафтам". Воқеан, ба дурустии ҷумлаи ахири ў шояд таъди солҳои тўлонӣ таърих посухи дуруст мегўяд. Зеро маълумотеро ки баъди тақрибан якуним моҳ баъди ин мусоҳиба мақомот пешниҳод карданд, барои бархеҳо чандон боварибахш набуд ва на ҳамаро қонеъ кард.   

Зиёев ва "Кукнор-2009"
Ҳамааш расо ду сол қабл о?оз шуд. Моҳи майи соли 2009 дар шарқи кишвар афроди мусаллаҳ як афсари вазорати мудофиаро парронданд. Ин ҳолат нигаронии мардуми минтақаро ба миён овард. Дар зудтарин фурсат ба водии Рашт нерўҳои давлатӣ мунтақил шуданд. Вақте ҳама ҷо моломоли овозаҳо перомуни шурўи нооромиҳо дар минтақа  гардид, санаи 20-уми май вазорати корҳои дохилӣ аз о?ози амалиёти ҷумҳуриявии "Кўкнор-2009" эълон дошт. Баъзе таҳлилгарон баъдтар амалиёти мазкурро баҳона ё усули рўпушкунандаи воқеияти асл арзёбӣ карданд. Онҳо мегуфтанд, мақомот дар ҳоли мубориза бо гурўҳҳои ҷиноиест, ки дар водии Рашт камин гирифтаанд. Мақомот ин иддаоро рад мекарданд.  

Ба иттилои расмӣ нерўҳои бештареро ба шарқи мамлакат ба хотири ҷилавгирӣ аз нақшаи гурўҳҳое фиристодаанд, ки талоши зери назорат гирифтани роҳи коҷоқи маводи мухаддиро аз шарқи Тоҷикистон ба ҷануби Қирғизистон доранд.
Гуфта мешуд раҳбарии ин гурўҳро Неъмат Азизов, яке аз фармондеҳони собиқ мухолифи давлат, ки бо лақаби "Шайх Неъмат" маъруф аст, бар ўҳда дорад.

Маҳз дар пайи амалиёти "Кукнор-2009" номи генерали собиқ Мирзо Зиёев ва ноҳияи Тавилдара дигарбора сари забонҳо шуд. Тавилдара, ки маҳалли аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1992 - 1997 буд, баҳору тобистони соли 2009 боз шоҳиди даргириҳо гардид. Зиёев низ ки баъди бевазифа монданаш қариб исмашро дар расонаҳо наменавиштанд, акнун ҳамчун "фигура"-и асосӣ расонаӣ шуд.  

Зиёев ва марги мармузи ў
8-уми июли соли 2009 аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як посгоҳи нерўҳои давлатӣ хабар расид. Баъди ин задухўрди ошкорои нерўҳои давлатӣ бо мусаллаҳон ҷараён гирифт. Ва дар ҳамин миён расонаҳои ҳукуматӣ аз пайвастани Мирзо Зиёев ба гурўҳи Неъмат Азизов иттилоъ доданд. 11-уми июл бошад, хабари ба нерўҳои давлатӣ таслим шудани Зиёев ва баъдан кушта шуданаш нашр шуд. Дар баёнияи расмии мақомот гуфта мешуд, ки Мирзо Зиёев баъди таслим шуданаш мехост барои гуфтушунид ба назди Неъмат Азизов равад ва ўро низ ба таслимшавӣ ҳидоят намояд, аммо аз тири ҳамсафони собиқаш ба ҳалокат расид.  

Кушта шудани Мирзо Зиёев сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Аввалан бархе аз афроди огоҳ хабари ба пайкорҷўён пайвастани ўро шубҳаовар медонистанд. Ба иддаои онҳо Зиёев зиндагии мулконаи осоиштае дошт ва ҳеч вақте пайи ноором кардани вазъияти кишвар набуд. Ин қабил таҳлилгарон ҳадс мезаданд, ки шояд амалиёти кукнор маҳз ба хотири аз миён бурдани Зиёев роҳандозӣ шуда буд.

Мирзо Зиёев ва ҳамроҳони собиқашро дар сўиқасд ба низоми давлатӣ ҳам муттаҳам карданд. Бо гузашти ду сол аз шурўи нооромиҳо дар минтақаи Рашт марги Мирзо Зиеёв  ба таври дақиқ таҳлил нашудааст. Коршиносон мегўянд, ҳанўз ҳам саволҳои посухталаб вобаста ба ин ҳодиса зиёданд, аммо ҷавоби онҳоро алъон касе намедонад ё додан намехоҳад.

Дар пайи амалиёти нерўҳои давлатӣ, ки дар чорчуби амалиёти "Кўкнор-2009" сурат дар водии Рашт дар маҷмўъ 11 нафар кушта шуданд. Аз ин миён 5 нафарашон шаҳрванди Русия буданд. Ҳамчунин, даҳҳо тани дигар бо шумули шаҳрвандони Русия, Афғонистон ва Ўзбакистон боздошт шуданд.

Зиёев ва фарзандонаш
Кушта шудани Мирзо Зиёев барои хонаводаи ў охири кор нашуд, балки ду фарзандаш низ боздошт гардид. Моҳи августи соли 2010 додгоҳ Муҳаммадризо ва Саидмуҳаммадро, ки бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи кишвар гумонбар буданд, дар ғасби ҳокимият бо роҳи зурӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ муҷрим шинохта мутаносибан 29 ва 30 солӣ равонаи зиндон кард. Ҳарчанд бархе таҳлилгарон дар мавриди боздошти писарони ў мегуфтанд бояд "изи сарват ва моликияти падар" -ро ҷустуҷў кард. Баъди сару садоҳои зиёд ва эътирозҳои паёпай аз болои ҳукми мазкур додгоҳи таҷдиди назари Суди олӣ дар моҳи феврали соли 2011 аз мўҳлати ҷазои фарзандони Зиёев 15 солиро "минус" кард, ки ин иддаоро коршиносон ба гунаи дигар шарҳ доданд ва дурустии фарзияи худро мисол заданд.

Ҳамчунин, бародари генерали собиқ Абдусамад Зиёев аз толори додгоҳ озод шуд. Ин тасмимро бархе соҳибназарон ҳатто "қадами боадолатона" унвон карданд.

Умуман, парвандаи ҳаводиси шарқи мамлакат бештар бо номи "парвандаи Тавилдара" маъруф аст. Ин парванда дар маҷмўъ 49 нафарро бо шумули Мирзо Зиёев, Неъмат Азизов ва чанд шаҳрванди Русияву Ўзбакистон фаро мегирифт.   

Қаблан, овозаҳое паҳн шуданд, ки фарзандони Мирзо Зиеёв низ дар қатори фирориён ҳастанд, аммо баъдан ин хабар тасдиқи худро наёфт. Ёдовар мешавем, Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев ва ду бародарзодаи Мирзо Зиёев, ду бародари Неъмат Азизов низ дар миёни 25 фирорӣ аз боздоштгоҳи КДАМТ буданд. Аз 25 нафари фирорӣ, ки миёнашон шаҳрвандони Русия (5 нафар), Афғонистон (4 кас), ва Ўзбакистон (2 нафар) буданд, то имрўз 4 нафарашон дар озодӣ ба сар мебаранд. Боқимонда дубора боздошт шуданд, чанд нафари онҳо ҳангоми муқовимат ба нерўҳои давлатӣ кушта шуданд.  

Зиёев ва "Х"
Дар мавриди норўшаниҳо ё "Х" (икс)-ҳо дар зиндагии Мирзо Зиёев зиёд мегўянд. Гуфта мешавад, ҳатто фавти ў низ "Х"-ҳои зиёде ба ёдгор мондааст.

Фармондеҳи кулли Иттиҳоди нерўҳои оппозитсиони тоҷик(ИНОТ) таъин шуданаш баъди Ризвон Содиров то ҳанўз боиси баҳсҳои алоҳида мебошад. Чизи дигаре, ки ба андеша кардан водор мекунад, ин аст, ки риштаи умри Зиёеви ҷойгузини Ризвон низ фоҷиавӣ канда шуд.

Ба курсии вазири ҳолатҳои изтирорӣ нишастанашро яке аз дигар "Х"-ҳо медонанд. Ба хабари ҳолдонҳо баъди имзои созишномаи сулҳ ва тавофуқ дар мавриди саҳми 30 дар садии тақсими курсиҳои калидии ҳукумат Иттиҳоди мухолифин пешниҳод намуд, то курсии вазири мудофиаро ба Мирзо Зиёев таслим намоянд, Аммо таври маълум ба Зиёев раҳбарии вазорати ҳолатҳои изтирориро лоиқ донистанд ва он ҳам баъди он ки намояндаи дигари мухолифин Маҳмадрўзӣ Искандаровро аз ин симмат барканор ва раҳбари "Тоҷикгаз" таъин карданд.

Сўҳбатҳо дар мавриди дўсти наздик будани Зиёев ва вазири ҳолатҳои фавқуллодаи Русия Сергей Шайгу низ кам набуд. Ҳатто гуфта мешуд, генерали тоҷик аз пуштибонии ҳамтои русаш ба таври густурда бархўрдор аст, Аммо баъди марг хонаводаи Зиёев ҳатто номаи тасаллияти Шайгуро дарёфт накард, чӣ расад ба пуштибонии ў барои ҳифзи курсиву мақомаш.  

Марги собиқ генерал ҳам аз "Х" орӣ нест. Овозаҳо паҳн шуд, ки Зиёевро дар хонааш куштаанд, аммо иттилоияи расмии мақомот мегуфт, ў аз тири ҳамаслаки худ ба ҳангоми талош барои миёнаравӣ кардан байни нерўҳои ҳукуматӣ ва гурўҳи Неъмат Азизов кушта шудааст.

Шояд бо гузашти як соли дигар аз рўзи кушта шудани Мирзо Зиёев бисёре аз "Х"-ҳо ҳали худро меёбанд ва ё баръакс шояд то он замон "Х"-ҳои дигаре пайдо шаванд. Интизор мешавем.
Абдулазизи ВОСЕЪ{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!